31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз «3» майи соли 2010 №225

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ 

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

(ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

1. Муқаррароти умумӣ

         1) Кумитаи давлатии идораи замин   ва  геодезии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134(минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда,  барои дар доираи салоҳияти худ таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои  марбут  ба  корҳои  давлатии заминсозӣ,  кадастри замин, топографӣ-геодезӣ,  аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки  љайриманқул  ва  ҳуқуқҳо  ба он,  назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин,  назорати давлатии корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ масъул аст.

           2) Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқиибайналмилалии  эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

         3) Кумита фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи   маҳаллии   ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

2. Ваколатҳо

               4) Кумита  тибқи  фаъолияти  муқарраркардашуда  чунин   ваколатҳо дорад:

- таҳияи  лоиҳаҳоиқонунҳо,  дигар  санадҳои   меъёрии   ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбути соҳаи фаъолияти Кумита;

- мустақилона қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  вақарорҳо вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои парвандаи бақайдгирӣ, китоби бақайдгирӣ, дафтари аризаҳо ва гузоштани рақамҳои мушаххаси кадастрии молу мулки ғайриманқулро таҳия ва тасдиқ менамояд (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134);

- амалӣнамудани  вазифаи  фармоишгари  давлатӣ  ва  иҷрокунандаикорҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ,  илмию таҳқиқотӣ ва дигар корҳои марбут багузаронидани ислоҳоти замин,  идораи замин (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134),  пешбурди  кадастри  давлатиизамин,   мониторинги  замин,  корҳои  топографӣ-геодезӣ,  аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ваҳуқуқҳо ба он;

- амалӣнамудани  назорати  давлатии  истифода  ва  ҳифзи  замин,назорати давлатии геодезӣ;

- тибқи тартиби қонунгузорӣ амалӣ намудани фаъолияти  бақайдгириидавлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- пешбурди   корҳои   идораи замин (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134),   кадастри    давлатии    замин,гузаронидани мониторинги замин;

- иҷрои  корҳои  топографӣ-геодезӣ,  аэрокайҳонӣ,  харитасозӣ  вакадастрӣ;

- пешбурд  ва  иҷрои  корҳои  бақайдгирии  давлатии  молу   мулкиљайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- иҷрои корҳо оид ба баҳисобгирии тамоми гурӯҳҳои заминҳо,  ошкорнамудани заминҳои истифоданашаванда ва пешниҳод намудан оид ба ташкилифонди махсуси замин барои азнавтақсимкунии минбаъдаи он;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ,  ки бо танзимимуносибатҳои марбут ба замин, гузаронидани ислоҳоти замин, истифода ваҳифзи   замин,   корҳои   давлатии   топографӣ-геодезӣ,   аэрокайҳонӣ,харитасозӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул  ва  ҳуқуқҳо ба он алоқаманданд;

- такмил ва тараққӣ додани усулҳои иқтисодии идоракунии захираҳоизамин,  фароҳам овардани шароит барои тараққиёти баробари шаклҳои нави хоҷагидорӣ;

- гузаронидани бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин;

- таъмини соҳаи иқтисодиёт ва  комплекси  мудофиавии  ҷумҳурӣ  бомаҳсулоти   топографӣ-геодезӣ,   харитасозӣ   ва  маводи  аэрокайҳонӣ,кадастрӣ ва ғайра;

- иштирок  ва  таъмини  корҳои  делимитатсия ва демаркатсияи хатиСарҳади давлатӣ;

- муайянкунӣ   ва   барқароркунии  сарҳадҳои  маъмурии  вилоятҳо,шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

- барқароркунӣва  аз  нав  муайянкунии  пойгоҳҳо  ва  нуқтаҳоигеодезӣ,    аз    ҷумла    ҷойгиркунонии    стансияҳои    (дастгоҳҳои )доимоамалкунанда бо мақсади истифодаи системаи глобалии мавқеъ;

- ташкил,  истифода  ва  махфӣ  нигоҳ  доштани  системаи   ягонаи давлатии   координатҳо   мутобиқи   талаботи   қонунгузории   ҶумҳурииТоҷикистон;

- ташкил  намудани  шабакаҳои  геодезии махсус барои гузарониданикорҳои идораи замин (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134), кадастрӣ ва љайра;

- баҳисобгирӣ,   барқароркунӣ,   таъмир  ва  назорати  нигоҳдории нуқтаҳои геодезии қаламрави ҷумҳурӣ;

- таҳия ва нашри харитаҳои топографӣ ва дигар харитаю атласҳо;

- амалӣ намудани фаъолият оид ба номгузории иншооти ҷуљрофӣ;

- манзур  намудани  пешниҳодҳо  ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҳокимияти маҳаллӣ ва ё ба суд  оид  ба  бекор  намудани  санадҳое,  ки хилофи қонунгузории замин мебошанд;

- иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи танзими муносибатҳои марбут ба идораи замин (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134), кадастри замин,корҳои   топографӣ-геодезӣ,    харитасозӣ,    кадастрӣ   ва   бақайдгириидавлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, ки тибқи тартибимуқарраршуда эътироф шудаанд;

- ҳамкорӣ  бо  вазорату идораҳо дар масъалаҳои коркард ва иштирокдар барномаҳои миллии  геоэкологӣ,  пешгӯӣ  ва  мониторинги  ҳодисаҳоифавқулоддаи  табиӣ  - техногенӣ дар асоси истифодабарии маводи кайҳонӣва асбобҳои масофавӣ;

- тадқиқоти  захираҳои  табиӣ  бо роҳи мушоҳидаи фосилавии Замин,иштирок дар барномаҳои кайҳонии Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  оид  бамушоҳидаи фосилавии Замин;

- ташкили минтақаҳои бақайдгирӣ;

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи бақайдгирии давлатии молумулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар асоси санадҳои меъёрии  ҳуқуқииамалкунанда;

- тибқи  қонунгузорииҷорӣ  анҷом  додани  бақайдгирии  давлатиишартномаҳои гарави амволи ғайриманқул;

- пеш бурдани феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул  ваҳуқуқҳо ба он;

- ташкил намудани низоми ягонаи бақайдгирии давлатии  молу  мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо системаи электронӣ;

- муайян намудани андозаҳо,  тартиб,  мӯҳлат ва шаклҳои  пардохти маблағ  барои  додани  маълумот  оид  ба  заминсозӣ,  кадастри  замин,топографӣ-геодезӣ,  аэрокайҳонӣ,  харитасозӣ,  кадастрӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ;

- муқаррар намудани асосҳои таъин ва тартиби ташхиси ҳуҷҷатҳои аслҷ барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда;

- муайян намудани тартиби баргузории аттестатсияи бақайдгирандагон;

- тасдиқ намудани шаклҳои сертификат ва шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, тартиби таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои мазкур аз сохтакорӣ;

- муайян намудани тартиб ва шаклҳои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби баҳисобгирии иттилооти додашуда;

- бо тартиби муқарраргардида додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникии ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- якҷоя бо мақомоти давлатии ҷумҳуриявии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани маҷмӯи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

- таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатӣ, инвентаризатсияи техникӣ ва бақайдгирии ҳуқуқии қитъаҳои замин, биноҳо, иншоот, фонди манзил, шабакаҳои муҳандисӣ, иншооти ободони атроф, бино ва иншооте, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва ғайра истифода гардида, дар ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣқарор доранд;

- тасдиқ намудани тартиби бақайдгирии шартномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи шартномаҳои гарави амволи ғайриманқул; (ҚҲҶТ аз 2. 03 соли 2013 №88)

- таҳия ва татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба тайёр намудан, бозомӯзонидан ва такмили ихтисоси кадрҳо.

3. Ҳуқуқҳо

            5) Барои таъмини ваколатҳои худ дар доираи фаъолияти муайяншудаКумита ҳуқуқ дорад:

- аз   вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятидавлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар истифодаашон қитъаизамин доранд, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита вогузоргардидаромувофиқи тартиби муайяншуда ҳуҷҷату маводи зарурӣ талаб намояд;

- ҷиҳати    бартараф    намудани    вайронкуниҳои   ошкоргардидаиқонунгузории замин дастур (амри хаттӣ) диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣмебошад;

- ба суд оид ба масъалаҳои вайронкунии қонунгузории замин, азҷумла ситонидани ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти он муайяншуда бидунипардохти судӣ муроҷиат намояд;

- ҳама гуна намуди сохтмон, коркарди конҳои канданиҳои фоиданоква торф, истифодабарии иншоот, гузаронидани корҳои обёрии ҷангалзорҳо,кашфи геологӣ,  таҳқиқотӣ,  геодезӣ  ва  љайраро,  ки  бо вайронкунииқонунгузории замин,  аз  ҷумла  ҳангоми  мавҷуд  набудани  Сертификатиҳуқуқи истифодаи замин анҷом дода мешаванд, боздорад;

- оид ба ҷуброни талафи истеҳсолоти  кишоварзӣ  ба  суд  муроҷиатнамояд;

- аз  рӯи  тартиби  муқарраргардида   шахсони   дар   вайронкунииқонунгузории марбут ба соҳа айбдорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;

