31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон


20.03.2018, шаҳри Душанбе

IMG 4164Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тамоми анъанаву расму суннатҳои некаш хотирмону диданӣ буд.

Ҳини табрикоти наврӯзиаш Раиси Кумитаи давлатӣ Ҳакимзода Қурбон қайд намуд, ки воқеан Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ ва инсондӯстиву хайрхоҳӣ дар баробари ин ҳама шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табииро тарғиб мекунад.

Боиси ифтихор ва сарбаландии бузург аст, ки бо омадани баҳори сабздоман соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯзро ҳамчун рамзи нурфишонии хуршед, шукуфоии табиат, пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, нерӯи некӣ бар бадӣ, фарорасии айёми киштукори марди деҳқон, бедории тамоми мавҷудоти олам бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирем.

Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз дигар давлатҳои Ховари миёна қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Дар ин маҳфили идона дувоздаҳ шаҳру ноҳия, ки беҳтарин хони наврӯзӣ, беҳтарин суруди халқӣ, таъоми миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллиро пешниҳоди иштирокчиёни ин чорабинӣ ва аъзои ҳакамон гардонида буданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Базми наврӯзии кормандони Кумитаи давлатиро ҳунармандони боистеъдоду овозадори кишвар Парда Қосим, Ҷовидон Зафар, Сарвиноз Юсуфӣ, Муслима Қодирова, Сироҷиддини Фозил ва Убайдуллои Каромат бо суруду таронаҳои наврӯзӣ шукуҳу шаҳомати идона бахшиданд.

IMG 4364

IMG 4030

IMG 4296

IMG 4153

IMG 4000

IMG 3994

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/