No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Шаффофият

IMG 5320Ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, ҷамъиятӣ, хоҷагии ёрирасон, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмон, таъмин намудан бо Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, ташкили кооперативи кишоварзӣ, баррасии аризаҳои шикоятӣ дар ин самт ва монанди ин аз масъалаҳои ҳалталабеанд, ки самти асосии фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба он вобаста аст. Маҷаллаи «Сарзамин» ба унвони як ниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки фаъолият ва бурду бохти кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор диҳад.  

Ин навбат бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз вазъи хизматрасониҳо дар соҳаи истифодаи замин, самаранок истифода бурдан ва тақсимоти боадолатонаи замин, қонуншиканиҳо дар ин самт, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мо ҳайати эҷодии маҷаллаи «Сарзамин» аз Кумитаи идораи замини вилояти Суғд боздид ба амал овардем. Нахуст бояд таъкид дошт, ки танҳо дар доираи масъалаҳои зикршуда ба Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10 307 мактубу аризаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ворид шуда, мавриди баррасиву арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Сарфи назар аз он ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ дар масъалаи ҷудо кардану истифодаи самараноки замин тадбирҳои зиёди муассир роҳандозӣ шудааст, вале аз санҷишҳо маълум аст, ки шахсони масъул ҳанӯз ҳам хилофи қонун амал мекунанд. Тавре маълум гардид дар ин давра аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 1186 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони беш аз 497 га муайян карда шудааст. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи идораи замини вилоят нисбати қонуншиканиҳои ҷойдошта протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умуми 418 070 сомонӣ ҷарима баста шудааст.  Ҳамзамон вобаста ба масъалаи мавриди назар 17 мавод ба мақомоти судӣ равона карда шуда, то ин муддат аз тарафи мақомоти мазкур нисбати 3 адад мавод чора андешида шудааст.

       Роҳбарияти Кумитаи идораи замини вилоят баҳри беҳтар намудани 5496 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш ба маблағи 5093 ҳазор сомонӣ корҳоро ба нақша гирифтааст.

Дар доираи  иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №13/5-17 аз санаи 15 майи соли 2009) оиди ба ҳар як оила ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ то 0,15 гектар аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои марбута ва амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин», инчунин барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми ноябри соли 2010 тасдиқ шудааст, ҳамагӣ 89 614 адад оилаҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар майдони 8 061 гектар бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шудаанд.

Кумитаи идораи замини вилоят ҷиҳати тақсими шаффофу одилонаи замин барои оилаҳои эҳтиёҷманд чораҳои зарурӣ меандешад, то ин ки Комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ надиҳанд.

 «Сарзамин»

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/