31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳ И С О Б О Т И

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»

дар нӯҳ моҳи соли 2018

 

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Оиннома ва нақшаи кории Корхона ба роҳ монда, якқатор корҳоро ба анҷом расонид.

Мутахассисони Корхона дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории Кумитаи давлатӣ оид ба мукаммалгардонии қонунҳои амалкунандаи соҳа дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин фаъолона ширкат варзиданд:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” аз 02.01.2018, №1502 қабул гардид ва иҷрои он дар корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ мавриди амал қарор дода шуд;

- «Қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул» дар таҳрири нав, бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 08.01.18, №4 тасдиқ гардида, аз 19.01.18 таҳти №750вдар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд;

- «Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда» бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 08.01.2018 таҳти №5 тасдиқ гардида, дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №916 аз 11.01.2018 ба қайд гирифта шуд;

- «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» таҳия гардида, бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 12.04.2018 №37 тасдиқ карда шуда, дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №925 аз 23. 04.2018 ба қайд гирифта шуд;

- санади меъёрии ҳуқуқӣ «Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ» бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 13.06.2018 №51 тасдиқ карда шуда, дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 925 аз 23.04.2018 ба қайд гирифта шуд;

- санади меъёрии ҳуқуқӣ «Шакли намунавии шартномаи иҷораи қитъаи замин» таҳия гардида, бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 04.07.2018 №53 тасдиқ гардид;

- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодаи қитъаи замин дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд;

- лоиҳаи «Тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ва музднок додани қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо» таҳия гардида, барои мувофиқа ба Кумитаи давлатӣ ва Гурӯҳи кории қонунгузорӣ пешниҳод гардид;

- лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав омода гардида, барои мувофиқа ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда шуд;

- лоиҳаи «Дастурамал оид ба тартиби пешбурди харитаҳои маҳалли кадастрӣ (навбатдорӣ)» таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад;

- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2007, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» таҳияи гардида, барои баррасӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд;

- таклифу мулоҳизаҳо ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда шуд;

   - оид ба иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 26.04.2018, №285 «Дар бораи эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замини зери бинову иншоотҳо» ҳар рӯзи ҷумъаи ҳафта дар назди муовини якуми раиси Кумитаи давлатӣ ҷаласаи корӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндаҳои дастгоҳи марказии Корхона ва корхонаи бақайдгирии шаҳри Душанбе ширкат меварзанд. Бо мақсади иҷрои қарори мазкур корҳои баруйхатгирии техникӣ оид ба бартарафсозии биноҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ ва иншоотҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шуданд;

- мониторинги фаъолияти корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Рӯдакӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои нақшаи корӣ, сифати анҷомдиҳии амалиётҳои бақайдгирӣ ва пешбурди ҳисоботҳои ҷорӣ гузаронида шуд, ба мутахассисони корхонаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ёрии амалӣ расонида шуд.

   Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисии Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017 ироа гардидаанд, иборат аз 17 банд тартиб дода шуда, бо фармони директори Корхона аз 17.01. 2018, №38 тасдиқ ва барои корбарӣ ба корхонаҳои тобеъ ирсол карда шуд.

Инчунин нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018 -2019 оид ба таъмини иҷроиши «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» иборат аз 13 банд тартиб дода шуда, бо фармони директори Корхона аз 23 январи соли 2018 №41 тасдиқ ва барои корбарӣ ба корхонаҳои тобеъ ирсол карда шуд. Дар ин раванд Намояндагиҳо дар вилоятҳо аз рӯи ҷадвали тартибдодашуда, бо кормандони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои зикргардида гузарониданд. Ҷиҳати пешгирию пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ва омилҳои хусусияти коррупсионидошта бо кормандони корхонаҳои тобеъ вохӯриҳо гузаронида мешавад. Вобаста ба ин дар соли ҷорӣ вохӯрии мутахассисони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият ва кормандони корхонаҳои тобеъ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бо Ватанзода М.М - мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Юсуф Раҳмон - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби директори корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ мактубу дархостҳо ва муроҷиатҳои воридшуда тибқи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд:

       - супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои банди 4-уми «Нақшаи кории Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» аз 28.04.18, №10-(28-3) баррасӣ гардида, гузориши муфассал оид ба фаъолияти Корхона дар давраи солҳои 2015-2018 бо назардошти маълумоти таҳлилӣ аз 08.05.18, №1/22-1638(9.35) пешниҳод карда шуд;

