31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Протоколи

ҷаласаи васеъи кормандони Кумитаи давлатии идораи

замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«11» апрели соли 2018                           №1                      ш. Душанбе

Иштирок доштанд: ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, сардори раёсати кишоварзӣ ва муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло,муовини якуми раис А.Каримзода, муовинони раис С.Давлатзода, З.Абдуллозода, директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул” Р.Умариён, кормандони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи марказӣ, раисону муовинони раисони кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суӯду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, директорони корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ӯайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо.

     Ҷаласаро раиси Кумитаи давлатӣҚ.Ҳакимзодакушода, ҳозиринро бо рўзномаи ҷаласа       шинос намуданд.

 

                               РӮЗНОМАИ ҶАЛАСА:

 1. Амалӣ гардонидани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли 2018 баён доштанд.

      

         Раиси Кумитаи давлатӣҚ.Ҳакимзодаоид ба масъалаи рўзномаи ҷаласа суханро ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М.М. дод. Ӯқайд намуд, ки содиршавии ҷинояти худсарона ишѓол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона торафт афзуда, дар даҳ соли охир қариб понздаҳ баробар зиёд шудааст. Ҳарчанд зиёда аз 5600 парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шудааст, лекин то ба ҳол ин проблемаи ҷиддӣҳал нагардидааст. Вохурии имруза бо мақсади пешгирӣ намудани ин падидаҳои номатлуб баргузор гардида истодааст.

Сипас, сухани навбатӣ ба Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Ю. А. дода шуд.

Дар баромад қайд карда шуд,ки имруз мазмуну муҳтавои суханронии Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин мулоқот таҳлил намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешида шавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 6 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба замин ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии
батанзимдарории муносибат
ҳои вобаста ба замин, яъне Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин сохторҳои маҳаллии он вогузор карда шудааст.

Пешвои миллат бо нигаронӣ аз вазъи риояи қонунгузории замин қайд намуданд, ки бо дахолати прокуратура дар 10 соли охир 23 ҳазор гектар замини худсарона ишѓолкардашуда ба ҳолати аввала
баргардонида шудаанд.

Дар давраи истиклолият бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат 130 ҳазор гектар замин ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истикоматӣ тақсим карда дода шуда, 7 миллион нафар сокинони кишвар соҳиби қитъаи замин гардида бошанд ҳам, дар натиҷаи фориѓболии баъзе сохтору мақомот ва одилона ба роҳ намондани тақсимоти замин ҷиноятҳои   зикршуда рух дода истодаанд.

Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 январи соли 2006 дар заминҳои барои дурнамои рушди шаҳри Душанбе пешбинигардида сохтмони асосӣ ва шинонидани ниҳолҳои бисёрсола манъ шудааст, вале талаботи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб ва Рудакӣ риоя нагардида, дар 8 ҳазор гектари ин заминҳо, аллакай, манзилҳои истикоматӣ, иншооти иҷтимоӣ ва ҳизматрасониву маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои дигар бунёд карда шудаанд.

Новобаста аз ҷораҳои пайваста андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ѓайриконунии замин, худсарона ишѓол намудан ва дар онҳо ѓайриконунӣ бунёд намудани манзилҳои истиқоматӣ, риоя накардани қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо аз байн нарафтаанд, ки чунин омилҳо метавонанд боиси боз ҳам кам гардидани заминҳон таъиноти кишоварзӣ, бахусус заминҳои корам гарданд.

Агар соли 2007 заминҳои корам 714200 гектарро ташкил медод, пас дар соли 2017 ин нишондод ба 661400 гектар расида, 52800 гектар кам шудааст.

Агар камшавии заминҳои корам бо чунин суръат идома ёбад, бо ба инобат гирифтани зиёдшавии аҳолӣ дар 50 соли оянда қариб нисфи заминҳои корам, бахусус обӣ кам гардида, сабабгори ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани сиёсати давлат дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар шуда метавонад. Рафти азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бошад, ба талаботи имруза ҷавобгу нест.

