No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон кишвари камзамин аст. Ба хотири он, ки 97 фоизи Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад ва заминҳои ҳамворӣ ва қобили кишт хеле кам аст истифодаи самараноки замин дар авлавияти сиёсати аграрии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.  Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид шуда буд, кормандони идораи замин ва корхонаи фаръии давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Рӯдакӣ  ба ҳашар баромада дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳия дар масоҳати 5 гектар заминҳои партов ва таллу теппаҳо зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинониданд. Дар ин амали дастаҷамъона наздики 200 нафар кормандони ин ниҳоди ноҳия ширкат намуданд. Тавре таъкид шуд ин мавзеъ солҳои сол бекор хобида буд ва таваҷӯҳе дар самти азхудкунии он ба назар намерасид. Инро ба инобат гирифта кормандони кумитаи идораи замин талош намуданд то бо ин амали худ заминҳои бекорхобидаро аз сари нав ба гардиши кишоварворид намоянд. Шинонидани ниҳоли дарахтон дар доираи риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, барои сабзиши мӯътадили онҳо дар оянда низ аз ҷониби кормандон тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Чун шинонидани ниҳол агар як тарафи масъала бошад нигоҳубини он ва назорати сабзиши боғҳои нав тадбирҳои иловагӣ ва ғамхориҳои бештарро талаб мекунад. Ба андешаи мутахассисони соҳа бунёди боғ дар чунин мавзеъҳо ва нигоҳубини дурусти онҳо боиси серҳосилии дарахтони мевадиҳанда гардида, дар ҳамин ҳамина иқтидори содиротии мамлакат меафзояд. Чунин тадбирҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

           Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумита дар 64 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар майдонҳои аз 5 то 10 гектар заминҳои партов ва таллу теппаҳо чунин боғҳо бунёд карда хоҳанд шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ айни ҳол дар Ҷумҳури бештар аз 30 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида ва партов мавҷуданд, ки ин тадбирҳо боиси кам гардидани ин рақам ва афзоиш ёфтани заминҳои ба гардиши кишоварзӣ баргардонидашуда мегардад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/