- оид ба иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2018, №24/10-5 Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Раёсати корҳои Кумитаи давлатӣ аз 28.03.18, №2/14-147(6) пешниҳод карда шуд;

- супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.03.18, №3 «Оид ба муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо ба категорияҳои заминҳои зери иншоот» баррасӣ гардида, ба КДФ «Бақайдгирии молу мулкиғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои он ҳар семоҳа маълумот пешниҳод намоянд;

    - лоиҳаи сармоягузории «Гузаронидани бақайдгирии молу мулки ғайри-манқул дар ноҳияҳои пилотӣ», ки гузаронидани корҳои заминсозӣ, геодезӣ-топографӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар бар мегирад, аз тарафи мутахассисони Корхона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои баррасӣ ба Кумитаи давлатӣ аз 18.12.17, №3/8-04-700 пешниҳод гардид;

- тайи ин давра аз тарафи мутахассисони Корхона 5 адад экспертизаи судӣ - заминсозӣ нисбати молу мулки ғайриманқул гузаронида шуданд;

   - тибқи нақшаи чорабиниҳо, ки бо фармони директори Корхона №48 аз 01.01.18 тасдиқ карда шудаст, дар моҳи феврал оид ба қонунгузории амалкунанда дар соҳаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо кормандони корхонаҳои тобеъ 7 семинар-машваратҳо гузаронида шуданд: 6 феврал бо мутахассисони корхонаи шаҳри Душанбе; 7-8 феврал дар бинои Кумитаи давлатӣ бо кормандони корхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; 15 феврал дар шаҳри Қурғонтеппа, 16 феврал дар шаҳри Кулоб, 21 феврал дар шаҳри Истаравшан ва 22 феврал дар шаҳри Хуҷанд;

     Намояндагиҳои Корхона дар вилоятҳо ба кормандони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо дар самти анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, дурусту бехато пур кардани ҳуҷҷатҳои Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо сифати баланд таҳия намудани парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ корҳои омӯзишӣ ва ёрии амалию ҳуқуқӣ гузарониданд.

       Бо мақсади омода намудани бақайдгирандагон дар корхонаҳои тобеъ моҳҳои март, апрел ва июл курси омӯзиши довталабон ба ҳайси бақайдгирандаҳо гузаронида шуда, аттестатсия доир карда шуд. Дар он 38 нафар довталаб иштирок намуда, 24 нафар ба саволҳо ҷавоби мусбӣ доданд ва барои ишғоли вазифаи бақайдгиранда мувофиқ дониста шуданд.

   Дар асоси «Тартиби пешбурди руйхати бақайдгирандагон», ки бо фармони директори Корхона аз 15.12.15, №520 тасдиқ шудааст, рӯйхати (феҳристи) электронии бақайдгирандагони корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ тартиб дода шудааст, ки он маълумоти пурраи 193 нафар бақайдгирандаҳоро дар бар мегирад. Ба ҳолати 01.09. 18 дар корхонаҳои фаръии бақайдгирии ҷумҳурӣ 165 нафар бақайдгиранда фаъолият доранд.

     Дар асоси санҷиши фаъолияти корхонаҳои минтақавии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Дӯстӣ, Ховалинг ва Мӯъминобод, нисбати 7 нафар бақайдгирандаҳои корхонаҳои зикргардида чораҳои интизомӣ андешида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба корхонаҳои фаръӣ супориш дода шуд.

   Раванди иҷрои корҳо ҷиҳати мавриди истифода қарор додани барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур дар 56 корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хати баландсуръати интиқолии VPN гузаронида шуда, алоқа бо сервери марказии Корхона барқарор гардидааст.

Бо дастгирии молиявии «Лоиҳаи USAID оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин» таҷҳизот барои серверҳо ва шабакаи VPN дастрас карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳои техникӣ барои ба барномаи асосии САБТ гузаронидани корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом дода шуд. Айни замон барномаи электронии САБТ дар 53 корхонаҳои минтақавии бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо, ба ғайр аз корхонаҳои тобеъ дар ВМКБ, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик, мавриди истифодаи кори асосӣ қарор дода шуда, амалиёти бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад.

Мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва намояндагиҳо бо кормандони корхонаҳои тобеъ, дар ин давра, чандин маротиба курсҳои омӯзишӣ оид ба истифодабарии барнома гузарониданд (ба истиснои корхонаҳо дар ВМКБ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ).

Ҳамарӯза ворид намудани маълумотҳо ба барнома аз ҷониби кормандони корхонаҳои тобеъ, инчунин қабул ва санҷиши интихобии онҳо дар сервери марказӣ аз тарафи мутахассисон ба роҳ монда шудааст. То охири соли ҷорӣ пайваст намудани корхонаҳои бақайдгирии ВМКБ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Корхона кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои таъмин намудани фаъолияти мунтазами барномаи САБТ алоқаи алтернативии интернетиро дар тамоми корхонаҳои минтақавӣ то охири соли ҷорӣ бо сервери марказӣ таъмин намояд.

Барои ҷорӣ намудани алоқаи алтернативӣ, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ IP адресҳои қаблӣ 131 ба IP 10 адресҳои нав (дорои пиринг) иваз карда шуда, насби онҳо дар роутерҳои корхонаҳои минтақавии вилояти Суғд ва Хатлон ба анҷом расонида шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки ҳангоми истифода аз барномаи САБТ дар маҳал раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул содда, шаффоф ва бо сарфи ками вақт амалӣ мегардад.

Бо мақсади пурзӯр намудани системаи бехатарӣ ва ҳифзи маълумотҳо корҳои техникӣ ҷиҳати насб намудани таҷҳизоти ҳифзкунандаи маълумотҳо дар сервери марказӣ (Fire Wall) гузаронида шуданд ва таҷҳизоти мазкур мавриди истифода қарор ёфт.

       Барои истифодабарандагони барномаи САБТ “Дастурамал оид ба истифодабарии Барномаи электронии “Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули Тоҷикистон” таҳия ва аз 11.06.2018, №182 тасдиқ гардид.

Дар сомонаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ (www.zamin.tj) саволу ҷавобҳо оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, заминсозӣ ва баруйхатгирии техникӣ ва маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхона дар соли 2018 ҷойгир кунонида шуд.

   Корхона фаъолияти худро дар самти таҳияи парвандаҳои заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, амалӣ менамояд. Дар нӯҳ моҳи соли 2018 ба Корхона 65 адад парвандаҳои заминсозӣ аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардидааст. Аз он 37 парвандаҳои заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шудааст. Айни замон, бо назардошти парвандаҳои заминсозии солҳои пешин воридшуда, 57 парвандаҳои заминсозӣ дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Ба Сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатӣ 44 парвандаҳои заминсозӣ, бо назардошти парвандаҳои солҳои қаблӣ воридгардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи минбаъдаи лоиҳаи қарор ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

   Ҷиҳати истифодабарии технологияҳои нав ва баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи заминсозӣ, мунтазам курсҳои омӯзишӣ оид ба истифодабарии барномаи харитасозии ArcGIS, истифодаи харитаҳои рақамӣ дар асоси аксҳои кайҳонӣ бо ёрии ин барнома, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ гузаронида мешавад. Мутахассисони корхонаҳое, ки имконияти дастрасӣ ба шабакаҳои доимоамалкунанда доранд, бо воситаи таҷҳизотҳои геодезӣ (GPS ва тахеометр) координатаҳои нуқтаҳои кунҷҳои гардиши қитъаҳои заминро муайян менамоянд. Шӯъбаи заминсозии Корхона бо ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» ва ИЛТ «Фазо» ва дигар сохторҳои Кумитаи давлатӣ дар самти таҳияи харитаҳои рақамӣ (электронӣ) бо мақсади истифодаи онҳо дар раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, истифодабарии суратнақшаҳо, маводҳои аз онҳо ҳосилшаванда, инчунин якҷоя ҳаллу фасл намудани муроҷиати шаҳрвандон, баррасии мактуб ва дархости идораҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногуни заминсозӣ ҳамкорӣ менамояд.

