No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин

Вазифаҳои асосии бахш аз инҳо иборатанд:

          - пешбурди ислоҳоти замин вобаста ба пешбарии сиёсати ягонаи давлатии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи заминсозӣ;

- ёрии амалӣ расонидан ба мақомотҳои маҳаллии Кумита, дар иҷроиши барномаю нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳот;

-  таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо, низомнома, дастурамал ва дигар санаду меъёрхои ҳуқуқӣ доир ба азнавташкилдиҳии ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ;

- тадбиқи таҳияи сиёсати ягонаи замин ва қарорҳои қабулгардида оид ба ислоҳоти замин;

- иштирок намудан дар таҳия ва тадбиқи барномахои давлатӣ оид ба танзими муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин;

- фароҳам овардани шароит барои тараққиёти баробари шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ;

- анҷом додани корҳои заминсозӣ дар вақти азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои кишоварзӣ;

- таъсиси системаи иттилоотӣ барои амалӣ намудани маҷмӯи корхои марбут ба гузаронидани ислоҳоти замин;

- назорати доимӣ оиди амалӣ гардонидани ислоҳоти замин дар ҷумҳурӣ ва натиҷаи фаъолияти хоҷагию молиявии онҳо;

- ташаккул додан ва тадбиқи сиёсати давлатии танзими муносибатҳо вобаста ба замин ва амалӣ гардонидани ислоҳоти замин;

- дар танзими идоракунии захираҳои замин, муҳайё намудани шароит барои ташкили сохт ва шаклҳои нави хоҷагидорӣ;

- дар тайёр намудани барномаҳои давлатӣ вобаста ба азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ;

- дар якҷоягӣ бо бахши мониторинг ва корҳои аналитикӣ гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботи ҷиҳати тадбиқ намудани корҳои вобаста ба азнавташкилдихии хоҷагиҳо;

- дар ҳамкорӣ бо мутахассисони мақомоти маҳаллии Кумита тайёр намудани ҳуҷҷатҳои заминсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтаанд;

- назорат оид ба тадбиқ намудани қонунҳо, қарорҳо ва амру фармонҳо аз тарафи мақомотҳои маҳаллии заминсозӣ ва заминистифодабарандагон оид ба ислохоти замин.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/