- дар корхонаю  муассисаҳо  ва  дигар  ташкилотҳо,  новобаста  бамансубияти  идоравии  онҳо  оид  ба  риояи талаботи қонунгузорӣ оид батартиби истифода,  назорати баҳисобгирӣ,  нусхабардорӣ  ва  нигоҳдориимаводи  махфии  топографӣ-геодезӣ,  аэрокайҳонӣ  ва  харитасозӣ санҷишгузаронад;

- аз  вазорату  идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳуҷҷатҳои меъёриитехникиро  марбут  ба  анҷом  додани   корҳои   топографӣ-геодезӣ   вахаритасозӣ,  инчунин  вобаста  ба  тартиби  тайёр  намудан,  ба  ҳисобгирифтан, нигоҳ доштан, нусхабардорӣ ва истифодаи мавод дархост намоядва барои мувофиқа ба даст орад;

- аз корхонаҳо,  муассисаҳо ва  дигар  ташкилотҳо,  новобаста  азшакли  моликияташон талаб намояд,  ки саривақт картограммаҳо ва маводикорҳои  иҷронамудаи  топографӣ-геодезӣ,  аэрокайҳонӣ  ва  харитасозиробарои  баҳисобгирӣ,  таҳлил ва омӯзиш,  инчунин љанӣ гардонидани фондибойгонии Кумита пешниҳод намоянд;

- бо  тартиби  муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;

- мақомоти    ҳамоҳангсоз,   машваратӣ   ва   экспертӣ   (шӯроҳо,комиссияҳо,  гурӯҳҳо,  мушовараҳо),  аз  ҷумла  байнисоҳавӣ   оид   бамасъалаҳои фаъолияти худ ташкил намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои  ахбориумум  нашри  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ,  эълонҳои расмӣ,  ҷойгиркунониидигар маводро оид ба масъалаҳои фаъолияти Кумита таъмин намояд;

- бо   корхонаҳо   ва  муассисаҳои  системаи  Кумита  шартномаҳоидуҷониба баста,  ҳисоботи роҳбарони ин корхонаю муассисаҳоро дар бораиҷараёни иҷрои шартномаҳо ва нақшаи кории солонаи тасдиқшударо мунтазамдар маҷлиси ҳайати мушовараи Кумита баррасӣ намояд;

- корҳоро роҷеъ ба таъсис додан,  аз нав ташкил намудан ва барҳамдодани ташкилоту корхонаҳои ба системаи худ дохилшаванда,  бо  тартибимуқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- бо мақсади иҷрои  вазифаҳои  ба  зиммааш  вогузоргардида  дигарҳуқуқҳоеро   дорад,   ки  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муқаррарнамудааст.

4. Ташкили фаъолият

            6) Кумитаро Раис роҳбарӣменамояд,  киӯро  Президенти  ҶумҳурииТоҷикистон  ба  вазифа  таъин ва аз вазифа озод менамояд.  Раис дар яквақт Сарнозири давлатӣ оид ба  истифода  ва  ҳифзи  заминҳои  ҶумҳурииТоҷикистон мебошад.

            7) Раис барои иҷрои вазифаҳои ба  зиммаи  Кумита  гузошташуда  вататбиқи   сиёсати   давлатӣ   дар   соҳаи  муқарраргардидаи  фаъолият,масъулияти шахсӣ дорад.

            8) Раис  муовинҳо,  аз ҷумла як муовини якум дорад,  ки аз ҷонибиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа  озод  кардамешаванд.  Муовинони  Раис дар як вақт муовинони Сарнозири давлатӣ оидба истифода ва ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

             9) Дар  Кумитаҳайати  мушовара  иборат  аз  Раиси Кумита (раисиҳайати мушовара),  муовинони ӯ (аз рӯи  вазифа)  ва  дигар  кормандонироҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ,  роҳбарони мақомоти маҳаллии Кумита,корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумита ташкил карда  мешавад.  Аъзоиҳайати мушовара ба љайр аз шахсоне, ки тибқи вазифа ба ҳайати он дохилмешаванд аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

        10) Дар  ҷаласаҳоиҳайати  мушовара  масъалаҳои асосии фаъолиятиКумита  баррасӣ  карда  мешаванд.  Масъалаҳои  дарҳайати   мушоварабаррасишаванда   бо   овоздиҳии   аксарияти  аъзо  қабул  гардида,  бопротоколҳо ва қарорҳо ба расмият  дароварда  мешаванд  ва  бо  фармониРаиси  Кумита  мавриди  амал  қарор мегиранд.  Дар сурати пайдо шуданиихтилофи назар байни Раис ва  аъзоҳоиҳайати  мушовара  қарорро  Раисқабул  намуда,  дар  ин  хусус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришмедиҳад.  Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд ақидаи худро оид ба  инмасъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хаттӣ пешниҳод намоянд.

