No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ин ҷашни аҷдодиро, ки ҳамакнун бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст, таҷлил намуданд. Дар ин рӯз чун анъана хони наврӯзӣ густурда шуда, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар расму анъанаҳои хосси миллати кӯҳнабунёди тоҷик ба маъраз гузошта шуда буд. Рангобарангии намоишгоҳро ҳамчунин сабзаҳои наврӯста, хони «Ҳафт син»-у «Ҳафт шин», чеҳраҳои болидаи гулдухтарон, ки либосҳои баҳориро ба тан карда буданд, таровати дигар мебахшид. Барномаи рангини фарҳангӣ ва таманниёти неки роҳбарият ва кормандони кумита боиси боз ҳам ҷолибтар гардидани ин ҷашни миллӣ гардид. Дар доираи риояи анъанаҳои неки наврӯзӣ, ки дастгирии қишри ниёзманд яке аз онҳо маҳсуб меёбад, хатнасури як гурӯҳ тифлакони дӯстрӯйи кормандон дар доираи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ин тифлакони хушбахти даврони истиқлолият бо чеҳраи болида ва дар канори волидон дар якҷоягӣ ин рӯзи хурсандияшонро таҷлил намуданд. Аз ҷониби Кумита ба соҳибҷашнҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Дар тантнаҳои идона ҳамчунин зерсохторҳои Кумита аз вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб низ ширкат намуда, дастовардҳо ва дастрахони наврӯзии худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Суманак, ки яке аз шириниҳои аслии ин ҷашни бостонӣ аст, бо як дилгармии хос ва бо мақсади фаровонию баракати рӯзгор аз ҷониби бонувон омода гардид.

Барномаи фарҳангӣ, иборат аз суруду таронаҳои ҷолиби баҳориву наврӯзӣ ва васфи диёри нозанин шукӯҳи дигаре ба ин базми Ҷамшедӣ бахшид. Ҳамин тавр кормандони Кумита Наврӯзи байналмилалиро бо шодию хурсандӣ, меҳру муҳаббат ва дастархони пур аз файзу баракат истиқбол намуданд

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/