31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Кумитаи давлатии

идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.09.2017, шаҳри Душанбе


chorabini istiqloliyatИмрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи солгарди 26-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти кумита, намсояндагон аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кормандони сохтору ниҳодҳои зертобеъ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Давоми ин солҳо дар баробари дигар самту соҳаҳо истифодаи самараноки замин ва таъмини ҳуқуқии истифода аз он тақвият ёфта, ба рушуду пешрафти соҳа оварда расонд.

Ҳамчунин дар ин чорабинии тантанавӣ намоянда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ин ниҳодро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи солгарди истиқлолияти давлатӣ табрику шодбош гуфта, ҳамчунин ҷоизаи давлатиро ба корманди фаъоли кумита супурд.

Роҳбарияти кумита низ дар навбати худ кормандонро ба ин санаи фархунда муборакбод намуда, ба чанд нафар аз собиқадорону кормандони фаъол ифтихорнома ва дигар ҷоизаву туҳфаҳо  қадрдонӣ намуд.

Тавре гуфта шуд истиқлдолият неъмати бебаҳо, рамзи умеду орзу ва заминаи шукуфоиву созандагӣ ва ободкориҳои Вата наст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро соҳиби ин истиқлолият ва соҳиби ин марзу бум шуморида барои пойдории давлати соҳибистиқлол фидокорона фаъолият намуда дар рушуди бемайлони Тоҷикистон дар оянда саҳм гузорад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни дарки амиқи моҳияти ислоҳоти замин ва фарҳанги истифодаи он афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ғайриимкон аст. Ин аст, ки Кумита дар ин самт тадбирҳои амалиро мавриди иҷро қарор дода ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои ислоҳоти соҳа ва ба деҳқон додани замин як қатор сандҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул ва дар амал татбиқ карда шуданд.

То имрӯз бо мақсади татбиқи қарору фармонҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти ислоҳоти соҳа дар маҷмӯъ беш аз 170 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ташкил карда шудааст. Аз соли 1991 то инҷониб 128.4 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ зиёд шуда, ба беш аз 1 миллион оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидазиёда аз 570 нафар бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд.

chorabini istiqloliyat 1

chorabini istiqloliyat 2

chorabini istiqloliyat 3

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/