Требования на письменные обращения
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шахси воқеӣ дар муроҷиати хаттӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳали воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиатро дарҷ намуда, онро имзо намояд. Дар муроҷиати шахси ҳуқуқӣ бояд номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, сана, рақами содиротӣ ва муҳтавои муроҷиат нишон дода шаванд. Муроҷиат бояд аз ҷониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад. Ҳангоми зарурат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тасдиқи ваҷҳҳояшон ҳуҷҷатҳо (мавод) ё нусхаи онҳоро ба муроҷиати хаттиашон замима менамоянд.
Суроғаи почтавии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734002, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзӣ 50
Номи мақомоти давлатӣ
Суроғаи почтавие, ки
бояд ҷавоби муроҷиат
фиристода шавад
Матн ва муҳтавои
муроҷиат ё шикоят
Сана ва имзои шахсӣ