No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезияи Суғд

aero sugdКорхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезияи Суғд зодаи замони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар ҳайати собиқ Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот» таъсис ёфт.

Мақсади асосии фаъолияти Корхона қонеъ гардонидани талаботи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо маҳсулоти топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ ва кадастрӣ дар шакли координатҳо ва нишонаҳои баландиҳои нуқтаҳои геодезӣ, маълумотҳои гравиметрӣ, топографӣ, мавзуӣ, экологӣ, кадастрӣ, дигар намудҳои харитаҳо, атласҳо, нақшаҳо, моделҳои рақамӣ, харитаҳои маҳалҳо, харитаҳои электронӣ, релефӣ, ахбороти кадастрӣ, маводҳои аэрокайҳонӣ, маркшейдерӣ ва муҳандисӣ-геодезӣ иборат аст.

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ягона мақомоти давлатӣ дар соҳаи геодезӣ ва харитасозӣ дар вилояти Суғд буда, дар асоси Оиннома ва Иҷозатнома оид ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз санаи 10 августисоли 2015 3ГХ №0000032 фаъолияти худро амалӣ менамояд.

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозиро дар шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маркази маъмурии ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 2535360 сомонӣ, аз ҷумла маблағи корҳои буҷавӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ -2117200 сомонӣ ва маблағи корҳои шартномавӣ – 418160 сомонӣ иҷро намуд.

Дар давоми даҳсолаи сипаригашта аз ҷониби мутахассисони корхона корҳои асосии  геодезӣ, таҷдиди харитаҳо, нақшабардории топографӣ ва тартиб додани харитаҳои аслӣ ва рақамии миқёси 1:2000, ки аз буҷаи давлатии ҷумҳуриявӣ мутобиқи шартномаи тарафайн бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен ба маблағи 69 515 сомонӣ, шаҳри Гулистон  ва шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи умумии 389317 сомонӣ, шаҳри Исфара ба маблағи 149 490 сомонӣ, шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич  ба маблағи 105 407 сомонӣ, шаҳри Бустон ба маблағи 159 342 сомонӣ, шаҳри Истиқлол ба маблағи 93 004 сомонӣ, шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 55 730 сомонӣ, шаҳраки Меҳнатобод, шаҳраки  Зафаробод  ва  шаҳраки Аҳмад Алиеви (собиқ Пахтакорон) ноҳияи Зафаробод ба маблағи умумии 186 285 сомонӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 53 715 сомонӣ, шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба маблағи 135 000  сомонӣ, шаҳри Хуҷанд ба маблағи 776 708 сомонӣ, шаҳраки Меҳрони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба маблағи 25 793 сомонӣ, шаҳраки Консой ва Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ба маблағи умумии 67 499 сомонӣ, шаҳраки Нурафшони шаҳри Исфара ба маблағи умумии 79 333 сомонӣ гузаронида шуд. Маводҳои омодашуда барои тартиб додани нақшаи кулли (генералии) шаҳру шаҳракҳои вилояти Суғд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии меъморӣ ва лоиҳакашӣ истифода карда шуданд.

Дар заминаи маводҳои тартибдодашуда харитаҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ ва амниятӣ доштаи низомаш махфӣ дар миқёсҳои 1:10 000, 1:25 000, 1:50 000 ва 1:100 000 дар ҳудуди вилоят омода карда мешаванд. Маводҳои харитавии номбаршуда барои ҳалли масъалаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ, аз ҷумла маҳалҳои аҳолинишин мусоидат карда метавонанд.

aero sugd 3Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ғайр аз корҳои буҷавӣ инчунин корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозиро бо ташкилоту идораҳои вилоятӣ, ҷамъият ва корхонаҳои муштарак, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷумла: бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Конибодом ва Истиқлол, КВД КФ «Лоиҳакаш» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, Корхонаи муштараки кўҳии тоҷикӣ-хитоӣ дар шаҳраки Зарнисор, Осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон ба роҳ мондаааст.

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд дорои таҷҳизот ва асбобҳои муосири геодезӣ, аз ҷумла, тахометрҳои электронӣ ва муайянкунандаҳои радифии координатаҳо ва баландиҳо - GPS тамғаи Lеica Geosystem (истеҳсоли Швейтсария), сканер ва плоттерҳо буда, барои иҷрои корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ мутобиқи шартномаҳои тарафайн бо дигар ташкилоту идораҳо, аз ҷумла бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти меъмориву лоиҳакашӣ ва корхонаҳои муштарак амалӣ намуда метавонад. Маводҳои геодезӣ ва харитавӣ дар форматҳои калонҳаҷм ва дар намуди рақамӣ омода карда шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуй мебошад. 

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, корхонаҳои муштарак, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи шартномаҳои тарафайн  иҷроиши корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозиро ба роҳ монда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда маблағи иҷрои корҳоро бо нархномаҳои дастрас амалӣ менамояд.

Барои таъмини мутахассисони лаёқатманд корхона ҳамкориро бо донишкадаҳои олии мамлакат, аз ҷумла бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд, кафедраи корҳои маркшейдерӣ ва геодезии Пажуҳишгоҳи тадқиқотии донишкадаи давлатии техникии Иркутски Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд иқдом гирифтааст, ки дар соли 2017 гузаронидани корҳои маркшейдериро дар миқёси вилоят ба роҳ монда, бо корхонаҳои муштараки соҳаи кўҳкорӣ ҳамкорӣ намояд.

Мутобиқи нақшаи тасдиқгардида корхона дар давоми сол иҷрои корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозиро дар иншоотҳои гуногун ба роҳ монда, бо иҷрои босифати корҳо баҳри рушди соҳаи геодезия ва харитасозӣ ва таъмини ташкилоту идораҳои дахлдор бо маводҳои харитавии рақамӣ саҳм мегузорад. 

aero sugd 2

aero sugd 1

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/