31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ШАКЛИ PDF-и МАҶАЛЛА

Муассисаи нашриявии маҷаллаи «Сарзамин»


Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии

мо буда, ба таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти
мавқеъ ва дар ёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.
Эмомалӣ Раҳмон

 vefkkbvfМуассисаи нашриявии маҷаллаи «Сарзамин» маҷаллаи илмӣ- соҳавие мебошад, ки масъалаҳои заминсозӣ, харитасозӣ, геодезия, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, истифодаи самараноки замин ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба замин, ҳимояи ҳуқуқи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оилаҳои эҳтиёҷманде, ки ба замини наздиҳавлигӣ ниёз доранд, соҳибкороне, ки дар дил мақсади созандагиву ободкорӣ мепарваранд, баррасӣ намуда, ҳамзамон назорат ва барасмиятдароририи қитъаҳои заминро таҳлилу   инъикос менамояд.

Мақсади асосии фаъолияти маҷалла аз:

- инъикоси воқеъбинонаи рушди соҳа, ҳифзи заминҳои корам ва самараноку оқилона истифода бурдани онҳо, масъалаҳои заминсозӣ, харитасозӣ, геодезия, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул;

- муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба замин;

- ҷустуҷӯ ва ташвиқи маълумоти аниқ доир ба шарҳи қонунҳои вобаста ба замин;

- ҳимояи ҳуқуқи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ки ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд;

- инъикоси масъалаҳои назорат, танзим ва барасмиятдарории қитъаҳои замин, баланд бардоштани фарҳанги заминистифодабарии шаҳрвандон иборат мебошад.

Муассисаи нашриявии маҷаллаи «Сарзамин» тибқи иҷрои мақсадҳои дар боло зикргардида нашри маҷалла ва замимаҳои онро ба роҳ монда, таҷрибаи пешқадам, корҳои илмии олимони соҳа ва андешаҳои ғании афроди ғайрисоҳавиро низ, аз дохили кишвар ва хориҷи он дастрас намуда, тавассути маводҳои ҷолиб пешниҳоди хонанда менамояд. Ҳамзамон маҷаллаи «Сарзамин» пайваста ташаббусҳои созандаву раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ намуда, бо ин роҳ барои ободиву созандагии кишвари азизамон саҳм мегузорад. Дар ин радиф ҳайати эҷодии маҷалла дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо маводҳои таҳлилӣ таҳия ва нашр намуда, ба ин васила барои таъмини рушди соҳаи заминсозӣ ва кишоварзӣ мусоидати фаъол менамоянд. Аҳли эҷоди маҷалла дар саҳифаҳои он аз рӯзгори одамони наҷибу саховатпеша, соҳибкорони ватандӯсту ободкор, собиқадорони соҳа, заминсозони саҳибмактабу дорандаи таҷрибаи ғанӣ ва хоҷагидорону кишоварзоне, ки бо рӯёнидани ҳосили баланд дар кишвар соҳиби шуҳрат гаштаанду дар таъмини амнияти озуқавории ватан саҳиманд, матолиби бадеиву публитсистӣ омода намуда, рӯзгор ва кору пайкори онҳоро ҳамчун намунаи ибрат ба дигарон пешниҳод менамоянд. Яъне, «Сарзамин» тарғибгари созандагиву ободкороне мебошад, ки ҳар қитъа замини муқаддаси Тоҷикистон барояшон азизу муътабар аст.

Ҳамзамон дар саҳифаҳои маҷалла дар мавзуъҳои гуногун мақолаҳои илмӣ ба табъ мерасад, ки ҳамчун роҳнамо ба мутахассисони ҷавон хизмат мерасонад. Таҳлилу баррасии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, ки талаботи замони муосир аст, аз паҳлуҳои дигари фаъолияти кормандони маҷалла ба шумор меравад. Дар ин самт мо ҳамеша таҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии пешқадамро тарғиб менамоем. Зеро ки расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз бисёр ҷиҳат ба истифодаи самараноки ҳар қитъа замин ва фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ба ин самт маҷалла таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Барасмиятдарории муносибатҳои заминистифодабарӣ ва тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдор низ аз масъалаҳои муҳим ва рӯзмарра буда, иҷрои он ба зимаи КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузошта шудааст, ки фаъолияти он пайваста бо пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон дар саҳифаҳои маҷалла дарҷ мегардад.

Зери бахши Далелҳои аҷиб ва Сайри олам дар маҷалла доир ба ҳодисаҳои гуногуни табии ва мавзеъҳои ғайриодии олам матолиби хондании ҷолиб ба чоп мерасад, ки хеле шавқовару мароқангез мебошанд.  

Дар маҷмуъ Муассисаи нашриявии маҷаллаи «Сарзамин» дар заминаи фаъолияти самараноки меҳнатӣ, дастоварду пешравиҳои соҳаро инъикос намуда, бо таҳлили амиқу ҳамаҷониба мушкилоти ҷойдоштаро низ баррасӣ менамояд. Зеро мусаллам аст, ки дар баробари пешравиҳо дар самти истифодаи оқилонаю самараноки ҳар қитъа замин камбудиҳо низ ҷой доранд. Кормандони маҷалла мақсад доранд, ки дар ошкору бартараф намудани баъзе аз мушкилоти ҷузъии ин самти хеле муҳими ҳаёт, барои рушд ва вусъат бахшидани ободкорию созандагии кормандони соҳа низ ҳиссагузорӣ намоянд. Зеро мароми мо ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон аст.

Маҳз бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шумори обунаи маҷаллаи «Сарзамин» ба 2300 (дуҳазору сесад) нусха расид. Ин нишондод аз ғамхории беназир ва таваҷҷуҳи беандоза ба аҳли эҷод ва рукни чоруми ҷомеа, тарғибгарони сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 

ШАКЛИ PDF-и МАҶАЛЛА

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/