31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар бораи институт:

Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» яке аз муассисаҳои асосии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Аз тарафи институт корҳо мувофиқи шартномаҳо ва фармоиши ҳамасолаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ ба сомон расонида мешаванд.

Ба ғайр аз ин, аз тарафи институт боз фармоиши дигар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ низ ба иҷро расонида мешаванд,ки ҳаҷми иҷроиши ин корҳо ба нисфи ҳаҷми умумии корҳои дар институт иҷрошуда баробар мебошад.

Роҳбарият:

Директор - Ҷўразода Шарофиддин

Сармуҳандис-Сангов Маҳмадсафо Раҷабалиевич


Вазифаҳои асосӣ:

  • Гузаронидани корҳои заминсозӣ оиди муайян намудани сарҳади заминҳои         ҷамоатҳо,ноҳияҳо ва дигар корхонаҳои кишоварзии ҷумҳури.
  • Гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои таъиноти кишоварзӣ
  • Гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои шаҳрҳо,шаҳракҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин.
  • Мустаҳкамкуни ва барқароркунии нишонаҳои сарҳадӣ.
  • Гузаронидани корҳои топографӣ-геодезӣ.
  • Азрамзбарории   саҳроӣ ва камералии аксҳои радифӣ.
  • Гузаронидани корҳои таҳқиқоти калонмиқёси хок.
  • Гузаронидани корҳои баҳои замин.
  • Гузаронидани таҳқиқоти геоботаникӣ.
  • Тайёр кардани харитаҳои рақамии таъиноти кишоварзӣ,маҳаллаҳои аҳолинишин,шаҳрҳо ва дигар харитаҳои ҳозиразамон дар миқёсҳои гуногун.

Таърихи институт

Дар асоси Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 04 июни соли 1965 №267-20 ва Фармони Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон аз 22-октябри соли 1965 №314 Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»  ташкил дода шуд.

Бо фармони Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон аз 28 феврали соли 1966 №97 экспедитсияи заминсозии сарраёсати заминистифодабари ва заминсозӣ ва экспедитсияи хокшиносии Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносӣ ба тобеъияти институти «Тоҷикгипрозем» гузаронида шуд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №189 аз 19 04 2001сол ва қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикгипрозем» ба Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» номгузорӣ карда шуд.

Институт дар заминаи ду экспедитсияи ҷумҳуриявӣ ва шуъбаи ноҳиявии тарҳкашӣ таъсис дода шуда дорои мутахассисони баландихтисоси заминсозӣ,геодезӣ,агрономӣ,хокшиносӣ,иқтисодӣ ва ғайра мебошад.

Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии«Тоҷикзаминсоз»дорои таҷрибаи кории 51-сола дар соҳаи таҳқиқоти хок,тайёр намудани маводҳои харитавӣ,ҷустуҷуиҳои геодезӣ,баҳои замин,таҳқиқоти геоботаникӣ ва корҳои заминсозӣ,мебошад.

Шӯъбаҳо

  • Шӯъбаи техикӣ
  • Экспедитсияи  заминсозӣ
  • Шӯъбаи Ҷустуҷуии топографию геодезӣ
  • Экспедитсияи хокшиносӣ
  • Шӯъбаи баҳои замин
  • Шӯъбаи тадқиқоти геоботаники
  • Шӯъбаи коркарди маводҳои харитавӣ

 Шӯъбаи техникӣ

Шўъбаи техикӣ ҷузъи истеҳсолии маъмурияти институт аст. Дар асоси дастурамалҳои амалкунанда чорабиниҳоро ба амал мебарорад, ки онҳо сиёсати дурусти техникии ҷузъҳои истеҳсолии институтро таъмин намуда барои баланд бардоштани дараҷаи техникии сифати корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷўӣ равона шудааст.

Вазифаҳои шўъба.

  • Гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ дар ҷараёни иҷроиши корҳои лоиҳавӣ-ҷустуҷўӣ заминсозӣ.
  • Гузаронидани чорабиниҳо бо мақсади таъмин намудани сифати баланди маҳсулоти лоиҳавие, ки институт тайёр мекунад.
  • Таҳияи тавзеҳномаҳо оиди усулҳои гузаронидани корҳои заминсозӣ, лоиҳакашӣ, тартиб додани дастурамалҳо, нишондодҳои техникӣ ва дигар маводҳои усулби мутобиқ ба дастовардҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ.
  • Ташкил намудани назорати техникӣ аз рўи сифати корҳои лоиҳавӣ маводҳои ҷустуҷўӣ (ташхиси ҳуҷҷатҳои дохилӣ харҷномавӣ-лоиҳавӣ, назоратӣ техникии корҳои камералӣ, саҳроӣ ва ҷустуҷўӣ).
  • Дида баромадани намунаҳои лоиҳавӣ-ҷустуҷўӣ ва чорабиниҳо барои бартараф намудани камбудиҳо, норасогиҳои лоиҳавӣ.
  • Расонидани ёрии амали техникӣ ба кормандони ҷузъҳои истеҳсолӣ оиди масъалаҳои лоиҳавӣ-ҷустуҷўӣ.
  • Ташкил намудани омузиши техникии кормандони институт ва назорати доими аз рўи он.
  • Ҷустуҷўи усулҳои нави самараноке, ки сифати баланди лоиҳаро бо харҷи ками меҳнат таъмин менамояд.
  • Банақшагирӣ, ташкили тадбиқи иҷроиши нақша бо истифодабарии оқилонаи техникӣ ва технологияи ҳозиразамон, ҷамъоварии маълумотҳои нави техникӣ бо таҷрибаи пешрафтаи шўъбаҳои истеҳсолии институт.
  • Тайёр намудани тақризу хулосаҳо аз рўи лоиҳаҳое, ки аз тарафи дигар ташкилотҳои лоиҳакашӣ пешниҳод карда мешаванд.
  • Санҷиши меъёрҳои коркард ва нархгузорӣ, мутобиқ будан  бо хароҷотҳои воқеи, ҷамъбаст намудани натиҷаҳои тафтиш ва тайёр кардани пешниҳодот оиди ин масъала. 
  • Тайёр намудани хулоса ё қарордод барои шурои техникӣ аз рўи маводҳои лоиҳавие, ки аз тарафи дигар ҷузъҳои таркибии институт таҳия шудаанд.

4Ҳуқуқҳо:

  • Ҷори намудани назорати техникӣ барои сифати баланди маҳсулоти лоиҳави ва ҷустуҷўие, ки аз тарафи институт тайёр менамоянд.
  • Додани тавсияномаҳо ба ҷўзъҳои истеҳсоли оиди зарурияти даровардани иловаҳо ва дигаргуниҳо дар маводҳои лоиҳави-ҷустуҷўи, ки нишондод шартҳои техникии ташхисгарон ва эътирози фармоишгар вобастаги доранд.
  • Боздоштани маводҳои лоиҳави-ҷустуҷўи бо сифати паст баровардашуда ва баргардонидани онҳо ба иҷрокунанда барои бартарафкуни камбудиҳо.
  • Ба роҳбарияти институт таклифу пешниҳод намудан оид ба ҷавобгари кашидани кормандоне, ки ба хатогиҳои техникӣ роҳ медиҳанд ва бо сифати паст корро иҷро менамоянд.

Шўъбаи техникӣ мувофиқи ҷадвали бастаи мансабҳо, ки аз тарафи роҳбарияти институт тасдиқ гардидааст, бо мутахассисони баландихтисос пурра карда шудааст. Ташкил ва низоми кор дар шўъба бо назардошти вазифа ва уҳдадории ҳар як корманд. ҷавобгари оиди иҷрои  вазифаи ба ў супоридашуда, ба роҳ монда шудааст. Алоқамандии байниҳамдигарӣ ҳамдигаро иваз кардани коргарон ҳангоми зарурият дар доираи иҷроиши корҳо, дуруст ба роҳ монда шудааст.

Экспедитсияи заминсозӣ

Экспедитсияи заминсозӣ  ҳамчун  шўъбаи  истеҳсолии  институти «Тоҷикзаминсоз»  бевосита  таҳти  назорати  сармуҳандиси  институт   фаъолият  менамояд. Экспедитсия   корҳоро дар асоси нақшаи истеҳсолии тасдиқгардида иҷро менамояд.

