No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати назорати давлатии замин

ВАЗИФАИ МАҚОМОТЕ, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ВА ҲИФЗИ ОНРО АНҶОМ МЕДИҲАНД

Вазифаи назорати давлатии замин - таъмини риояи талаботи қонунгузории замин аз тарафи вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ, ҳамчунин аз тарафи шахсони мансабдор ва воқеӣ бо мақсади ҳифз ва истифодаи оқилона ва самараноки замин мебошад.

Мақомоти давлатии заминсозӣ ва мақомотҳои маҳалии он:

         -назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро амалӣ менамоянд;

         -тафтиш ва муоинаи таѓирёбии сифати заминҳоро ташкил мекунанд;

         -барои аз байн бурдани вайронкуниҳои қонунгузории замин тадбирҳо меандешад;

         -гузаронидани ташхиси барномаҳои маблаѓгузорӣ ва лоиҳаҳои истифодабарӣ ва ҳифзи замин, инчунин лоиҳаҳои танзими заминро ташкилмекунанд;

         -дар тартиб додану тайёр намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба истифодаи замин ва ҳифзи он иштирок менамояд;

         -тибқи тартиби муқарраршуда доир ба манъи истифодаи заминҳои вайроншуда ва ифлос, ки истифодаи чунин заминҳо барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок аст, ба ҳолатҳои фавқулодда, офатҳо, вайроншавии мавзеъҳои меросӣ, таърихию фарҳангӣ ва шароити табии, муҳит ё ҳамчунин ба оқибатҳои манфии экологӣ ва ифлос шудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва манбаъҳои об сабаб мешаванд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;

         -ба аҳолӣ доир ба ҳолати захираҳои замин, самаранокии истифодаи он ва тадбирҳое, ки оид ба ҳифзи замин андешида мешаванд, иттилоъ медиҳад;

         -дар кори комиссия оид ба қабули заминҳои обӣ, барқароркардашуда ва ѓайра, ки дар онҳо тадбирҳои беҳтаркунии вазъи сифати онҳо гузаронида шуданд, ҳамчунин қабули иншооте, ки бо мақсади ҳифзи замин бунёд шудаанд дар мувофиқаткунии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва танзими замин иштирок намоянд;

-назорати давлатиро аз болои низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳо, ки аҳамияти ҳифзи табиат ва барқароркунӣ доранд, анҷом медиҳанд.

-риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари қонунгузории замин, қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, амрҳо, дастурамалҳо ва супоришҳои мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди истифодаи оқилонаи замин аз тарафи ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз тобеъияти идорӣ ва шакли моликияти онҳо,ҳамчунин шахсони воқеӣ ва мансабдор санҷиш ва назорат менамояд;

-аз тарафи заминистифодабарандагон риоя шудани қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои замин тибқи мақсади муайяншуда;

-риояи баррасии мӯҳлати муқарраршудаи аризаҳои (дархостҳо) шаҳрвандонро оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин;

-саривақт пардохтани андози замин аз тарафи заминистифодабарандагон;

-пешгирии ҳодисаҳои худсарона азхудкунии замин;

-пешниҳоди маълумоти саҳеҳ дар бораи мавҷудият, ҳолат ва истифодаи захираҳои замин;

-сари вақт барқарор кардани заминҳои вайроншуда, барқарор намудани ҳосилнокии замин ва дигар хусусиятҳои муфиди замин, ҳамчунин истифодаи оқилонаи қабати ҳосилхези хок;

-тибқи лоиҳаҳои заминсозӣ ва дигар лоиҳаҳо оид ба истифода ва ҳифзи замин;

-лоиҳакашӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сохтмони иншооте, ки ба ҳолати замин таъсир мерасонад;

-сари вақт ва хушсифат анҷом додани тадбирҳое, ки ҳолати заминро беҳтар мекунад, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани эрозияи хок, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, аз гардиши кишоварзӣ берунмонии замин, ифлосшавӣ ва дигар равандҳое, ки сабаби вайрон шудани замин мешаванд;

-насб ва нигаҳдории аломатҳои марзҷудокунӣ;

-сари вақт бозгардонидани заминҳое, ки барои истифодаи мӯҳлатнок дода шудаанд, назорат мекунанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/