Барои беҳтар намудани сифати корҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, намунаи шакли нави парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ таҳия ва тасдиқ гардида, барои истифодабарӣ ба корхонаҳои минтақавӣ пешниҳод гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои банди 20 супориши Протоколи ҷаласаи назоратӣ дар назди раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.02.2018, №4 дастури хаттии Корхона аз 19.02.18 таҳти №1/7-87(6) ба тамоми корхонаҳои бақайдгирӣ ирсол гардида,онҳо вазифадор карда шуданд, ки гузаронидани корҳои баруйхатгирии техникӣ ва додани шиносномаҳои техникиро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ 44079 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (ВМКБ – 1011; вилояти Суғд – 13241; вилояти Хатлон – 15534; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 14293), аз он 5432 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (ВМКБ – 87; вилояти Суғд –2256; вилояти Хатлон – 1923; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1166), 278 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасон (ВМКБ – 25; вилояти Суғд – 79; вилояти Хатлон – 83; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 91), 33198 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (ВМКБ – 611; вилояти Суғд – 8915; вилояти Хатлон – 12304; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 11368), 704 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ   (ВМКБ – 2, вилояти Суғд – 291; вилояти Хатлон – 105; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 306), 4467 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар (ВМКБ – 286; вилояти Суғд – 1700; вилояти Хатлон – 1119; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1362) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминисти-фодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин давра 27286 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (аз ҷумла ҷудогона) ва иншоот (ВМКБ – 540; вилояти Суғд – 9000; вилояти Хатлон – 5203; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 12543) адад ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Инчунин 2706 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта шуд (ВМКБ – 171; вилояти Суғд – 679; вилояти Хатлон – 545; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1311). Аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он 32377 адад иттилоот дода шудааст (ВМКБ – 392; вилояти Суғд – 8211; вилояти Хатлон – 5525; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 18249).

Дар асоси моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бақайдгирии давлатии қитъаҳои замин ва ҳуқуқи идоракунии оперативии 9 адад объектҳои таъиноти махсус анҷом дода шуда, бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таьмин гардиданд.

Дар ҳамин давра аз ҷониби корхонаҳои тобеъ 40502 адад шиносномаҳои техникӣ таҳия гардидааст, ки дар натиҷа 24789 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (ВМКБ – 501; вилояти Суғд – 4639; вилояти Хатлон – 6783; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 12866) ва 15713 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ (ВМКБ – 103; вилояти Суғд – 5478; вилояти Хатлон – 2254; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7878) гузаронида шудааст. Инчунин 8439 адад дигар намуди корҳо (ВМКБ – 52; вилояти Суғд – 2851; вилояти Хатлон – 293; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 5243) ба иҷро расонида шудааст.

Тибқи дархости Кумитаи давлатӣ ҳар ҳафта маълумот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхона ва таъмин намудани муроҷиаткунандагон бо шаҳодат-нома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва шиносномаҳои техникӣ тартиб дода шуда, пешниҳод карда мешаванд.

Почтаи электронии Корхона info @ registr-ni. tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои фаръии тобеъ доимо фаъол буда, мактубҳои воридотӣ ва ҳисоботи даврӣ қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол карда мешаванд.

Бо мақсади ташкил намудани «Бойгонии электронӣ» дар бойгонии марказии Корхона ва корхонаҳои тобеъ сканеркунонии ҳуҷҷатҳо амалӣ шуда истодаанд.

Тайи ин давра ба Корхона 893 мактубу муроҷиатҳо ворид шудааст, аз он 179 адад супоришу протоколҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 адад барқиянома, 294 адад аз корхонаҳои тобеъ, 303 адад аз муассисаю ташкилоти мухталиф, 97 адад аризаи шахсони воқеӣ. Аз Корхона 541 адад мактубҳо ирсол карда шудаанд. Мактубу дархостҳо ва муроҷиатҳои воридшуда тибқи қонунгузории амалкунанда дар муҳлати муайянгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба муроҷиаткунандаҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд. Ҳамарӯза оид ба иҷрои корҳои ҷо ба ҷо гузории ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, ба иҷрокунандагон расонидани онҳо, ҷамъоварии ҷавобҳо ва ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол намудани он назорат бурда мешавад. Тайи ин давра вобаста ба масъалаҳои корӣ 352 адад фармон ба тасвиб расидааст.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 АП-983 бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон Корхона ва корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ин давра ба шахсони маъюбу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи таҷлили идҳои умумимиллӣ кӯмак ва ёрии хайрхоҳона дар намуди маҳсулоти хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва ғайра ба маблағи умумии 310320 сомонӣ расонида шуд. Инчунин дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз Корхона дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатӣ туйи хатнасури 7 нафар кӯдакро аз оилаи камбизоат гузарониданд.

