31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо»

Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» баҳри амалӣ намудани супориши Кумитаи давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри рушди соҳа, лоиҳаи «Системаи мониторинги фосилавии замин аз кайҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд. Лоиҳаи мазкур оид ба мониторинг ва назорати истифодаи замин бо истифода аз технологияи муосир мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур мониторинги сохтмонҳо ва экспертизаи ҳуқуқии онҳо дар сарҳади шаҳри Душанбе ва мониторинги заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар масоҳати 500 000 гектар ба нақша гирифта шудааст. Мониторинг ва назорати замин дар асоси аксҳои кайҳонии ширкати америкоии "«Planet» гузаронида хоҳад шуд. Лоиҳа имконияти дар марҳилаи саршавӣ ба қайд гирифтани қонунвайронкунӣ оид ба заминро имконият дода, ба мақомотҳои давлатӣ имконияти сари вақт бартараф намудани онҳоро имконият медиҳад. Дар самти истифодаи заминҳои кишоварзӣ лоиҳа маълумотҳои гуногун: ҳолати киштзорҳо, пешгўии ҳосил, шўрӣ ва эрозияи заминҳо, рафти кишти зироатҳо, майдонҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва дигар маълумотҳоро пешниҳод менамояд.                

Ҳамасола, дар ҷумҳурӣ маблаѓ ва вақти зиёди мақомотҳои давлатӣ  оид ба дастрас намудани маълумотҳо оид ба ин масъалаҳо сарф мешавад. Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба сарфи калони маблаѓу вақт боис гардида, ба баланд шудани эътимоднокии маълумотҳо ва дастрасии саривақтиро ба онҳо таъмин менамояд.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Кумитаи давлатӣ маъқул дониста шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ҳангоми баррасии лоиҳа, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки бо назардошти аҳамияти инноватсионӣ доштани лоиҳа, доираи фарогирӣ васеъ карда шавад ва, масъалҳои соҳаҳои дигари иқтисодиёти миллӣ: боду ҳаво шиносӣ, ҳолатҳои фавқулодда, экология ва ҳифзи муҳити зист ва дигар соҳаҳо ба назар гирифта шавад.

http://www.fazo.tj

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/