Экспедитсия ҳангоми фаъолият, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамалҳо ва маҷмўъаи рову равиш ҳамаи   намуди корҳоро ҳамчун роҳнамо истифода мебарад.

5  

Вазифаҳои асосӣ:

  • Дар мувофиқа бо дигар шуъбаҳои дахлдори институт нақшаи солонаи шуъбаро тартиб дода, ба роҳбарияти институт   барои тафтиш ва   тасдиқ кардан, пешниҳод намудан тибқи тартиботи муқараргардида;
  • Беҳтар намудани  техналогияи  истеҳсолӣ,  иҷроиши саривақтӣ  ва босифати   кор;
  • чораҳои  зарурӣ  оиди  баланд  бардоштани  савияи  дониши   мутахассисон  ва  дастгирии  маънавию  модии  мутахассисони   баландихтисос;
  • иҷро  намудани  корҳои  заминсозӣ  мувофиқи  нақшаи  пешниҳодгардида ва  пешниҳоди  ҳармоҳаи  ҳисоботҳои   молиявӣ-истеҳсолии  намунавии   тасдиқгардида  ба  шуъбаи  банақшагирию  истеҳсолии   институт;
  • саривақт  таъмин  намудани   мутахасисони   экпедитсия   бо  дастурамалҳо,  маҷмўъаи  рову  равиш (методичные  указание), асбобҳои зарурӣ  барои  корҳои  саҳроӣ  ва  камералӣ;
  • бо   шуъбаи  техникии  институт ташкил  намудани   хониши  техникии  кормандон баҳри  баланд  бардоштани савияи  дониш  ва  азхуднамудани  технологияи  истеҳсолии  нав  дар  корҳои  заминсозӣ;

 Экспедитсияи заминсозӣ корҳои зеринро ба иҷро мерасонад:

  • Корҳои заминсозӣ оиди муайян намудани сарҳади заминҳои         ҷамоатҳо,ноҳияҳо ва дигар корхонаҳои кишоварзии ҷумҳури.
  • Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои таъиноти кишоварзӣ
  • Баҳисобгирии давлатии миқдори  заминҳои шаҳрҳо,шаҳракҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин.
  • Азрамзбарории   саҳроӣ ва камералии аксҳои радифӣ.
  • Ҷудо  кардани  қитъаҳои  замин  барои  шахсони  воқеӣ  ва   ҳуқуқӣ.
  • Бақайдгирии  замин.
  • Ченаки  назоратии  киштзорҳои  кишоварзии  хоҷагии  қишлоқ.

 Корҳои заминсозӣ оиди муайян намудани сарҳади заминҳои ҷамоатҳо,ноҳияҳо ва дигар корхонаҳои кишоварзии ҷумҳури.

Экспедитсия  корҳои  заминсозии  байни  ҷамоатҳо  ва  муқарар намудани  сарҳадро  новобаста  аз  сарчашмаи  маблағгузорӣ,  тибқи  дастурамали   аз  тарафи  Кумитаи  давлатии  заминсозӣ  ва  геодезӣ  тасдиқгардида (аз  15 июли  соли 2010  №8) мегузаронад. Мутахасисони  шўъба  корҳои  саҳрои (тадқиқоти саҳрои)-ро  якҷоя  бо  намояндагони  ваколатдори  ноҳия,ҷамоатҳо,шаҳракҳо  мегузаронанд. .Баъд  аз  хотимаи  тадқиқот ,ҳангоми  вуҷуд  надоштани  баҳсҳо, маводҳои  таҳқиқгардида  бо  намояндагони  ваколатдор  мувофиқа  карда  мешавад.Маводҳои  мувофиқкунонидашудаи тадқиқотии  ҷамоатҳо, шаҳракҳо  ва  марзи  маъмурии ноҳия  асоси ҳисоб  намудани  майдони  умумии  ноҳия, шаҳрак, ҷамоатҳо, муқарарсозии  сарҳад, гузоштан ва  дар  маҳал  нишон  додани  сарҳад, мебошад.

89






















Баҳисобгирии  давлатии  миқдори  заминҳои  киштзорҳои  кишоварзӣ.

Баҳисобгирии  давлатии  миқдори  заминҳои  киштзорҳои  кишоварзӣ мувофиқи   нақшаи  Кумитаи  заминсозӣ  ва геодезӣ  иҷро  мегардад. Маблағгузории  корҳои  дар  боло  зикршуда  аз  ҳисоби   буҷҷаи  ҷумҳурӣ  гузаронида  мешавад.  Баҳисобгирӣ  дар  сатҳи  заминистифодабарандагони  якумдараҷаи  ноҳия  гузаронида  мешавад. Кор  дар  нақшасуратҳои  солҳои гузашта  гузаронида  мешавад.Дар  аввал  сарҳади  марзи  маъмурии  ноҳия  ва  сарҳади  заминистифодабарандагон гузаронида  мешавад,ки  баъдан   муоинаи  ҳудуди  заминистифодабарандагон  бо  гузаронидани   таъғироти  ҳолати  воқеъии  маҳал, ки  аз  давраи  охирон  баҳисобгирии миқдори  замин  ба  назар  гирифта дар  нақшасуратҳо  кашида  мешавад.Баъд  аз  тамомшавии   корҳои  саҳроӣ   корҳои  камералӣ: тарҳгузории  рақамии  киштзорҳо,  тартиб  додани  тавзеҳномаи  тарҳгузории  киштзорҳо бо  ҷамъбасти  натиҷаи  ҳисоботи  замин  гузаронида  мешавад. Натиҷаи   ҷамъбастии  баҳисобгирии   давлатии   миқдори   замин  бо  тарафҳои  манфиатдор   мувофиқа  карда   мешавад. Баъд  аз  он  натиҷаи    ҷамъбастӣ   барои баррасӣ ва  тасдиқ    ба  Ҳукумати  ноҳия   пешниҳод  карда  мешавад.  Ғайр  аз ин  институт    баҳисобгирии   давлатии  миқдори  заминро  ба  таври  шартномавӣ    бо    заминистифодабарандагони  якумдараҷа маблағгузориаш  аз  ҳисоби  супоришдиҳанда  ба  иҷро  мерасонад.

67






























Ҷудо  намудан (мусодира намудан)-и  қитъаҳои  замин

Ҷудо  намудан (мусодира намудан)-и  қитъаҳои  замин  аз  ҳама  намудҳои  заминҳоро  экспедитсия   бо  супориши  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   мувофиқи  қонунгузории  амалкунанда  оиди   додан  ва  тартиби  ҷудо  намудани   қитъаи  замин   ба   шахсони  воқеъӣ   ва  ҳуқуқӣ  (Душанбе-соли 2005)   аз  ҳисоби  супоришдиҳандаи  кор  ба  иҷро  мерасонад.

Дигар  корҳои  дар  боло  зикршуда  тибқи  супоришу   фармонҳои  Кумита  ба  иҷро  расонида  мешаванд.

Шуъбаи  Ҷустуҷуии топографию геодезӣ

Шуъбаи ҷустуҷуии топографию геодезӣ қисмати сохтори пажоҳишгоҳи «Тоҷикзаминсоз» ба шумор рафта, дар зери тобеъияти шахсии директори  институт ва аз тарафи техникӣ - сармуҳандиси пажоҳишгоҳ мебошад. Такя ба ҳуҷатҳои меъёрӣ карда, шуъба корҳоро ба сомон мерасонад, ки  дуруст будани   сиёсати техникии пажоҳишгоҳро таъмин менамояд ва ба сатҳи баланди техники ва иқтисодӣ равона шуда ба талаботҳои муосири илм ва техника ҷавобгў мебошад. Шуъба иҷроиши тамоми лоҳияҳои корӣ аз руи тайёркунии маҳсулоти сифатан баланд дар муҳлатҳои муқарар шуда ва мувофиқи нақша, ки ба зиммаи он гузошта шудааст, таъмин менамояд. Шуъба корҳое ба сомон мерасонад , ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат равона шуда, зидди механизми серхароҷот, истифодаи пурсамари вақт барои иҷроиши корҳои кадастрию геодезӣ аз он ҷумла гузоштан ва барқарор намудани сарҳад дар маҳал(аксбардории кадастрӣ), тартиб додани нақшаҳои байни сарҳади, ба қайдгирии қитъаҳои заминҳо ва дигар корҳо оиди корҳои ҷустуҷуии топографӣ-геодезӣ дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он.    

