31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёди боғ дар заминҳои корами лалмӣ, партов, чарогоҳ ва талу теппаҳо

boghКумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои банди 15 Нақша чорабинии оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд, маълум менамояд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 31 августи соли 2012 «Дар бораи Барномаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қабул гардида, мақомоти идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар самти азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд. Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 1536 гектар, аз он 1498 гектар заминҳои корами обёришаванда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд, аз ҷумла: дар (н. Рӯшон) ВМКБ – 3 гектар, дар вилояти Суғд 94 гектар, аз он 65 гектар обӣ (Спитамен 53 гектар обӣ, Б.Ғафуров 41 гектар, аз он обӣ 12 гектар); дар вилояти Хатлон 1364 гектар, аз он 1357 гектар обӣ (Н.Хусрав 60 гектар обӣ, Вахш 37 гектар, аз он 32 гектар обӣ, Ҷайҳун 1265 гектар обӣ, ш.Қӯрғонтеппа 2 гектар) ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 75 гектар, аз он 73 гектар обӣ (Тоҷикобод 32 гектар, аз он обӣ 30 гектар, Сангвор 23 гектар обӣ, Лахш 20 гектар обӣ). Илова бар ин, аз ҳисоби заминҳои партов 37 гектар обӣ, чарогоҳ 467 гектар, аз он обӣ 70 гектар обӣ, дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ 281 гектар аз он обӣ 242 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар онҳо боғ бунёд карда шудааст. 

Ҳамагӣ заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридкардашуда, якҷоя бо боғот дар соли 2016 майдони умумии 2321 гектар, аз он обёришванда 1847 гектарро ташкил дод. Дар соли равон тибқи қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои азхуд намудани заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва холимонда вазифадор шудаанд.

 Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои банди 15 Нақшаи чорабинии мазкур, бо кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо мавзеи бунёди боғҳоро дар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳои талу теппаҳо дар майдони 245, 91 гектар муайян ва барои ниҳолшинонӣ омода намуданд. 

Айни замон кумитаҳои идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо бунёди боғҳоро дар заминҳои корами лалмӣ, партов, чарогоҳ ва талу теппаҳо дар майдони 125,91   гектар таъмин намудаанд. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 88,5 гектар, вилояти Суғд 95 гектар, ВМКБ 3,81 гектар ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 58,4 гектар мебошад.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/