31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин

ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”

дар ноҳияи Восеъ

27.11.2018, ноҳияи Восеъ

IMG 2913Дар доираи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъати тоза касб намуда, ин омил боис гардид, ки барои фаъолияти бонизом ва самарабахши ташкилоту идораҳо имкони мусоид фароҳам оварда шавад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти ниҳодҳои зертобеаш дар шаҳру ноҳияҳои мамалкат тадбирҳои заруриро андешида, биноҳои наву замонавии кориро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

       Дар ҳамин замина ва дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

       Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур имкон фароҳам омадд, ки 32 нафар соҳиби ҷои мусоиди корӣ гардиданд.

       Ин тадбир, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ сурат гирифта, барои боло бурдани хизматрасонии соҳавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

       Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Восеъ 25 ноябри соли 2017 оғоз гардида буд.

Арзиши сохтмони бинои мазкур 1 миллиону 288 ҳазору 300 сомонӣ буда, маблағи мазкур аз тарафи Кумитаҳои идораи замини минтақа 67 ҳазору 660 сомонӣ ва КДФ «Бақайдгирии молу мулкиғайриманқул»-и минтақа 986 ҳазору 695 сомонӣ инчунин 96 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизоти утоқҳо пардохт карда шудааст. Пудратчии сохтмони бинои мазкур ҶДММ «Аршан ва Компания» мебошад, ки биноро бо тарҳи зебову муосир бунёд намудааст.

Бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Восеъ аз ду ошиёна ва 12 утоқи корӣ иборат буда, утоқҳои корӣ бо таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамчунин дар ин бино инфрасохтори ёрирасон, аз қабили таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёти хизматӣ, бинои ёрирасони трансформатор иборат мебошад.

Даромадгоҳ ва атрофи бино гулкорӣ карда шуда, атрофаш бо девор ва панҷараҳои оҳанӣ иҳота карда шудааст.

Дар бахши заминсозӣ бо талошҳои пайвастаи масъулин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо бунёди биноҳои наву замонавии ин ниҳоди давлатӣ вусъат пайдо намуда, иқдоми навбатӣ низ дар ҳамин замина роҳандозӣ гардидааст.

Кумитаи идораи замини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар самти самарабахш ва мақсаднок истифода кардани замин, ки боиси боло рафтани иқтидори истеҳсолӣ дар бахши кишоварзии мамлакат мегардад тадбирҳои амалӣ меандешад.

       Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия низ дар самти бақайдгирии амволи ғайриманқул муваффақ гардида, соли ҷорӣ корро тавассути барномаи САБТ ба роҳ мондааст, ки ин омил боиси боз ҳам осон гардидани хизматраоснӣ ба аҳолӣ гардидааст.

       Тадбирҳои ободонӣ ва бунёди биноҳои хизматӣ барои кормандони соҳа дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамалкат низ идома дошта, то ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара низ чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд.

       Дар ҳамин замина ҳамчунин дар шафати Кумитаи идораи замини ноҳия бинои муассисаи томактабӣ низ таъмиру навсозӣ карда шуд. Корҳои навсозӣ бо маблағгузории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ анҷом дода шуда, шароити мусоид барои тарбиятгирандагони ин боғчаи бачагона фароҳам оварда шуд.

IMG 2906

IMG 2841

IMG 2833

Харитаи Сомона

Image Map

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/