No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии бахш:

Назорати истифодаи дурусти қонунгузории ҷорӣ.

Масъалагузорӣ оиди тадбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти мақомот.

Такмили фаъолияти хизмати ҳуқуқӣ ва гузаронидани тарғиботи ҳуқуқӣ.

Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.

Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба раиси Кумитаи давлатӣ пешниҳод намудани нақшаи кории солона.

Таҳия ва ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳо оиди фаъолияти бахш.             

Манзур намудани пешниҳодҳо оид ба бекор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳияташон аз даст рафта, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.

Вазъияти корҳои эътирозию даъвогӣ ва истифодаи амалии онро дар соҳа таҳлил намуда, нисбати бартараф кардани камбудию норасогиҳо дар фаъолияти Кумитаи давлатӣ, ки дар натиҷаи баррасии баҳсҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ ошкор шудаанд, масъалагузорӣ намудан.

Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи тартиби муайяншуда манфиатҳои Кумитаи давлатиро дар судҳо ва дигар ташкилотҳо ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳуқуқӣ намояндагӣ намудан.

Тадбиқи корҳои ҳуқуқиро дар сохтори Кумитаи давлатӣ сарварӣ намудан.

Барои бекор кардани санадҳои муассисаву корхонаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ, ки бо вайрон кардани қонунгузории ҷорӣ таҳия шудаанд, тадбирҳо андешидан.

Ҳолати кори ҳуқуқиро дар муассисаву корхонаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ назорат намуда, нисбати такмили он ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ пешниҳодҳо манзур намудан.

Иштирок дар ташкил ва гузаронидани омӯзиши ҳамагонии ҳуқуқии кормандони Кумита, пешбарии кор ҷиҳати тафсири қонунгузории ҷорӣ.

Масъалагузорӣ ҷиҳати дастрас гардонидани таѓйиротҳои нав ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба сохторҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал, муассисаву корхонаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ, тайёр намудани маводи маълумотӣ оид ба қонунгузорӣ барои роҳбарияти Кумитаи давлатӣ, додани машваратҳои ҳуқуқӣ.

Манзур намудани таклифҳо ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида.

Дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор амалӣ намудани назорат аз болои иҷрои чораҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонунгузории замин.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/