Ҳамасола бинобар набудани назорати дуруст оиди
самаранок истифодабарии замин
ҳо ва кори ѓайриқаноатбахши ҳоҷагидорӣ миқдори зиёди заминҳо бидуни ягон сабаби объективӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд. Дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 12830,16 га, аз ҷумла 10247,24 га замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондаанд (вилояти Хатлон-6023,61 гектар замини корам, аз он 5069,7 гектар обӣ, Сугд-6495.94 гектар замини корам, аз он 5014.11 гектар обӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-310,61 гектар замини корам, аз он 163,43 гектар обӣ). Ба ѓайр аз ин, дар ҷумҳурӣ 30163 га (аз он 25318 га обӣ) заминҳои партов мавҷуд аст, ки солҳои тулонӣ мавриди истифодаи кишоварзӣқарор надоранд. Зарари иқтисодии истифоданагардидани ин заминҳо миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.

Таъмини аҳолӣ бо манзилҳои истиқоматӣ ва ҳифзу самаранок истифода шудани заминҳои кишоварзӣҳадафи асосии сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо ин мақсад аз ҳисоби дигар заминҳо (талу теппаҳо ва доманакуҳҳо) барои ҷойгир кардани маҳалҳои аҳолинишин қитъаҳои замин ҷудо карда истодааст. Мутаассифона,теъдоде аз шаҳрвандонкушиш менамоянд, ки аз ҳисоби заминҳои ҳамвори корами обӣ, ки наздик ба марказҳои шаҳру шаҳракҳо
мебошанд, со
ҳиби замини наздиҳавлигӣ гарданд. Барои ноил шудан ба ин ниятҳои худ онҳо дар аксар маврид бо ҳар роҳу восита ва бо мусоидати шахсони масъул чунин қитъаҳои замини пурқиммати ҳосилхезро худсарона ишѓол ё ѓайриқонунӣ бо маблаѓҳои калони пули
харидор
ӣ намуда. бо чунин роҳ мехоҳанд соҳиби манзили истиқоматӣ гарданд.

Аз ҷониби ситоди ташкилнамудаи Прокуратураи генералӣ танҳо дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ 970 ҳолати додан ва хариду фуруши ѓайриқонунии 209 гектар замин ба маблаѓи 45 миллион сомонӣ ошкор карда, аз ин 5 миллион сомонӣ барқарор ва майдони зиёда аз 43 гектар
китъаи замини
ҳудсарона ишѓолнамуда ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Инчунин 250 манзили истиқоматии ѓаӣриқонунӣ сохташуда бо аризаҳои даъвогии пешниҳодгардида давлатӣ кунонида шуданд.

Ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандон худсарона ишѓол намудани қитъаҳои замин ва дар онҳо ба амал баровардани       сохтмонҳо бошанд, ҳамчун қонунвайронкунии бештар ва маъмули замин боқӣ монда, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд.

Бинобар ин, баҳри пешгирӣ намудани ҳолатҳои худсарона ишѓол кардан, хариду фуруши ѓайриқонунии қитъаҳои замин ва ҷиҳати пурзур намудани ҷазо барои ин амалҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид
ба ворид намудани таѓйиру илова
ҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Яке аз сабабҳои зиёдшавии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи самаранок ва оқилонаи замин аз як тараф бемасъулиятию бепарвоии заминистифодабарандагони аввалиндараҷа – ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бошад, аз тарафи дигар дар тақсимоти ѓайриқонунии замин ҳамиштирок ва манфиатдор будани як қатор масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла баъзан ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошад.  

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот воҳиди кории муҳандис-заминсози ҷамоат фаъолият дошта, вазифаи у тибқи муқаррароти қонунгузорӣ назорати истифода ва ҳифзи заминҳо мебошад.

Вале ба ҷои пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани конунвайронкуниҳои замин ин кормандони мақомоти давлатӣ аз ҳама бештар худ даст ба амалҳои ѓайриқонунӣ мезананд.

