No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ,

делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад.

Вазифаҳои Бозрасии назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

а) амалӣ кардани назорати:

Татбиқи сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва харитасозӣ.

Риояи тартиби муқарраргардидаи гузаронидани корҳои топографию геодезӣ ва харитасозии аз тарафи вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳо иҷрошаванда.

Таъмини истеҳсолкунандагони дахлдор бо ҳуҷҷатҳо ва маводҳои дар натиҷаи гузаронидани корҳои топографию–геодезӣ ва харитасозӣ ва аксбардории кайҳонии бадастовардашуда, инчунин риояи талаботи бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, нусхабардорӣ ва истифодабарии онҳо.

Ташаккул ва идора кардани фондҳои харитасозию геодезии давлатӣ ва минтақавӣ, манбаи харитаҳои рақамӣ ва электронӣ, маълумотҳои кадастрӣ ва геодезӣ.

Литсензиякунонии давлатии фаъолияти топографию геодезӣ ва харитасозӣ.

Тартиб ва додани иҷозати истифодаи дастгоҳҳои системаи радифии позитсионикунонӣ (GPS) ва иҷрои корҳои топографию геодезӣ, аэрокайҳонӣ, кадастрӣ, харитасозӣ, назорати байниидоравию давлатӣ ва қабули корҳо, ҳисоботи корҳои иҷрошуда, баҳисобгирии нуқтаҳои геодезӣ, ҷамъ кардани мавод ва таҳияи харитаи тасҳеҳот дар Дастурамали Бозрасии назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали ҳифзи нуқтаҳои геодезии аз тарафи Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, Дастурамали таъмини низоми махфият дар вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), дар муассисаҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Бақайдгирии муассисаҳоеро, ки ба иҷрои корҳои топогрпфию геодезӣ ва харитасозӣ машѓуланд, амалӣ мекунад; тайёр кардан ва ба амал баровардани (фурӯш, ивазкунӣ, супоридан) маҳсулоти дар натиҷаи иҷрои ин корҳо ва аксбардории кайҳонӣ бадастовардашуда; ташкили фондҳои харитасозию геодезии давлатӣ ва минтақавӣ, манбаи харитаҳои рақамӣ ва электронӣ, маълумотҳои кадастрӣ ва геодезӣ, инчунин бо тартиби муқарраргардида ба онҳо додани литсензия.

Дар муассисаҳо аз рафти риояи тартиби муқарраргардида иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва харитасозӣ ва талаботи стандарти давлатӣ, инчунин тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, нусхабардорӣ ва истифодаи маълумот ва маводи дар натиҷаи иҷрои ин корҳо бадастовардашуда ва аксҳои кайҳонӣ назорат мебарад.

Назорати нигоҳдории нуқтаҳои геодезиро анҷом  медиҳад ва онҳоро ба қайд мегирад.

Назоратро оид ба дуруст ба роҳ мондани тасвири графикӣ дар харитаҳо ва дар атласҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, ноҳияҳо, сарҳадҳои давлатҳои хориҷӣ ва дигар иттилоот оид ба маҳал, инчунин ҷиҳати дуруст номгузорӣ кардани нуқтаҳои аҳолинишин ва объектҳои географӣ таъмин мекунад.

Дар таъмини топографию геодезӣ ва харитасозии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ташкил кардани манбаи маълумот дар бораи ин сарҳадҳо ва сарҳадҳои давлатҳои хориҷӣ бевосита иштирок мекунад.

Назорати ҷараёни риояи тартиби муқарраргардидаи таҳия ва нашри харитаҳо, нақшаҳо, атласҳоро дар муассисаҳо анҷом медиҳад.

Захираи координатҳо, баландии нуқтаҳои геодезӣ ва иншоотҳои географиро дар фондҳои соҳавӣ назорат мекунад.

Баҳисобгирии корҳои гузаронидашавандаи топографию геодезӣ ва харитасозӣ, ҷамъкунӣ, баҳисобгирӣ, батанзимдарорӣ, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии маводҳои дар натиҷаи гузаронидани ин корҳо ва аксҳои кайҳонӣ ба даст овардашударо амалӣ мекунад.

Бо тартиби муқарраргардида назоратро аз рафти истифодаи системаи радифии позитсионикунонӣ (GPS) дар ҷумҳурӣ таъмин мекунад.

Роҳбарии методии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту идораҳоро оид ба интихоб, такмил, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои геофонди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ амалӣ мекунад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/