No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ оғоз гардид.
Зимни сухани табрикоти худ Раиси Кумитаи давлатӣ кулли бонувонро бо ҷашни Рўзи Модар муборакбод намуда, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми зан-модарро ба таври шоиста қадр мекунанд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар сатҳи сиёсати давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ин раванд бобарор идома дорад.
Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 28 декабри соли 2023 таъкид намуда буданд, ки «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.
Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд».
Зикр гардид, ки занону модарони тоҷик дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Баъди анҷом сухани табрикотӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатӣ ба собиқадорони меҳнат – Соҳибҷамол Низомова, Ҷамила Ҳакимова, Хоҷабегим Шаҳбозова, Маҳбуба Ғайртазода ва Умеда Бобохонова, ки солҳои тўлонӣ дар дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва мақомоти идораи замин дар маҳал фаъолияти пурсамар намуда, айни ҳол давлати пирӣ меронанд, туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Ҳофизони хушнавои тоҷик бо сурудҳои дилниш ба чорабинии идона шукуҳи дигар бахшиданд7913.
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/