Шуъбаи ҷустуҷуи Топографи-Геодезӣ соли 2006 ташкил шуда буд. Аз саънаи ташкилёбии шуъба чанд марҳилаи муҳими инкишофро аз сар гузаронид.Марҳилаи ташакулро паси сар карда ба даври инкишофи  мунтазам даромад.Базаи техникии шуъба мунтазам нав шуда, доираи намудҳои  хизматрасонӣ калон шудан мегирад, шумораи ҷойҳои кор торафт зиёд мешавад. Колективи шуъбаро  асосан муҳандисон, ки маълумоти олии геодезӣ доранд ташкил мекунанд. Сину соли миёнаи коргарон 27 сол мебошад. Қувваи бузурги стратегии шуъба ин коргарони ҷавон ва хоҳиши мукамалкунии ихтисоси худ мебошад.

10

Мутахассисони мо доимо аз пешравиҳои технологияи муосири техникӣ мунтазам, бодиққат назорат мекунанд ва беҳтаринашонро барои худ интихоб менамоянд.

Хамин буд, ки дар муддати кутоҳ ба истифодабарии асбобҳои геодезии навигатсионии   ширкати Швейсарии «Leica Geosistems» GPS 530 ва тахиометри электронӣ , ки ҳамчун пешқадамтарин таҷъизоти геодезӣ башумор мераванд, гузаштем. Истифодабарии технологияи муосир, муносибати професионалӣ(корозмуда)ба вазифа, эҳтироми муштарӣ, тайёр будан барои масулиятнок шудан аз болои ҳамаи мушкилотҳояш - ҳамаи ин ба мо имкон медиҳад , ки  мизоҷони доими пайдо намоем.

Корҳои геодезӣ, геодезӣ-ҷустуҷуӣ, аксбардории топографӣ.

Корҳои геоднзӣ (ҷустуҷуӣ), ҷудокунии сарҳад, аксбардории кадастрӣ, аксбардории топографӣ- ихтисоси мост, ки соли 2006 ташкил ёфтааст. Мо корҳои ҷустуҷуӣ геодезиро  гузаронидем, инчунин муайян ва ҷудо намудани сарҳад дар зиёда аз 110 объектҳо(иншоотҳо). Байни кордиҳандаҳои корҳои геодезӣ,ки аз тарафи шуъбаи мо ба сомон расонда мешавад, корхонаҳои бузурги агросаноатӣ, корхонаҳои саноатӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо (пансионат), хоҷагиҳои боғдорӣ ва ғ мебошанд. Мутахассисони мо тамоми қорҳои ҷустуҷуи ва дигар намуди хизматрасониҳоро дар ҳамаи намуди иншоотҳо бо ҳамаи дараҷаҳои мушкилот бо сифати баланд метавонанд ба сомон расонанд.

Аксбардории Геодезӣ, корҳо ва хизматрасониҳои ҷустуҷуӣ, ки барои ш. Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд:

  • Аксбардории топографӣ(зерасоси геодезӣ) андозаи 1:500, 1:1000, 1:2000, 1:5000 .Аз он ҷумла аксбардории геодезӣ иншоотҳои зеризамини ва рўи заминӣ, коммуникатсияи муҳандисӣ.
  • Аксбардории топографии  зери дарахти.
  • Аксбардории геодезии миқёсҳои аз хама калон (1:50, 1:100)
  • Нав кардани нақшасуратҳо
  • Ҳаракати фурўравиҳои қишри замин
  • Сохтан ва инкишофи турҳои геодезии(СГС)
  • Корҳои кадастрӣ-геодезӣ азон ҷумла, муайян ва мустаҳкамкунии нишонаҳои  сарҳадӣ дар маҳал, тартиб додани нақшаҳои байни сарҳадӣ, ба қайдгирии қитъаҳо ба қайди кадастрӣ. Маслиҳат додан аз руи масъалаҳои ҳуқуқии заминсозӣ.
  • Зери назоратгирии сохтмон. Гузаронидани корҳои ҷустуҷуии муҳандисӣ-геодезӣ пеш аз сохтмон.Сохтани турҳои такягоҳи, ба асли баровардани тирҳои  уфуқи ва амудии бино, назорати дақиқи васлнамудан дар рафти корҳои  сохтмони. Баъди ба итмом расонидани корҳои сохтмони  аксбардории топографии иҷроишӣ   гузаронида шуда,  ҳуҷатҳои иҷроишӣ омода карда мешаванд.
  • Корҳои геодезии махсус; санҷиши амиқӣ,аксбардори фазоӣ,андозагирӣ ва ғ.

Мо ба вазифаҳои ба душ гирифтаамонро дар назди корфармо  бо масъулият рафтор мекунем .

Корҳои ҷустуҷуӣ-геодезӣ: хусусиятҳои  иҷроиши корҳо.

Хангоми гузаронидани аксбардории топографии ва иҷроиши дигар корҳо мо таҷҳизоти муосир ва пешкадами техникиро истифода мебарем.Ин ба мо имкон медиҳад, ки корҳоро дар муҳлатҳои кўтоҳтарини вақт ба итмом расонем.Хизматрасониҳои мо бо сифати нотакрорашон фарқ мекунанд.

Ширкатҳои Геодезӣ дар пойтахт зиёд ва гуногун пешниҳод шудаанд. Мутахасисони асосии мо собиқаи кори иҷроиши корҳои аксбардории топографии дар муддати беш аз 10 сол доранд.Дар солҳои гузашта мо аксбардориҳои геодезии хатти қубурҳо, роҳҳои оҳан,роҳҳои автомобилгард, хаттҳои барқ ва ғ гузаронидем. Хаҷми хизматҳои расонидашуда аз руи аксбардории топографӣ бо ҳудуди ишғолкардаи  шаҳри Душанбе баробар кардан мумкин аст.

На ҳамаи ширкатҳои геодезӣ тайёранд тамоми давраҳои рафти сохтмонро ба зима гиранд.

Мутахассисони мо метавонанд маҷмуи  хизматрасониҳоро аз аксбардорӣ сар карда то ба тайёр намудани ҳуҷатҳои иҷроиш ба сомон расонанд.

Ченкунӣ ба воситаи GPS

Ченкунӣ ба воситаи GPS –ин усули муайянкунии координатаҳо ба воситаи маҳвора,ки координатаҳоро  метавон  ҳарлаҳза ҳисоб кард.

Дар замони ҳозира муайянкунии координатаҳо  ду системаи моҳвораги истифода карда мешавад:  ГЛОНАСС-и Россия ва NAVSTAR GPS –и Ш.М.А. Ҳарду система барои ҳалли масъалаҳои ҳарбӣ таъин шудаанд, аммо дар вақтҳои охир дар соҳаи геодезия васеъ истифода бурда мешаванд, ки амиқии бениҳоят калони муайян кунии координатаҳоро доранд .

Хозир  гурўҳи  мо  асосан ба  корҳои муайянкунии сарҳади байни ҷамоатҳои деҳот ва ноҳияҳо дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифодабарии  асбобҳои геодезии ҳозиразамони (системаи  маҳворавии муайянкунии координатаҳо) ширкати Шветсарии Leica Geosistems GPS 530 ва тахиометри электронӣ,ки ҳамчун таҷъизоти пешқадам ба шумор мераванд, машғул аст.

11

Корфармоёни мо ин Кумитаи Давлатии заминсози ва геодезии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукуматҳои маҳалӣ ё заминистифодабарандагони алоҳида, инчунин муассисаҳо ва ширкатҳои ватанию хориҷи мебошанд.

Экспедитсияи хокшиносӣ

Экспедитсияи хокшиносӣ яке аз ҷузъи сохтори институти «Тоҷикзаминсоз» ба шўмор рафта, бевосита дар тобеъияти директории институт ва аз ҷиҳати  техники (истеҳсоли) дар тобеъияти  сармуҳандис мебошад.