Аз ин ру, мақомоти маҳаллии идораи заминро зарур аст, ки назоратро ба истифодабарии дурусти заминҳо дар ҳудудҳои шаҳраку деҳот низ пурзур намуда, ҷиҳати пешгирӣ, ошкору бартарафсозии конунвайронкуниҳо ҷораҷуӣ намоянд.

Омўзиши қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба замин, бахусус дар мавриди аз як гурўҳ ба гурўҳи дигар гузаронидан ва ҷудо намудани қитъаҳои замин нишон медиҳад, ки на дар ҳама маврид талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя карда мешаванд.

Танҳо дар 10 соли охир аз ҷониби прокурорҳо ба 4500 қарорҳои ѓайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба вайрон намудани талаботи конунгузории замин эътироз оварда шудааст.

Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки қарорҳои ѓайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба замин дар заминаи парвандаҳои заминсозӣ, ки аз ҷониби мутахассисони мақомоти идораи замин омода
мегарданд,
қабул карда мешаванд. Яъне, асоси чунин қарорҳо ҳуҷҷатҳои заминсозист!

Бинобар ин. мутахассисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо бояд ҳангоми омода намудани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, бахусус парвандаҳои танзими замин оиди ҷудо ё вобаста намудани қитъаҳои замин бо дарки баланди масъулият муносибат карда, дар ягон
ҳолат ба хотирбинӣ, иҷрои супоришҳои ѓайриқонунӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо роҳ надиҳанд.

Тибқи муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон уҳдадоранд заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд.

Гарчанде. ки аз руи талаботи Кодекси мазкур назорати истифода ва ҳифзи заминҳо ба зиммаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо вогузор гардида бошад ҳам, бинобар ҷой надоштани назорати дахлдор, мутаассифона, бархе аз роҳбарон ва саҳмдорони ташкилотҳои кишоварзӣ озодона даст ба тақсим ва фуруши заминҳои кишоварзӣ мезананд.

     Бо мақсади тақсимоти шаффофу одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот комиссияҳои ҷамъиятӣ созмон дода шудаанд.

Вале санҷишҳои прокурорӣ собит менамоянд, ки кори баъзе комиссияҳо оид ба тақсимоти қитъаҳои замин ба шахсони эҳтиёҷманд дар баъзе шаҳру ноҳияҳо чандон ҷавобгуи талабот нест.

Танҳо дар давоми як соли охир бо натиҷаи санҷишҳои мақомоти прокуратура ҳолати ба 112 нафар шахсони зҳтиёҷманд набуда аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ша
ҳрҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ѓайриқонунӣ тақсимот ва додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ошкор карда шуд.

Дар асоси эътирозҳои прокурорӣқарорҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ бекор ва шахсони номбурда аз руйхат хориҷ карда шуданд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 октябри соли 2010 таҳти №513 аз ҳисоби заминҳои ҳоҷагиҳои деҳконӣ, ёрирасони шаҳсии шаҳрвандон ва дигар заминҳо масоҳати 215,2 гектар замин гирифта,барои тақсимот ба 1690 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи
ша
ҳри Кулоб дода шудааст. Вале минбаъд тақсимоти заминҳон мазкур аз ҷониби мақомоти идораи замини шаҳр ва дигар масъулони комиссияи манзил ва ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шахсони воқеаӣ аз офати табиӣ осебдида одилона тақсим карда нашуда, аз ҳисоби заминҳои мазкур ба 39 нафар шахсони алоҳидае, ки аз офати табиӣ ягон зарар надидаанд, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣҷудо карда шудааст.

Ҷиҳати дар оянда роҳ надодан ба чунин қонунвайронкуниҳо лозим шуморида мешавад, ки раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо, ки аъзои фаъоли комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, назоратро ба тақсимоти одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин ва баҳри ба оилаҳои воқеан эҳтиёҷманд додани онҳо чораандешӣ намоянд.

