No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва банақшагирии корҳо.

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Раёсат

Тартиб ва таҳияи нақшаҳои оянда ва ҷории тараққиёти иқтисодию иҷтимоии корхонаҳои дар нақшаи идораи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҳисоби хоҷаги, руйхати мансабҳо ва харҷномаи нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаҳои идораи замини тобеъи он (дар мутобиқ бо рақамҳои назоратӣ (тафтишотӣ) ва меъёрҳои дарозмуддати иқтисодӣ).

Таъмини баҳисобгирии пурра ва дақиқ дар дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати ҳисобдорӣ дар ташкилотҳои тобеъи он.

       Таъмини назорати истифодаи мақсаднок, оқилона ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ, меҳнати, молиявӣ, ҳифзи моликият.

Таъмини фаъолияти мунтазами сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ташкилотҳои тобеъи он дар маҷмӯъ.

Таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мутобиқат бо шартномаҳои ба имзо расида.

Банақшагирии чорабиниҳои ташкилӣ-техникӣ, назорат оиди ҷорӣ намудани онҳо.

Тартиб додани маҷмӯи нақшаҳои мавзӯъи корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯии   Корхонаҳо дар асоси фармоиши ташкилоту корхонаҳо.

Тартиб додани маҷмӯаҳо оиди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои оянда ва солонаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Корхонаҳо.

Банақшагирии даромад, пардохтҳо ба буҷет, тартиб додани нақшаи молиявӣ, нақшаи сармоягузориҳои кӯлл ва таъмири кӯлл оид ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар мачмуъ.

Таҳияи гузориши ҷомеъ ва ба саҳми Корхонаҳои тобеъ расонидани нақшаҳои солона, ҳаҷм ва мӯҳлати таҳияи санадҳои лоиҳави хориҷӣ.

Назорати иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби ташкилотҳои тобеъ.

Роҳбари ба корӣ таҳлили комплексии иқтисодии фаъолиятӣ истеҳсолию хоҷагии корхонаҳои тобеъ.

Назорати банақшагирии фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, меъёрҳои пардохти мӯзди меҳнат дар корхонаҳои ҳисоби хоҷагӣ.

Таъмини истифодаи дурусти фондҳои пардохти музди меҳнат ва барасмиятдарории маводҳо барои мукофотонидани кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташкил намудан ва ба саҳми корхонаҳои тобеъи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ҷадвали вазифаҳо ва харҷнома.

Назорати фаврӣ аз рӯи харҷи маблаѓҳои аз ҷониби буҷет ҷудо гардида.

Мутобиқсозии корҳои банақшагирии – иқтисодӣ дар корхонаҳои тобеъи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатдиҳи оиди масъалаҳои қонунгузори доир ба меҳнат, банақшагирӣ, ҳисобдорӣ ва дигар масъалаҳо дар доираи салоҳияти раёсат.

Тайёр намудан ва дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод кардани гузоришоти оморӣ.

Таъмини баҳисобгирии фондҳои асоси, масолеҳ, маблаѓҳои пӯли ва дигар дороиҳо, назорат оиди иҷрои харҷнома.

Тартиб додани мувозинаи кӯлл оид ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон   нисбати маблаѓҳои буҷетӣ ва корхонаҳои ҳисоби хоҷагӣ ва дигар ҳисоботҳои муҳосибӣ.

Баҳисобгирӣ дар дастгоҳи марказӣ ва назорат дар корхонаҳои тобеъ аз руи амалиётҳое, ки ба ҳаракати маблаѓҳои пули алоқаманду ҳисоб ва гузаронидани андоз ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ.

Татбиқи назорат оиди саривақт гузаронидани баруйхатгирии дороиҳои молию моддӣ.

Татбиқи чорабиниҳо оиди огоҳии камомад, талафи дороиҳои моддӣ ва маблаѓҳои пули, дигар қонуншиканиҳо, суиистеъмолкуни.

Иштирок ва гузаронидани таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои тобеъи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор намудани захираҳои дохилихоҷагӣ, барҳам додани талаф, хароҷотҳои ѓайриистеҳсолӣ ва истифодаи мақсадноки маблаѓҳои буҷетӣ.

Татбиқи чорабиниҳо оиди баланд бардоштани механикони ва компютеркунонии фаъолияти ҳисобдорӣ.

Таъмини риояи қатъии интизоми хазинавию ҳисоббаробаркунӣ, харҷи маблаѓҳои аз муассисаҳои бонки гирифта мувофиқи таъинот.

Таъмини ҳифзи санадҳои ҳисобдори ва бойгонии ҳисобдорӣ.

Таъмини назорат нисбати сари вақт барасмиятдарории қабул ва харҷи маблаѓҳои пули ва дороиҳои молию, моддӣ, харҷи дурусти фонди музди меҳнат, ҳисобкуни ва додани ҳама гуна намуди мукофотҳо, риояи воҳиди муқарраршуда, маош аз рӯи вазифа, харҷнома.

Саривақт таъмин намудани маблаѓгузории Кумитаҳои идораи замини вилояти МКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва назорати истифодаи он.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/