         11) Дар Кумита барои таҳлил ва баррасии масъалаҳои илмию техники идораи замин (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134),  кадастри замин,  топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ,харитасозӣ,  бақайдгирии давлатии молу  мулки  љайриманқул,  истифодаизамин  ва муносибатҳои марбут ба замин,  инчунин барои қабули қарорҳоиасоснок оид ба онҳо  Шӯрои  илмии  техникӣ,  комиссияҳо,  гурӯҳи  корӣтаъсис  дода мешаванд.  Ҳайати шахсӣ ва низомномаи онҳоро Раиси Кумитатасдиқ менамояд.

            12) Сохтори  дастгоҳи  марказии  Кумита  мувофиқи  Самтҳои асосиифаъолияти  худ  аз  сарраёсату  раёсатҳо,  шӯъбаҳо  ва  бахшҳо  иборатмебошад.

            13) Раис:

- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро анҷом медиҳад;

- тибқи қонунгузорӣ санадҳои меъёрӣҳуқуқӣқабул мекунад;

- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Раис, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», роҳбарони дигар корхона ва муассисаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134).

- фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳимарказии Кумита, инчунин корхонаҳо ва муассисаҳои системаи он ҳатмӣмебошанд;

- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин тибқи тартибимуқарраргардида низомнома ва оинномаҳои корхонаҳо ва муассисаҳоисистемаи Кумитаро тасдиқ ва мувофиқа мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ,роҳбарон, муовинони роҳбарон, сармуҳандисон ва сармуҳосибони корхонаҳова муассисаҳои системаи Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озодменамояд ва бо ин роҳбарон шартномаҳо мебандад, онҳоро тағйир медиҳадва бекор мекунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиродар Кумита ҳал менамояд;

- ҷадвали штатии Кумитаро дар доираи фонди музди меҳнат вашумораи кормандони муқарраршуда, инчунин сметаи хароҷоти нигаҳдоштиКумитаро дар доираи маблағузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷетиҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- нақшаи кории ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолиятикорхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаро тасдиқ менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷетиҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита, корхонаҳо вамуассисаҳои системаи Кумита пешниҳод манзур менамояд;

- ба корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумита супориш медиҳад ваиҷрои онҳоро назорат мекунад;

- тибқи   тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, мақомотимаҳаллии он, корхонаҳо ва муассисаҳои дар системаи Кумита қарордошта,дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият доранд, бароисарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- қарорҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ваҷории ташкили фаъолияти Кумита қарорҳои хусусияти меъёринадошта қабулмекунад.

            14) Маблаљгузории хароҷоти марбут ба нигоҳдории Кумита аз ҳисобимаблаљҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда анҷом дода мешавад.

            15) Кумита шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор ва штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

            16) Кумита дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияиҶумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби махсус дорад.

            17) Маҳали ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеӣ Ниёзи, 50 мебошад.(ҚҲҶТ аз 12. 01 соли 2013 № 21)


Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз «3» майи соли 2010 №225 тасдиқ шудааст

 СОХТОРИ 

дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134) 

Бо ҚҲҶТ аз 28. 09 соли 2012 №502 дар таҳрири нав тасдиқ карда шудааст

Роҳбарият

Сарраёсати кадастри давлатии замин

Раёсати назорати давлатии замин

Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблаљгузории корҳо

Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад

Раёсати корҳо

Шӯъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ

Шӯъбаи кадрҳо

Бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

Бахши мониторинг ва корҳои аналитикӣ

Бахши барасмиятдарорӣ ва бақайдгирӣ

Бахши робитаҳои байналмилалӣ

Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ (бо ҳуқуқи бахш)

Бахши корҳои махсус

Котибот (бо ҳуқуқи бахш) (ҚҲҶТ аз 2. 03 соли 2013 № 88)

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «3» майи соли 2010 №225 тасдиқ шудааст 

НАҚШАИ 

идоракунии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

(ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134) 

Дастгоҳи марказӣ

Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

Кумитаи идораи замини вилояти Суғд (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

Кумитаҳои идораи замини шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз «3» майи соли 2010 №225 тасдиқ шудааст

НОМГӮИ

корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии

идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҲҶТ аз 28.02 с.2014, № 134)

 

Институти давлатии   лоиҳакашии   заминсозии «Тоҷикзаминсоз» боКорхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз»-и тобеъ дар вилояти Суғд

Институти лоиҳакашию таҳқиқотии «Фазо»

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва  корхонаҳои  давлатиифаръии  «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо,шаҳри Душанбе  ва шаҳру ноҳияҳо  (ҚҲҶТ аз 2. 03 соли 2013 № 88)

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Хатлон

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Бадахшон

Корхонаи воҳиди давлатии "Фабрикаи харитасозӣ"

Маркази илмию таҳқиқотӣ

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/