31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ифтихор аз Истиқлол

 

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ислоҳоти муносибатҳои истифодаи замин дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзорда Маҳмадтоир, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам, муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло, Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, директори Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин Азимзода Алимардон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пеш аз оғози конфронс дастовардҳои ИЛТ «Фазо», КВД «БММҒ» ва КВД Аэрогеодезияи Душанбе дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар конфронс гуфта шуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии олам давлати наве бо номи Тоҷикистон пайдо шуд ва аз вуҷуди як мамлакати соҳибихтиёр башорат дод. Санаи мазкур як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тамаддунофари мост.

Иштирокчиёни конфронс аз ҷумла иброз доштанд, ки Тоҷикистон тайи 25 соли Истиқлолият сарфи назар аз мураккабиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ба комёбиҳои назррасе ноил гашт. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифт ва сокинон бо муттаҳид шудан дар атрофи сарвари худ ба сӯи пирӯзиҳо роҳ пеш гирифтанд. Дар ин муддат Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Рукнҳои асосии давлатдорӣ-Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ба вуҷуд омада, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим ёфта, асъори миллӣ ба муомилот баромад ва ҳар фарди ҷомеа соҳиби шиносномаи миллӣ гардид.

Аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар даврони Истиқлолият муносибатҳои заминистифодабариро дар ҷумҳурӣ ба танзим даровард, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» буд, ки 5-уми марти соли 1992 қабул гардиданд. Бо қабули қонунҳои мазкур ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ оғоз гардида, шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба миён омаданд.

Дар даврони гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ зарурати ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз он ҷумла дар муносибатҳои заминдорӣ низ ба миён омад, ки ҳадафи асосӣ бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар буд.

Мақсади асосии ислоҳоти замин баланд бардоштани ҳавасмандии шаҳрвандон ба меҳнати пурмаҳсул дар заминаи муттаҳид ва ҳимоя намудани манфиатҳои шахсӣ, коллективӣ ва давлатӣ буда, аз ҷорӣ намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ иборат буд.

Барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаи истеҳсоли худӣ Фармонҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми октябри соли 1995 таҳти рақами 342 “Дар бораи ҷудо намудани 50 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон” ва аз 1-уми декабри соли 1997 таҳти рақами 874 “Дар бораи ҷудо намудани 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон” ба тасвиб расид, ки аз тарафи сокинони деҳот хуш пазируфта шуд. Ин иқдоми Сарвари давлат натанҳо теъдоди зиёди аҳолии кишваро бо ҷойи кор ва даромади доимӣ таъмин намуд, балки ба иқтисоди тақрибан маҳвшуда нерӯи тоза бахшида, мардумро ба фардои нек ва фаровонҳосилӣ дилгарм намуд.

Мақоми ваколатдори давлатии замин тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 1996 таҳти рақами 522 ҳамчун Кумитаи заминсозӣ ва захираи замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Боиси тазаккур аст, ки мақсади асосии Фармони мазкур ин таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ буд ва таъсиси мақомоти давлатии заминсозӣ низ ба амалӣ намудани ислоҳоти кишоварзӣ равона карда шуда буд.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавассути ғамхориҳои беназири Ҳукумати мамлакат таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва азнавташкилидиҳии хоҷагиҳои ҳаҷман калони деҳқонӣ, саҳмдорони деҳот соҳиби қитъаи замин гаштанд. Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 164 ҳазору 42 адад хоҷагии деҳқонӣ дар масоҳати умумии 5 миллиону 127 ҳазору 565 гектар замин фаъолият мекунанд, ки шумораи саҳмдорони онҳо 787 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин тадбир дар афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии мардум мусоидат намуд, ки дар натиҷа зиёда аз 787 ҳазор нафар аҳолии деҳот бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуд.

Агар дар 70 соли давраи Иттиҳоди шуравӣ ҳамагӣ 1,2 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 0,8 ҳазор гектар замини корами обӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида бошад, дар 25 соли истиқлолият барои беҳтар намудани шароити некӯаҳволии мардум 128,4 ҳазор гектар, аз ҷумла 48,8 ҳазор гектар замини корами обӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд барои бунёди манзили зист ҷудо гардид, ки барои мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон ва хуб гардидани шароити иҷтимоии мардум мусоидат намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2016 заминҳои наздиҳавлигӣ 210 ҳазору 595 гектарро ташкил дода, аз он 121 ҳазору 296 гектар корам, аз ҷумла 73142 гектар корами обӣ ва 43220 гектар ниҳолҳои бисёрсола, аз он 32495 гектар обӣ дар истифода қарор доранд.

Аз соли 1991 то инҷониб 128,4 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, аз ҷумла 48,8 ҳазор гектар обӣ зиёд шудааст, ки ба зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор оила қитъаи замини наздиҳалигӣ ҷудо гардида, 558 ҳазору 582 нафар бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд.

Ҳамчунин ба 466 ҳазору 277 нафар дар масоҳати умумии 59 ҳазору 732 гектар заминҳои хоҷагии иловагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон тақсим карда шуд, ки ин хоҷагиҳо ройгон бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардидаанд.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ заминҳои кишоварзӣ 4 миллиону 684 ҳазору 330 гектарро ташкил дода, аз ин 607 ҳазору 994 гектараш корами обӣ мебошад, ки ҳоло дар ин заминҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродиву оилавӣ ва шарикӣ мустақилона кишти маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. Маҳз Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки кишоварзи тоҷик дар кишт, истеҳсол ва фурӯши маҳсулот соҳибихтиёр гардад. Бо инобати ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳоло кишоварзони тоҷик ба зиёда аз 20 давлати дунё маҳсулоти истеҳсолнамудаи хешро содирот менамоянд ва бо ин роҳ дар муаррифии меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ин сарзамини соҳибистиқлол саҳм мегузоранд. 

Истиқлолият пояи пешрафту шукуфоии миллат буда, ҳифзи он вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Ин неъмати бузургро ҳар кадоми мо, ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз касбу кор, миллат, нажод, мазҳаб соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он фидокорона фаъолият намоем, то ки ба се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромандан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/