31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохурии Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

ва Прокурори генералӣ бо кормандони Кумитаи давлатӣ

13.04.2018, шаҳри Душанбе

 

Мувофиқи таъйинот истифода шудани замин ва пешгирӣ аз ғасби замин ва сохтмонҳои худлсарона дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ боис мегардад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфта, талаботи мардум дар бозори истеъмолӣ таъмин нагардад.

Инро ба инобат гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои заминдоронро таҳия ва мавриди амал қарор додааст.

Бо вуҷуди тафтишҳои пайдарпай ва назорат аз болои иҷроиши бандҳои алоҳидаи қарору конун ва кодексҳои марбута, то ҳол дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.

Дар асоси дастуру Ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо мақомоти прокуратураи мамлкат ниҳоди мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, дар асоси он бо кормандони марбута машварату вохӯрӣ ва сӯҳбатҳои фаҳмонидадиҳӣ мегузоранд.

Дар ҳамин замина дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намоянда аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Прокуратураи генералӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баромад иброз гардид, ки бо вуҷуди он, ки солҳои охир диққати ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ин масъала ҷалб шудааст, вале дар ин самт камбудиҳо то ҳол хеле зиёданд. Зеро дар ду соли охир қонуншиканиҳо 15 маротиба афзудааст.

Чун Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ниҳоди аслии танзимкунандаи муносибат бо замин аст, бояд дар ин самт пешоҳанг бошад ва нагузорад, ки ҳолатҳои худсарона ишғол гардидани замин ва ғайритаъйинот истифода шудани он рӯх диҳанд.

Мувофиқи ҳисоботҳо дар даҳ соли охир қариб 23 ҳазор гектар замини худсарона ишғолкардашуда ба ҳолати аввала баргардонида шуда, зиёда аз 5 ҳазору 600 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар натиҷаи хунункназариҳо дар ин самт 52 ҳазору 800 гектар замини корами обӣ кам шудааст, ки албата ин омил ба кам шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсир мерасонад. Тавре гуфта шуд бояд риояи қонун қарорҳо ва кодексҳои марбута ба одати ҳамарӯзаи мо табдил ёбанду дар самти истифодаи самараноки замин камари ҳиммат банданд ва дар самти иҷрои нишондодҳои қонун ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулиятшинос бошанд.

Бояд гуфт, ки дар давоми беш аз 26 соли истиқлолият бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат зиёда аз 130 ҳазор гектар замин ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда дода шудааст.

Тавре таъкид шуд мувофиқи нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе барномаи васеъшавии пойтахт давоми чанд соли оянда аз ҳисоби заминҳои шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ бояд давоми ин солҳо дар заминҳое, ки бо ин мақсад ҷудо гардидаанд бояд аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ қарорҳои вобаста намудани замин бо мақсади бунёди инфрасохтор ва иншооту манзилҳои истиқоматӣ содир накунанд.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/