Ҳодисаҳои суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ,баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, сохтакории хизматӣ ва бинобар манфиатдории шахсӣ даст задан ба қаллобию ѓаӣриқонунӣ додани
замин
ҳо дар байни кормандону масъулони мақомоти идораи замин ҳануз ҳам ҷой доранд, ки чунин кирдорҳои коррупсионӣ ба обрую нуфузи мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Чунин ҳодисаҳо зиёд ба назар расида, танҳо дар давоми 2 соли охир нисбати 57 нафар кормандони кумитаҳои идораи замин дар содир намудани ҷиноятҳои гуногуни мансабӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оѓоз карда шуданд.

Дар охир Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дастуру супоришҳои дар ин мулоқот ироанамудаи Пешвои миллат, бешубҳа, дар худ барномаи мукаммали фаъолияти мақомоти давлатиро дар самти таъмини қонуният дар ҷомеа таҷассум намудааст. Аз ин хотир, ҳар кадоми мо вазифадорем ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин дастуру супоришҳо тадбирҳои зарурӣ андешем.

Дар охир бо сухани хотимавӣ раиси Кумитаи давлатӣҚурбонҲакимзодабаромад намуда, ҷиҳати иҷрои   дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура санаи 13 марти соли 2018 баён гардида буд, рўзи 15 марти соли равон вохўрии роҳбарияти Кумитаи давлатӣ бо кормандони кумитаҳои идораи замини ВМКБ, вилоятҳои Суѓду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул” дар маҳалҳо баргузор карда шуд.

       Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентииназоратидавлатиимолиявӣвамубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣякҷоябо Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон 12 маротибадаршаҳруноҳияҳоиВосеъ, Рашт, Рӯдакӣ, Варзобсанҷишҳо гузаронида хулосаҳоидахлдорпешниҳодгардидааст. ТибқимактубиСарпрокуратураиҳарбииҶумҳурииТоҷикистонсанҷишиҳолатиистифодабариизаминҳоивазоратуидораҳоиҳарбииҶумҳурии ТоҷикистонродаршаҳриЛеваканти вилояти Хатлон, ноҳияҳоиРӯдакӣваВарзоб санҷишнамудаазнатиҷаионхулосаҳопешниҳод гардидаанд. Айни замон дар асоси мактубҳоиПрокуратураигенералииҶумҳурииТоҷикистонсанҷишириояи қонунгузориизаминдарноҳияҳоиПанҷивилояти Хатлон, Айнии вилояти СуӯдвашаҳриТурсунзодамавридисанҷишқарордодаистодаанд.

Дар асоси мактубҳоиКумитаидавлатииамниятимиллииҶумҳурииТоҷикистон 6 маротибакормандони Кумитаи давлатӣбаноҳияҳоиВосеъ, ҶайҳунивилоятиХатлон, шаҳруноҳияҳоиДушанбе, Ваҳдат, РӯдакӣваШаҳринав сафарбар карда шуда, аз натиҷаисанҷишҳогузаронидашудахулосаҳопешниҳод карда шудааст.

       ТибқимактубиАгентииназоратидавлатиимолиявӣвамуборизабокоррупсияиҶумҳурииТоҷикистонсанҷишиқитъаҳоизамининоҳияиРӯдакӣгузаронидашуда хулоса пешниҳодгардидааст.

         Дар охир раиси Кумитаи давлатӣқайд намуданд, ки аз ҷаласаи имрўза кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ хулосаи зарурӣ бароварда баҳри таъмини қонуният дар самти вобаста ба замин ва бартараф намудани камбудиҳои дарҷгардида нақшаи чорабиниҳо тартиб дода мешавад.Инчунин, ҷиҳатиамалӣ гардонидани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли 2018 баён доштанд, бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва бартарафкунии вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи замин тадбирҳои заруриро меандешад.

     Бо ҳамин ҷаласаи васеъи кормандони Кумитаи давлатӣ ба анҷом расид.

 

                                   Раис                            Қ.Ҳакимзода

 

                                 Котиб                         А. Отабеков

 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj