No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезеии Душанбе

 Реквизитҳои корхона

КВД «Аэрогеодезии Душанбе»

кӯч. Абай 4/1

Филиали №02 БДА ҶТ «Амонатбонк»

Р/С 20202972510250102000

К/С 20402972316264

БИК 350101626

ИНН 040005128

 

Сохтори корхона

1.РОҲБАРИЯТ

2.БАХШИ КАДРҲО

3.ШУЪБАИ БАНАҚШАГИРӢ

4.ШУЪБАИ БАҲИСОБГИРӢ

5.ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ТЕХНИКӢ ВА КОРҲОИ ЛОИҲАБАНДӢ

6.БАХШИ МАХСУС

7.ИСТЕҲСОЛОТИ САҲРОӢ ВА ХАРИТАСОЗӢ

8.ШУЪБАИ ХАРИТАСОЗИИ РАКАМӢ ВА ГИС

9.ГУРУҲҲОИ САҲРОӢ

10.ШУЪБАИ НАҚЛИЁТ

11.ШУЪБАИ ХОҶАГӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ (бо ҳуқуқи бахш)


Роҳбарияти корхона

         Директор – Одинаев Шодӣ Холович

         Сармуҳандис – Тошбеков Дилдор Одилбекович

         Сармуҳосиб - Каширина Людмила Петровна

Фаъолияти корхона

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбеи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2003 таъсис ёфтааст. Корхона субъекти мустақил буда, дорои моликияти мустақил, мувозанаи мустақил, ҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла ҳисобҳои арзӣ, мӯҳр, қолиб, варақаҳои ширкатӣ, нишони молӣ буда, соҳиби мӯҳри даврӣ бо нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

         Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе муассисаи тобеи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шакли моликияти давлатиро дорост.

         Мақсади фаъолияти Корхона асосан қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти роҳбарикунандаи маҳаллӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ бо маҳсулоти топографӣ-геодезӣ ва кадастрӣ дар шакли ҳамоҳангсозиҳо (координатҳо) ва иншоотҳои баландиҳои нуқтаҳои геодезӣ, маълумотҳои гравиметрӣ, топографӣ, мавзӯӣ, экологӣ, кадастрӣ ва дигар намудҳои харитаҳо, атласҳо, нақшҳо, фотонақшаҳо, фотохаритаҳо, фотоаксбардориҳо, фотонаворҳо, моделҳои рақамии харитаҳои маҳалҳо, харитаҳои электронӣ, луғатҳо, харитаҳои релефӣ, номҳои ҷуғрофӣ, ахбороти кадастрӣ, маводҳои аэрокайҳонӣ, маркшейдерӣ, муҳаққиқӣ, метрологӣ ва дигар корҳо мебошад. Инчунин корхона иқтисодиёти миллӣ, илм, мудофиа ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маълумотҳои геодезӣ ва маводҳои харитасозӣ дар системаи ягонаи давлатӣ, дигар системаи ҳамоҳангсозии баландиҳо ва аломатҳои шартии ягона таъмин менамояд. Ҳамчунин кормандони корхона дар корҳои делимитатсионӣ ва демаркатсионии сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд.

         Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе аз роҳбарият, 6 шӯъба, 2 бахш, 1 сехи харитасозӣ ва 3 гурӯҳи саҳроӣ иборат буда, айни замон шумораи кормандонаш 76 нафарро ташкил медиҳад.

  1. Бо Қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 216 аз 14.05.1993с. дар заминаи ИИИ «Тоҷикаэрокосмогеодезия» Саридораи геодезия ва картографияи назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикглавгеодезия» ташкил карда шуд.
  2. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 433 аз 07.09.2001с. Саридораи геодезия ва картографияи назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикглавгеодезия» Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ «Харитасоз» номгузорӣ карда шуд.
  3. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 246 аз 06.06.2003с. Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ «Харитасоз» ба Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ «Тоҷиккоинот» табдил дода шуд. Корхонаи марказии аэрогеодезӣ ҳамчун воҳиди сохтори он тасдиқ карда шуд.
  4. Бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 9 аз 30.03.2006с. вазифаҳои Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ «Тоҷиккоинот» ба Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ вогузор карда шуд. Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе ҳамчун воҳиди сохтори он тасдиқ карда шуд.
  5. Бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 832 аз 09.03.2010с. дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ таъсис дода шуд. Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе ҳамчун воҳиди сохтори он тасдиқ карда шуд. 
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/