No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Шӯъбаи кадрҳо

Вазифаҳои шӯъба:

        Шуъбаи кадрҳо вазифаи маркази идоракунии кадрҳои (ҳайати) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мақсади асосии он мусоидат ба ташкили фаъолияти самаранок, таъмини кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, бароҳмонии болоравии касбӣ ва таъмини иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, иҷро менамояд.

Шуъбаи кадрҳо барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин ваколатдор мебошад:

- татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои мақомоти давлатӣ таъмин месозад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар мӯҳлатҳои муайянгардида муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандонро баррасӣ менамояд;

- таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурду нигаҳдории делоҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон;

- таҳияи лоиҳаи басти вазифаҳо, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;

- бақайдгирии варақаҳои корношоямии хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати хизматрасон;

- назорати тартибу интизоми меҳнатӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил ва дуруст истифода намудани маҳорати касбии кадрии (ҳайати) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дурнамои инкишофи он;

- риояи тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии қабул ба хизмати давлатӣ;

- назорати риояи талаботи тахассусӣ ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, гузаронидан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар доираи як категория;

- гузароиндани таҳлили мансабҳои холӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва озмунӣ;

- ташкил ва гузаронидани озмунҳо барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ;

- шиносонидани роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бо тартиби таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бароҳмонии раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ;

- доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсия) самаранок дар мансабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;

- таҳияи мавод оид ба додани рутбаҳои тахассусӣ ба хизматчиёни давлатӣ;

- барои таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ захираи кадрҳоро таъсис медиҳад ва бо онҳо корбарӣ мекунад;

- ҷамъбаст ва таҳлили маълумотномаҳои омориро доир ба ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда ва захиравӣ амалӣ месозад;

- ташкили тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;

- мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои танзимкунандаи масъалаҳои кадрии хизмати давлатӣ;

- ташкил ва назорати пешниҳоди маълумот дар бораи даромад ва вазъи амволи хизматчии давлатӣ;

- риояи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳлили вазъи таъминоти кадрӣ;

- назорати риояи талаботи синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ;

- таъмини фаъолияти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақоми давлатӣ;

- гузаронидани мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва банақшагирии талабот ба кадрҳо, пешбарии истифодаи технологияҳои муосир ва мансабҳои тарбияи кадрҳо дар мақоми давлатӣ ва берун аз он;

- банақшагирии чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав ба кор қабулшуда, махсусан ҷавонон;

- мониторинги сабабҳои азкорравии кадрҳо, ҷараёни таѓйирёбии сифатии ҳайати кормандон;

- саривақт (якҷоя бо Раёсати баҳисобгирӣ ва маблаѓгузории корҳо) таҳлил намудани шаклҳои самараноки амалкунандаи ҳавасмандгардонии моддию маънавии хизматчиёни давлатӣ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ;

- баҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва пешниҳоди ҳисобот, пешбурди маҳзани иттилоотӣ оид ба захираи кадрҳо ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири идоракунӣ;

- махзани маълумотро оид ба хизматчиёни давлатӣ ва захираи кадрҳои хизмати давлатӣ ба роҳ мемонад, рафти адои хизматчиёни давлатиро дар делои шахсии хизматчиёни давлатӣ қайд мекунад;

- фаъолияти комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Кумитаи давлатии идораи замини ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи муқаррароти Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;

- баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳои шӯъба;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва ҳуқуқии кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои ихтисоршавӣ, таѓйироти ташкилӣ, бастаҳои вазифавӣ ва сохторӣ;

- гузаронидани санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузорӣ дар сохаи хизмати давлатӣ;

- гузаронидани санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандон ҳангоми таъин намудан ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ;

- таҳлили ҳайати кадрӣ, саривақт пешниҳод намудани ҳисобот (на камтар аз ду маротиба дар яксол) оид ба вазъи кор бо кадрҳо ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- андешидани чораҳо барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ:

- иҷрои дигар ӯҳдадориҳои шуъбаи кадрҳо, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/