Экспедитсияи хокшиносӣ   санадҳои меъёрии муқарраргардидаро дастури амал қарор дода, дар асоси онҳо чорабинию фаъолиятхоеро  ба роҳ мемонад , ки дурустии иҷрои корҳои бо нақша кории институт мувофиқ бударо, ҳам аз ҷихати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати  иқтисодӣ мувофиқ бо  дастовардҳои ҳозиразамони илмию техникӣ таъмин менамоянд.       Экспедитсия  чорабиниҳое, ки барои баланд бардоштани истеҳсолот сарфакорона ва оқилона истифодабарии вақт барои иҷроиши корҳо оиди таҳқиқоти калонмиқёси хоки заминҳои обӣ ва лалмӣ, инчунин таҳқиқоти шўрии хок дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд,  мегузаронад.

Вазифаи асосии экспедитсияи хокшиносӣ

  • Гузаронидани таҳқиқоти калонмиқёси хок дар заминҳои обӣ, лалмӣ ва таҳқиқоти шўрии хок дар заминҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъмин намудани иҷроишии босифати ҳозиразамони корҳои хокшиносӣ дар қисмҳои таркибии (гурўҳҳо, партияҳо) экспедитсия;
  • Мукамалкунии техники корҳои хокшиносӣ, просесҳои ҷустуҷўи оиди таҳқиқоти калонмиқёси хок дар заминҳои обӣ ва лалмии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯҳдадории экспедитсия

  • Интихоби адабиётҳои лозими, дастур, дастурамалҳо, ташхис ва кор карда баромадани тавсияҳо;
  • Назорат, риоя намудан истеҳсолоти техникӣ дар ҳама давраҳо, инчунин  иҷрои босифати корҳо дар бахшҳои экспедитсия;
  • Тафтиши сифат ва мазмуни маводҳо оиди таҳқиқоти хок, ки аз тарафи гурўҳҳои истеҳсолӣ экспедитсия иҷро шуданд;
  • Назорати дуруст иҷро намудани корҳои саҳроӣ ва камералӣ оиди таҳқиқоти калонмиқёс ва таҳқиқоти шурии хок;
  • Иштирок дар омўзиши техникӣ ва машғулиятҳое, ки аз тарафи хадамотҳои институт гузаронида мешавад.

Тартиби гузаронидани таҳқиқоти калонмиқёси хок ва таҳқиқоти шўрии хокҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Ҳамаи намуди заминистифодабарӣ ҳамчунин ҳудуди заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии замин бояд, бо таҳқиқоти калонмиқёси хок фаро гирифта шаванд.Маводҳои таҳқиқоти калонмиқёси хок бояд, дорои харитаи хок, дигар иловаҳои картографии зарури ва шарҳнома (очерк) бошанд, ки дар он тавсифи хокҳои ҳамаи заминистифодабарӣ ва  тавсияҳо оид ба истифода ва беҳтар гордондани хокҳо мавҷуд бошанд. Ин маводҳо дар асоси таҳқиқотҳои махсуси саҳроӣ, ташхизгоҳӣ (лабораторӣ) ва корҳои камералӣ таҳия карда  мешаванд.

2.Маводҳои таҳқиқоти хок барои танзими давлатии замин, баҳисобгирии давлатӣ ва баҳои заминҳо, сохтани харитаҳои ҷамъбастии хоки заминҳои ноҳияҳ, вилоятҳо ҷумҳури ва дигар маводҳо лозиманд, ки  донистани ҳолат ва хусусиятҳои стуруктураҳои сатҳи хокҳои заминистифодабариро талаб менамоянд.

3.Маводҳои таҳқиқоти хок бояд, дорои тавсияҳое бошанд, ки аз натиҷаҳои омўзиши  пўшиши сатҳи хок бар оянд.

  • тартибдиҳии (трансфарматсия) тарзи истифодаи кишоварзии замин:
  • ҳифзи хок аз бодлесшавии (эрозия) об ва боди;
  • обёрикунӣ, хушконидан, маданикунонии техникӣ;
  • мелиоратсияи бенамаккунӣ ва химиявӣ (обшўйкунӣ, гаҷнокунӣ ва ғ)
  • ҷобаҷогузории дурусти киштгардон ва зироатҳо;
  • хусусиятҳои агротехники ва истифодаи нуриҳо вобаста аз шароитҳои хок;
  • беҳтар гардонидани ҳолати алафзорҳо ва чарогоҳҳо;
  • баҳои сифати хок ва баҳои иқтисодии заминҳо

4.Ба нақша гирифтани корҳо оид ба таҳқиқоти хок, бешазоркунии ҳимоявӣ ва муҳофизати хок аз тарафи идораҳои ҷумҳуриявӣ оид ба  заминистифодабарӣ ва заминсозӣ ба амал оварда мешаванд. Таҳқиқотҳоро институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз» ва шўъбаҳои он тибқи талаботҳои муқарраргардида мегузаронанд.

5.Таҳқиқотҳои калонмиқёси хок ва сохтани харитаҳои хокро хокшиносон, бо иштироки химик ташхисгарҳо, харитасозон (картографҳо), агрономҳо ва дигар мутахассисон иҷро менамоянд. Корҳо аз рўи барномаи мувофиқкунонидашуда бо иштироки хокшиносон гузаронида мешаванд.

6.Тавсияи оид ба истифода ва беҳтаргардонии заминҳо дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти хок аз маводҳои муассисаҳои илмию-таҳқиқотӣ, пойгаҳои таҷрибавӣ, санҷишгоҳҳои агрохимиявӣ ва инчунин аз таҷрибаҳои пешқадами заминистифодабарӣ пешниҳод карда мешаванд.

7.Таҳқиқотҳои хок аз се  давр иборатанд: тайёрӣ, саҳроӣ ва камералӣ (хотимавӣ). 

Давраи корҳои тайёрӣ.

Дар давраи корҳои тайёрӣ, объекти таҳқиқоти хок, миқёси таҳқиқот, ҳаҷми корҳои саҳроӣ ва камералӣ муайян карда шуда,  нақшаи тақвимии корҳо ва барномаи пешакии ташхисҳои санҷишгоҳӣ таҳия карда, маводҳои картографӣ, дастури ва адабиёти  гирд оварда мешаванд.

Миқёси таҳқиқоти хок вобаста аз тахассуси хоҷагӣ дараҷаи шиддатнокии (интенсивии) истифодабарии замин ва мураккабии структураи сохти хок муқаррар карда мешавад.

Дар заминҳои обии истифодаи доими, таҳқӣқоти хок бо миқёси 1:10000, дар заминҳои лалмии истифодаи дарозмуддат ва доими бо истифодаи  интенсивии кишоварзӣ асосан бо миқёси 1:25000 ва баъзан мувофиқи зарурат бо миқёси 1:10000; заминҳои дараҷаи пасти истифодаи интенсиви заминҳои захираи давлати (ЗЗД) ва фонди давлатии ҷангал (ФДҶ) бо миқёси на хурдтар аз 1:50000 гузаронида мешаванд.

Давраи корҳои саҳроӣ.

Таҳқиқоти саҳрои ва картографияи хоки  заминистифодабари аз ҷузъҳои зерин иборатанд:

  • шиносоии умумии рекогносировӣ бо ҳудуди таҳқиқотшаванда;
  • омўзиши саҳроии хок, гузориш ва муоинаи хандақҳои хокшиносӣ бо муайян намудани номгўи  пешакии хок;
  • гирифтани намунаҳои хок барои  таҳқиқоти минбаъда;
  • ҷамъоварии маълумотҳо оид ба истифодаи замин ва хусусиятҳои агроистеҳсолии хок;
  • тафтиши намунаҳои хок ва гирифтани онҳо барои  ташхисҳои санҷишгоҳӣ;
  • тартиб додани харитаи саҳроӣ хок;
  • супоридан ва қабул намудани корҳои саҳроӣ;
  • омўзиши хусусиятҳои физикии хок дар сурати дар барномаи таҳқиқоти заминистифодабарии додашуда, дохил намудани ин  намуди корҳо;

Давраи корҳои камералӣ.