Кормандони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо дар маъракаи таҷлили идҳои умумимиллӣ, корҳои бунёдкорию ободонӣ, кабудизоркунӣ, тозаю покиза намудани маҳаллаҳою шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда муташаккилона ширкат менамоянд. Вобаста ба пешвози таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои тобеъ дар маҳалҳо барои корҳои ободонию бунёдкорӣ муваззаф гардиданд ва умед аст, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд.

Корхона ва корхонаҳои тобеи он баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 №9-ф ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зеботар гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат ҳиссагузорӣ менамоянд. Баҳри таъмиру тармим, ободу зебо намудани гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳисоби Корхона ва корхонаҳои тобеи он ба маблағи 1400000 сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд. Кормандони дастгоҳи марказии Корхона ва корхонаи бақайдгирии шаҳри Душанбе мунтазам дар шанбегиҳо ширкат намуданд.

Нақшаи молиявии Корхона ва корхонаҳои тобеи он дар нӯҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 49723152 сомонӣ муқаррар карда шуда, иҷроиши он 62200111 сомониро ташкил дод, ки 125 фоизи нақшаро ташкил медиҳад (КВД «БММҒ» - 3116135 = 3474122, 125%, ВМКБ – 1277930 = 1291421, 101%, Суғд – 14087262 = 17597918, 125%, Хатлон – 12624516 = 16370701, 130%, НТҶ – 18617309 = 23465948, 126%). Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ Корхона ва корхонаҳои тобеи он ба буҷет ба маблағи 25562429 сомонӣ андоз (КВД «БММҒ» - 1692771 сомонӣ, ВМКБ – 313270 сомонӣ, Суғд – 7664433 сомонӣ, Хатлон – 5897850 сомонӣ, НТҶ – 9994105 сомонӣ) ва3036401 сомонӣ хироҷ (ВМКБ – 89030 сомонӣ, Суғд – 983332 сомонӣ, Хатлон – 1007366 сомонӣ, НТҶ – 956673 сомонӣ) пардохт намудааст.

Барои фароҳам овардани шароити хуби кории кормандон, қабули шаҳрвандон ва дар сатҳи лозима пеш бурдани раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, А.Ҷомӣ ва Восеъ сохтмони асосии бинои маъмурии корхонаҳо идома дорад. Дар нӯҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои тобеъ 2442081 сомонӣ корҳои сохтмонӣ асосӣ ва иловагӣ (Хуҷанд - 734163, Шаҳристон – 16000, Ҷ.Расулов – 249568, А.Ҷомӣ – 649907, Восеъ – 612200, Турсунзода – 180243) ба анҷом расонида шудааст. Инчунин дар ҳамин давра ба маблағи 277905 сомонӣ корҳои таъмирӣ карда шудааст.

Аз ҳисоби кормандони корхонаҳои тобеъ барои сохтмони бинои маъмурии корхонаҳо ба маблағи 775750 сомонӣ (Хуҷанд – 402700, Турсунзода – 275400, А.Ҷомӣ – 74850, Восеъ – 5800, Рӯшон – 2000) саҳмгузорӣ карда шудааст.

Барои корхонаи тобеъ дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи 101 000 сомонӣ бинои маъмурӣ таъмиру тармим карда шуда, ба маблағи 41 700 сомонӣ мизу курсӣ ва ҷевону лавозимоти дигар харидорӣ карда шуд. Инчунин барои корхонаи тобеъ дар шаҳри Ҳисор ба маблағи 744 000 сомонӣ бинои нав харидорӣ карда шуда, дар корҳои таъмиру сохтмонӣ рафта истодааст.

Барои харидорӣ намудани бинои нави маъмурӣ барои корхонаи тобеъ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби маблағҳои Корхона 50 000 ёрии молиявӣ расонида шуд. Аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 55000 саҳмгузорӣ карда шудааст.  

КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои тобеи он дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо дастгирии бевоситаи Кумитаи давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, иҷрои босифати нақшаи корӣ, вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо таъмин намояд.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/