No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати корҳо

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Раёсати корҳо

Вазифаҳои асосии раёсат аз инҳо иборатанд:

Назорати иҷрои саривақтии фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои рохбарияти Кумитаи давлатӣ ва қарорҳои ҳайати мушовара аз тарафи раёсатҳо, шӯъбаю бахшҳои дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корхонаҳои тобеъ.

Қабул, бақайдгирӣ ва ирсоли муросилоти воридшаванда ва содиротӣ.

Расонидани кӯмакӣ амалӣ-методӣ оид ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корхонаҳои тобеъ.

Назорати иҷрои аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон».

Таъмини раёсату шӯъбаҳо бо лавозимоти моддӣ-техникӣ ва нақлиётӣ дар асоси дархостҳо ва супориши роҳбарият.

Омода намудани маърӯзаҳо, ҳисоботи роҳбари мақоми давлатӣ ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.

Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдорӣ масъул, назорати иҷрои онҳо.

Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба раиси Кумитаи давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кори (фаъолияти) солона, нимсола, нӯҳмоҳа ва семоҳа.

Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳа.

Мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа.

Омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ. 

Назорати риояи тозагӣ дар бинои Кумитаи давлатӣ.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/