Коркарди камералии маводҳои таҳқиқоти саҳроӣ ва картографияи хок аз  намудҳои зарини корҳо иборат аст:  ташхисҳои санҷишгоҳӣ,  сохтани нуқтаи аслии харитаи хоки  ниҳоӣ, картограммаҳои дар ҳудуди заминистифодабари ва кушодани нақшаи онҳо, ҳисоб намудани майдони контурҳо дар харита ва картограммаҳо ҷудокардашуда, бо тарзи истифодаи кишоварзӣ бо таври муқарраршуда, навиштани тавсифнома дар асоси таҳқиқоти хок, зиёдкунии нусхаҳои харитаи хок ва картограммаҳо ва сохтани ҳисоботи оморӣ аз рўи ин маводҳо барои тамоми ноҳия.

Ташхисҳои санҷишгоҳ

Ташхисҳои хок ҳангоми таҳқиқоти  калонмиқёси хок  ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

1.асосӣ ё умумӣ, ки барои тавсифи ҳаматарафаи генетекии хок, аниқ намудан ва муайянкунии хусусиятҳои  муҳимтарини онҳо хизмат мекнунанд;

2.Ташахусҳои ҷузъӣ ё  махсус, ки  барои сохтани картограммаҳои барои минтақа дахлдор ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ хизмат мекунанд.

Барои хокҳои гуногун намунаҳои зерин ва усулҳои ташхизҳои асоси умумӣ ва ҷузъи тавсия карда мешаванд:

1.Намнокии гигроскопӣ бо усули термостатӣ

2.Таркиби механикӣ

3.Муайянкунии гумус бо усули Тюрин

4.РН-и  суспензияи хок

5.Асосҳои фурубурдашуда (Ca++ ва Mg++)

6.Дар маҳлули обии хок (шираоба) муайян намудани  боқимондаи хушк HCO3, Ca3, SO4 , Ce,  Ca++ Mg++ (ҳангоми шўр будани хок)

7.Муайян намудани миқдори гаҷ  дар маҳлули  O2н. HCe бо усули тарозугӣ.

Дар хокҳои зиёдтар паҳнгардида барои тавсифи захираҳои ғизои шаклҳои ҳаракаткунанда ва умумии N, P2 O5,  K2 O –ро  муайян мекунанд.

  • миқдори умумии нитроген ва фосфор
  • шакли  ҳаракаткунандаи нитроген
  • шакли ҳаракаткунандаи фосфор
  • шакли мубодилавии калий

Дар асоси маълумотҳои аналитики, маводҳои саҳроӣ ва камералӣ чунин намуди харитаҳо ва картограммаҳо сохта мешавад.

1.Харитаи хок;

2.Харитаи шўрии хок;

3.Картограммаи чуқурии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва маъданнокии онҳо;

4.Картограммаи таркиби механики хок;

5.Картограммаи захираи гумус;

6.Харитаи тезии нишебии сатҳи замин;

7.Картограммаи миқдори фосфори ҳаракаткунандаи ва калии мубодилавӣ;

8.Картограммаи хатарнокии эрозионӣ;

9.Картограммаи гурўҳбандии  агроистеҳсолии заминҳои лалмӣ;

10.Картограммаи гурўҳбандии баҳоию-агромелиоративии заминҳои обӣ;

1314


























Баъди ба охир расидани  таҳқиқоти хок дар ҳар як хоҷагӣ ё қитъаи  замин, баҳои сифати хок ва баҳои иқтисодии заминҳо гузаронида мешавад.

Дар ҳолати нагузаронидани таҳқиқоти калонмиқёси хок ва тақиқоти шўрии хок, баҳои иқтисодӣ ва баҳои сифати хок гузаронидани ғайри имкон мебошад.

Фармоишгаррон оиди  таҳқиқоти калонмиқёси хок ва таҳқиқоти шўрии хок метавонанд инҳо бошанд Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон , мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо,  хоҷагиҳои деҳқони ва заминистифодабарандагон.

                  

Шуьбаи баҳои замин.

Шуьбаи баҳои замин ба сохтори институти «Тоҷикзаминсоз» дохил шуда, ба директори институт итоат карда, аз рўи хуҷҷатгузории техникӣ бошад ба сармуҳандиси институт тобеь мебошад. Дар асоси хуҷчатҳои меьёрӣ он чорабиниҳое, ки сиёсати дурусти техникии шўьбаҳои институтро муайян менамояд татбиқ менамояд ва он дорои дараҷаи баланди техникӣ ва иқтисодӣ буда, ба комёбиҳои хозираи илми техникӣ асос карда шудааст.Иҷрои ҳамаи нақшаҳои истеҳсолиро оиди истеҳсоли маводҳо бо сифати хуб дар муҳлати муайяншуда бо риояи реҷаи муқаррар шуда  таьмин менамояд. Шуьба чорабиниҳоро оиди зиёд намудани маҳсулнокии меҳнат амалӣ намуда, механизми кам кардани хароҷотҳо ва самаранок истифодабарии вақти кориро оиди гузаронидани корҳои  баҳодиҳии заминҳои ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро менамояд.

 

Вазафаи асосии шуьбаи баҳои замин.

  • Мунтазам таьмин намудани иҷрои корҳои баҳои замин дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб дар хамаи гуруҳҳои шуьба.
  • Доимо такмил додани равандҳои технологӣ, санҷишӣ ва ҷустуҷўӣ дар корҳои баҳои замин.

Вазифаҳои  шуьба.

  • Ҷустуҷў, интихоб ва дастрас намудани адабиётҳо, дастурамалҳо, низомномаҳо ва таҳлил намудани  коркарди дастури услубии зарурӣ;
  • Назорат намудани риояи технологии истеҳсолот дар ҳамаи давраҳои корҳои иҷрошуда, инчунин сифати  корҳои иҷро намудаи шуьба;
  • Тафтиш намудани сифат ва мазмуни маводҳои баҳои замин, ки аз ҷониби гуруҳҳои шуьба  иҷро мешаванд;
  • Назорат намудани иҷрои  дурусти  корҳои саҳроӣ  ва камералӣ оиди баҳои замин;
  • Амалӣ намудани назорат аз болои реҷаи иҷрои корҳо;
  • Иштирок намудан дар дарсҳои техникӣ ва ба ҳисобгириӣ машғулиятҳое, ки  аз тарафи хадамоти техникии институт гузаронида мешавад;

19

Баҳои замин аз нишондихандаҳои баҳои сифатии хок, маьлумотҳои хароҷоти ҳосилнокии бисёрсолаи зироатҳои  асосии  кишоварзӣ дар заминҳои ҳархела, ки бо роҳи ҳисобкунӣ муайян карда шудааст, асос ёфтааст.

Тартиби гузаронидани корҳои баҳои замин.

Баҳои замин аз руӣ маьлумотҳои сифатӣ ва миқдории киштзорҳо  дар асоси маводҳои баҳисобгирии  давлатии миқдории заминҳо таҳлил карда, баьдан дар асоси  маводҳои ҳарсолаи  омории корхонаҳои кишварзӣ иҷро карда мешавад. Маводҳои асосии  ҳисоботи омориро барои ҳар як хоҷагӣ дар  се соли охирон дастрас намуда, таҳлил карда пас аз он  истифода бурда мешавад. Ба мақсади муайян намудан ва ба ҳисоб гирифтани фарқиятҳои дар маҳсулнокии меҳнати ҷамьиятӣ дар қитьаҳои заминҳои гуногун баҳодиҳии замин гузаронида мешавад. Аз рўӣ натичаҳои баҳои иқтисодии замин оиди ҳосилхезии намудҳои хок, маҳсулнокии меҳнат, бузургии маҳсулоти барзиёд истеҳсолшуда, ва даромаднокии маҳсулот, самаранокии киштзори зироатҳои алоҳидаи кишоварзӣ ва махсусгардонии хоҷагиҳо хулоса баровардан мумкин аст.

Киштзорҳои соҳаи кишоварзӣ аз руӣ сифати онҳо ҷойгиршавиашон, новабаста аз тарзӣ истифодабарӣ барои кишти зироат, дарахтони биёрсола ё ин, ки алафҳои хуроки чорво баҳогузорӣ карда мешавад.

Баҳои замин дар ду самт гузаронида мешавад

  • баҳодиҳии умумӣ
  • баҳодиҳии ҷузьӣ (алоҳидагӣ),  баҳогузории замин аз рўи киштукори зироатҳои алоҳида кишоварзӣ,  дар алохидагӣ аз руӣ сифат ва ҷойгиршавиашон навобаста аз рўи истифодаи воқеашон гузаронида мешавад.

Нишондиҳандаҳои асосии баҳодиҳии умумии замин  инҳоянд:

  • маҳсулнокии  арзиши махсулоти умумӣ (сомонӣ / га)
  • хароҷотпушонӣ (арзиши махсулоти ба 1 сомонии хароҷот)
  • даромади тафриқавӣ - даромади иловагӣ аз ҳисоби заминҳои босифат ва мавқеи ҷоӣгиршавиаш (сомонӣ/ га)

Нишондиҳандаҳои асосии баҳодиҳии ҷузьи замин:

  • ҳосилнокӣ (с/га)
  • хараҷотпушони (с/га)

Ҷамьоварии маьлумотҳои ибтидоӣ – ин ҷамь намудани маьлумотҳо оиди миқдор ва сифати заминҳо ва коркарди рақамҳои ҳисоботҳои оморӣ доир ба корхонаҳои кишоварзӣ  мебошад.

Дар натиҷаи  иҷрои корҳои баҳои замин нишондиҳандаҳои  зерин ба даст оварда мешавад:

  • балли баҳои сифатии хок бо намуди  киштзорҳо:
  •  коэффитсиенти технологӣ:
  •  баҳодиҳии маҳсулнокӣ:
  •  хароҷотҳои баҳодиҳӣ:
  •  даромаднокии тафриқавӣ:
  •  нархи 1га замин:
  •  меьёри андози замин:
  •  пардохти замин:

19.аҲамаи ин натиҷаҳо дар ниҳояти кор бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва баьди он мувофиқи Қонуни  баҳои замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ мегирад.

Фармоишгари корҳо  оиди баҳои замин метавонад инҳо бошанд: Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон , мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо,  хоҷагиҳои деҳқони ва заминистифодабарандагон.

Геоботаника                        

Мафҳуми геоботаника

Олами наботот вобаста ба гуногунии шароитҳои табиӣ дар рўи замин гуногун аст, ки ин далели  мутобиқати онҳо ба шароитҳои табиӣ мебошад, аммо дар рўи замин чунин ҷое  нест, ки дар сатҳи он як намуди растанӣ танҳо рўида бошад, яъне  дар рўи замин ҳамеша чандин намуди растаниҳо якҷоя рўида нашъунамо мекунанд. Намудҳои гуногуни растаниҳо, ки ба ҳамзистии якҷоя мутобиқ гаштаанд ҷамоъаи набототро ташкил медиҳанд.   Ҷамоъаи растаниҳоро фитоценоз меноманд. Чун дар рўи замин ҷамоъаҳои гуногуни наботот зиёданд номгўи фитоценозҳо ҳам   бо  шумори онҳо мусовӣ аст.

Дар фаҳмиши имрўза илми омўзандаи ҷамоъҳои набототро ё фитоценозҳоро геоботаника меноманд.Геоботаника  фасли илми биология ҳаст, ки паҳншавии набототро дар рўи замин ва аҳамияти онро барои мавҷудоти зинда меомўзад. Ин илмест дар бораи растаниҳои рўи олам ҷамоъаи онҳо (фитосенозҳо), таркиб, сохт ва инкишофу таназзули онҳо вобаста ба омилҳои таъсиркунанда дар давраҳои муайян давр тамоми сатҳи кураи замин.

Мафҳуми геоботаника соли 1866 аз тарафи ботаники австриягӣ А. Гризебах ( 1814-1879 ) ва ботаник-хокшиноси рус Ф. И. Рупрехт (1814-1870 )  ба илми табиатшиносӣ ворид карда шудааст. Омўзиши аҳамияти омилҳои муҳити табиӣ ( хок, ҳарорат, рўшноӣ, боришот, сохти сатҳи мавзеъ)  дар ташкилёбии ҷамоъаи растаниҳо ( фитосенозҳо) низ соҳаи асосии фаъолияти илми геоботаника мебошад.  

Вазифаҳои асосии илми геоботаника

1.Омўхтани таркиб ва сохти ҷамоъаи наботот (фитосенозҳо)                                   

- омўзиши қонуниятҳои паҳншавии ҷамоаъҳо(фитосенозҳо)                                  

-фаҳмидани вобастагии таркиби ҷамоъаи наботот аз сохт ва намудҳои дохили он,         

аз таъсири омилҳои биотикӣ(организмҳои зинда), абиотикӣ (омилҳои  ғайри зинда:

ҳарорат, рўшноӣ, хок, боришот, сохти сатҳ ва ғ.) ва таъсири фаъолияти одамон

2.Таҳлили таъсири мутақобилаи байниякдигарии намудҳо ва ҷамоъаи растаниҳо бо омилҳои мавқеъи сабзиш

3.Таснифи растаниҳо, муайянкунии ҳудуди паҳншави онҳо ва тартибдиҳии харитаҳои геоботаникӣ

4.Тавсифи аҳамияти хоҷагии намудҳои растаниҳо ва ҷустуҷуи роҳҳои истифодаи босамару беҳдошти  ҳолати онҳо.

Вобаста ба самтҳои фаъолият илми геоботаника ба фаслҳо ҷудо мешавад, ки муҳимтаринашон инҳо ҳастанд:

 

Фаслҳои геоботаника

  • геоботаникаи умумӣ
  • геоботаникаи омўзиши сохти ҷамоъаи наботот
  • геоботаникаи омўзиши рушду инкишофи ҷамоъаи наботот
  • геоботаникаи таснифоти ҷамоъаи наботот
  • геоботаникаи ноҳиябандӣ ва харитасозӣ
  • геоботаникаи омўзиши растаниҳои индикаторӣ (нишондиҳанда) ва ғ.
  • геоботаникаи хусусӣ
  • геоботаникаи тундрашиносӣ
  • геоботаникаи ботлоқшиносӣ
  • геоботаникаи ҷангалшиносӣ
  • геоботаникаи марғзоршиносӣ
  • геоботаникаи ҷамоъаи растаниҳои мавзеъҳои  хушк (камбориш)

20     

Донистани донишҳои геоботаникӣ  барои ҳар як биологу агроном , хусусан барои онҳое, ки бо организмҳои зинда , омўзиши тадқиқи намудҳо, зернамудҳо, ҷамоъаи набототу ҳайвонот сару кор доранд, зарур аст, зеро бе ин донишҳо фаҳмидани сохту таркиби ҷамоъаҳо , инкишофи онҳо номумкин аст.

Аз ин боис аст, ки илми геоботаникаро  дар ҳама дорулфунунҳои дунё чун фанни таълими ҳатмӣ , дар факултаҳои биологӣ  (ҳаётшиносӣ)  меомўзанд. Дар  Тоҷикистон ин фан  инчунин  дар Донишгоҳи кишоварзӣ  таълим дода мешавад. Геоботаника  экологияро низ дарбар мегирад, чунки  он муносибатҳои  байни якдигарии  намудҳоро  дар ҷамоъаи растаниҳо  ва натиҷаи  ин таъсир  ба муҳити зисту  олами ҳайвонотро низ меомўзад.

Дар  ҷумҳурии мо ки истеҳсолотро  бо роҳи  иқтисоди бозоргонӣ  пеш мебаранд, илми геоботаника  дар баробари дигар соҳаҳои  илм  дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ  бомуваффақият  ҳиссагузор буда , самаранокии онҳоро бештар менамояд.  Азбаски  дар Тоҷикистон масоҳати чарогоҳҳо  аз масоҳати заминҳои корам  шаш мартиба зиёдтар аст , тадқиқотҳои геоботаникӣ  аҳамияти бештарро доро мешаванд. Афзудани ҳосили чарогоҳҳо боиси зиёдшавии истеҳсоли  маҳсулоти чорво мегардад, ки он аҳолиро  бо маҳсулоти арзону хушсифати ғизоӣ таъмин карда сабаби осудаҳолию баланд гардидани дараҷаи зиндагии мардум мегардад, ки ин мақсади ниҳоии тадқиқотҳои геоботаникӣ аст

Гўрўҳи геоботаникии ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» соли 2004 аз нав ташкил гардида асосан тадқиқу омўзиши алафзору чарогоҳҳоро мавриди фаъолияти худ қарор дода харитаҳои геоботаникӣ ва ҳолати табиии чарогоҳҳои хоҷагиҳои инфиродӣ ва давлатиро бо миқёсҳои 1:10 000 ва 1:25 000 барои ҳама ноҳияву вилояҳои мамлакат таълиф карда муайян менамояд, ки чарогоҳи додашуда имкони нигоҳдории чи қадар саршумори чорворо дорад, барои кадом намуди чорво мувофиқ аст, дар кадом вақт(фасл) истифода бурда  шавад,  кадом вақт бурдани чорво ба он манъ карда шавад, чи гуна чорабиниҳоро  дар кадом вақт ва бо кадом усулҳо роҳандозӣ бояд кард то ҳосилнокии чарогоҳҳо афзунтар гардад. Ба таври аниқтар мақсади асосии тадқиқотҳои  геоботаникӣ ин   

  • баландбардории самаранокии ҳосили чарогоҳҳои табиӣ,
  • беҳдошти ҳолати табиию замини чарогоҳҳо,
  • пешгирии фарсудашавии (эрозияи) он,
  • истифодаи оқилонаи алафзору чарогоҳҳо
  • нигоҳдории  мувозинати экологии олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист  -танзими афзоиши саршумори  чорво ва  намудҳои он,
  • нигоҳдорию  истифодаи  растаниҳои доруворӣ  ва ғайра  мебошад.  

Ҳангоми тадқиқи алафзору чарогоҳҳои табиӣ муайян карда мешавад:                                  таркиб ва сохти  ҷамоъаи растаниҳо дар алоқаманди бо шароитҳои табиии ҷои сабзиш, сохти сатҳи майдон ва имкониятҳои истифодабарӣ чун алафзор ё чарогоҳ,

  • мавсими истифодабарӣ , имконияти истифодаи чарогоҳ барои кадом намудҳои чорво.
  • ҳосилнокӣ , сифати хўрокҳо, захираи хошок ва миқдори хўрокие , ки чарогоҳ дода метавонад ( дар фасли истифодашаванда),
  • ҳолати табиии чарогоҳ (помолшудагӣ, буттанокӣ, мавҷудияти алафҳои ғайрихўрокӣ, зарарноку заҳрнок),
  • хусусиятҳои истифодашавии чарогоҳ бо назардошти  мавҷудияти манбаъҳои об (чоҳ, чашма, дарё, рўд, кўл, шабаки обёрии сунъӣ ва ғ), роҳҳои чорвогузар, ивазкунии чарогоҳҳо бо алафдарав ва баръакс, имконияти чун алафдарав истифодакунии алафзор ва имконияти механиконии корҳои мавҷуда,
  • чорабиниҳои ҳифзи майдонҳое, ки барои беҳтаркунии сатҳӣ ё пурра тавсия шудаанд, аз фарсудашавии обӣ ва бодӣ,
  • имконияти ба дигар заминҳо табдил додани замини алафзору чарогоҳҳои табиӣ.

Ҳама  намуди чарогоҳу алафзорҳо , алафдаравҷойҳо , заминҳои алафи хўрокии чорво кошта шуда мавриди  тадқиқоти геоботаникӣ қарор дода мешаванд.

Инчунин  зарур шуморида мешавад,ки каме  дар бораи аҳамияти  амалии геоботаника  дар ҳаёти одамон қайд карда шавад. Истифодаи амалии донишҳои геоботаникӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолиятҳои одамон ; аз ҷумла хоҷагии қишлоқ (растанипарварию чорводорӣ) , хоҷагии ҷангал, истифодаи ботлоқхо , ҷустуҷўи канданиҳои фоиданок (геология), ҷустуҷўи обҳои зеризаминӣ ва ғайра , татбиқи худро ёфтаанд.  Геоботаника  ҳатто  бо соҳаҳое  алоқаи мустақим дорад, ки дар назари аввал гўё  ба он  ва олами наботот алоқае надоранд. Аз ҷумла сохтмону бунёди маҳалҳои истиқоматии нав ва нигоҳдории тандурустиро мисол меоварем, ки  сабзкории онҳоро  бе донишҳои геоботаникӣ  ба роҳ мондан  боиси хароҷотҳои бемаврид ва зарарҳои  дигар мешаванд. Мисоли ин  дар соҳаи тандурустӣ , рўз то рўз эътимоди мардум нисбати  доруҳои кимёвӣ  кам шуда нисбати гиёҳҳои шифоӣ афзуда истодааст. Бе дар назардошти  донишҳои геоботаникӣ ҷойгиркунии истироҳатгоҳу санаторияҳо  низ самараи дилхоҳ намедиҳанд. Ҳар як  санатория вобаста ба навъи   мизоҷон (беморон)  дарахтони  барои ҳамин  беморӣ фоидаовар  бояд  дошта бошад. Дар  назди  биноҳои истиқоматӣ  низ  на ҳар ниҳоли  ба дастомадаро  шинондан раво нест.

Дар масоҳати зиёди ҷумҳурии мо боғдорию зироаткориро  бе обёрии сунъӣ  ба роҳ мондан имкон надорад. Хусусан дар минтақаҳои нимбиёбонии ҷануби мамлакат, водиҳо ва баландкўҳҳо ингуна заминҳо бештаранд. Тамоми ин заминҳо асосан чун чарогоҳ истифода мешаванд, аммо истифодаи бенизом ва бе баҳисобгирии имконияти онҳо барои саршумори муайяни чорво, бе ба назаргирии мавсими истифодаи чарогоҳҳо боиси оқибатҳои нохуб гаштааст. Таркиби табии алафзорҳо тағйир ёфта, ҳиссаи алафҳои хўрокии чорво дар онҳо кам гардидааст, ба ҷои онҳо растаниҳои ғайрихўрокии қадпасти барои чаридан нобоб, растаниҳои хордор афзуда истодаанд ва самти асосии геоботаникҳо ба ҳамин ҳадаф равонааст.

Дар соҳаи геология нақши асосиро шохаи растаниҳои индикатории илми геоботаника мебозад.

Аз пеш маълум аст, ки растаниҳо ба тағироти муҳими зист ҳасос  ҳастанд, ҷамоъаи растаниҳо аз растаниҳои алоҳида дида ҳасостаранд. Аз рўи ҷойгиршавӣ ин ҷамоъаҳо дар бораи ҷинсу қабатҳои геологӣ маълумот саҳеҳ ба даст оварда мешавад. Ҳамчунин мавҷудияти баъзе намудҳо бо  чуқурию мавҷудияти оби шўр ё ширини зеризаминӣ далолат мекунанд, ки он хатогӣ надорад. Растаниҳо инчунин мавқеъи карстҳо, вайроншавии тектоникиро нишон дода, баъзе намуди онҳо мавзеъҳои бештар мавҷудбудаи мис, рўҳ, уран ва дигар пайвастаҳои кимиёгиро манзур мекунанд. Истифодаи амалии геоботаника дар хоҷагии қишлоқ ҳама соҳаҳои онро аз  қабили чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбурпарварӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва ғайраро дарбар мегирад.          


Мафҳумҳои бештар истифодашавандаи геоботаника:

1.Фитоценоз – одитарин қитъаи ҷамоъаи растаниҳоест, ки барои он ягонагии намуди нисбии зоҳирӣ, намудҳои таркиб, сохту ҷойгиршавии онҳо дар дохили он, таъсири байниҳамдигарии намудҳои дохил ва муҳити зист ягона буда, намудҳои дохили ин ҷамоъа берун аз он дар алоҳидагӣ зиндагӣ кардан наметавонанд.

2.Биогеоценоз – мусоидати дутарафаи мавҷудоти зинда (набототу ҳайвонот) бо хок ва унсурҳои он (хок, санг, об ва дигар унсурҳои кимиёвии он), ки байни ҳам ба мубодилаи моддаҳо ва энергия алоқаманданд. Агар ҳудудҳои биогеоценоз бо фитоценоз мувофиқ бошанд, онро экосистема низ мегўянд.

3.Экотоп – реҷаи муайяни омилҳои экологӣ (муҳит) чун об, ҳаво, ҳарорат, ғизогирӣ аз унсурҳои кимиёвии мавҷуда ва  радиация дар қитъаи муайяни рўи замин.

4.Биотоп – қитъаи рўи замин ё об ва мавҷудоти зиндаи дар он ҳаётгузаронанда мутобиқ ба мавҷудоти ҷамодии он.

5.Биоценоз – ҷамоъаи организмҳои зинда (набототу ҳайвонот) дар ҳудуди биотоп.

6.Ҳудуди биогеоценозро аз рўи паҳноии фитоценоз, баландиашро аз рўи баландии набототи он ва чуқуриашро аз рўи чуқурравии решаи наботот ва мавҷудияти микроорганизмҳо муқаррар менамояд.

 7.Флора – гул, растанӣ. Боз ба маънои ҷамоъаи растаниҳои мунқаризшуда низ истифода мешавад.

Геоботаника – аз калимаи юнонӣ (γῆ — замин ва  βοτανικός- растанӣ) гео – замин, ботаника – растанӣ – қисми биология (ҳаётшиносӣ) дар мавзеъи бархурди илмҳои ботаника, география, экология ва геология дар тамоми ҳудуди сайёраи замин. 

Фармоишгарони тадқиқотҳои геоботаникӣ асосан Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва хоҷагиҳои алоҳида  низ метавонанд аз  хизмати он истифода  баранд.                  

Шўъбаи коркарди маводҳои харитавӣ

Шўъбаи коркарди маводҳои харитавӣ соли 2011 дар базаи партияи нақшакашии институт ташкил карда шуда, айни ҳол бо мувафақият дар барномаҳои нави компютерӣ ва таҷҳизотҳои ҳозиразамон маводҳои харитавиро тайёр намуда истодааст. Дар шўъба 9 нафар мутахассисони ботаҷриба кор карда истодаанд.

Шўъба дигар намуди корҳоро ба иҷро мерасонад:

Тайёр намудани мавоҳои харитавии рақамӣ барои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо,картографи,хокшиносӣ ва геоботаникӣ дар миқиёсҳои 1:10000, 1:25000.

Мавҷуд будани таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва дараҷаи ихтисоси мутахассисон имконият медиҳад, ки ҳаҷми корҳои муқаррар кардашуда дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд  иҷро карда мешавад.

Хизматрасони

Хизматрасонии  заминсозӣ.

  • Баҳисобгирии  давлатии  миқдор  ва  сифати    замин  дар  шакли  ҳудуди  воҳиди  маъмурӣ;
  • Бақайдгирии  ҳамаи  намуди  заминҳо;
  • Баҳисобгирии  миқдори  заминҳои  маҳалҳои  аҳолинишин;
  • Муқарар  ва  пойдоркунии  сарҳади  марзи  маъмурии  ҷудошаванда  ва  заминистифодабарандагон;
  • Гузаронидани  корҳо  оиди  муайян  ва  муқарар  намудани  сарҳад;
  • Тайёр  намудани  ҳуҷҷатҳо  барои  ҳуқуқи  истифодабарии  меросӣ;
  • Ҷудо  намудани  заминҳои  киштзорҳои  кишоварзӣ  ба  дигар  намуди  замин;

Хизматрасонии геодезӣ.

  • Аксбардории топографӣ(зерасоси геодезӣ) андозаи 1:500, 1:1000, 1:2000, 1:5000 аз он ҷумла:
  • Аксбардории геодезӣ иншоотҳои зеризамини ва рўи заминӣ, коммуникатсияи муҳандисӣ.
  • Аксбардории топографии  зери дарахти (подеревка).
  • Аксбардории геодезии миқёсҳои аз хама калон (1:50, 1:100)
  • Нав кардани нақшасуратҳо
  • Ҳаракати фурўравиҳои қишри замин
  • Сохтан ва инкишофи турҳои геодезии(СГС)
  • Корҳои кадастрӣ-геодезӣ аз он ҷумла, муайян ва мустаҳкамкунии нишонаҳои  сарҳадӣ  дар маҳал, тартиб додани нақшаҳои байни сарҳадӣ, бақайдгирии қитъаҳо ба қайди кадастрӣ. Маслиҳат додан аз руи масъалаҳои ҳуқуқии заминсозӣ.
  • Зери назоратгирии сохтмон. Гузаронидани корҳои ҷустуҷуии муҳандисӣ-геодезӣ пеш аз сохтмон.Сохтани турҳои такягоҳи, ба асли баровардани тирҳои  уфуқи ва амудии бино, назорати дақиқи васлнамудан дар протсеси сохтмон. Баъди ба итмом расонидани сохтмон  аксбардории иҷроишӣ  гузаронида шуда, ҳуҷатҳои иҷроиши корҳо омода карда мешаванд.
  • Корҳои геодезии махсус; санҷиши амиқӣ, аксбардори фазоӣ,андозагирӣ ва ғ.

Хизматрасонии экспедитсияи хокшиносӣ

  • Муайянкунии намуд (зернамуд)-и хок;
  • Муайянкунии шўрии хок;
  • Муайянкунии чуқурии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва                     

маъданнокии онҳо;

  • Муайянкунии таркиби механикии хок;
  • Муайянкунии захираи гумус;
  • Муайянкунии тезии нишебии сатҳ;
  • Муайянкунии миқдори фосфори ҳаракаткунанда ва калий;
  • Муайянкунии хатарнокии эрозионӣ;
  • Муайянкунии хосиятҳои физики онҳо;

Хизматрасони аз рўи баҳодиҳи замин

  • Балли баҳои сифатии хок бо намуди  киштзорҳо:
  • Коэффитсиенти технологӣ:
  • Баҳодиҳии маҳсулнокӣ:
  • Хароҷотҳои баҳодиҳӣ:
  • Даромаднокии тафриқавӣ:
  • Нархи 1га замин:
  • Меьёри андози замин:
  • Пардохти замин:

Хизматрасонии  дастаи геоботаникӣ

  • Омўхтани таркиб ва сохти  ҷамоъаи растаниҳо дар алоқаманди бо шароитҳои табиии ҷои сабзиш, сохти сатҳи майдон ва имкониятҳои истифодабарӣ чун алафзор ё чарогоҳ
  • Омўхтани таркиб ва сохти ҷамоъаи растаниҳо бо назардошти растаниҳои доминантӣ ва индикаторӣ
  • Мавсими истифодабарӣ, имконияти истифодабарии чарогоҳ барои кадом намуди чорво
  • Муайянкунии ҳосилнокӣ, сифати хошок, захираи алафи даравшаванда ва сарборӣ ё иқтидори  чарогоҳҳо аз рўи захираи алафҳои  мавҷудбуда
  • Тавсифи ҳолати табиии чарогоҳҳо   (поймолшудагӣ, буттанокӣ

           сангдорӣ, алафҳои хўрокӣ,  ғайрихурокӣ зарарнок ва заҳрнок) ва       

           муайянкунии тавсияю  чорабиниҳо оид ба  оқилона истифодабарӣ,   

            беҳдошт ва баландбардории самаранокии  чарогоҳҳо.

  • Гузаронидани тадқиқотҳои геоботаникӣ  дар миқёси 1: 10 000 ва 1:25 000
  • Тартиб додани харитаи геоботаникӣ ва харитаи ҳолати табиии чарогоҳу алафзорҳои табиӣ 
  • Навиштани қисса - матни тавзеҳотӣ   ба маводҳои харитавӣ.
  • Тартиб додани варақаи тавсифи тарҳҳои алафзору чарогоҳҳои заминистифодабарандагон
  • Тавсифи  алафзорҳои табиӣ   (нишон додани воҳиди асосӣ- типология )

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/