No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахши робитаҳои байналмиллалӣ

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии бахш иборат аст аз:

-иштирок ва ҳамкорӣ дар ташкили иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо марбут ба замин, кадастри замин, топографӣ- геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ, инчунин истифодаи оқилонаи замин, ислоҳот ва ҳифзи замин;

-назорати иҷроиши шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар Кумитаи давлатӣ ва зерсохторҳои он;

-татбиқи ҳамкории илмию техникӣ бо муассисаю ташкилотҳои илмӣ, ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба гузаронидани масъалаи ислоҳоти марбут ба замин ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки ба муҳофизату истифодаи оқилона ва самараноки замин алоқаманданд;                                                                                  

-омӯхтани таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ  оиди муносибатҳои вобаста ба замин ва кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ;

-масъалагузорӣ ҷиҳати инкишоф ва такмили робитаҳои ҳамкории муфиди тарафайни байналмилалӣ ва мусоидат ба корхонаю муассисаҳои тобеи  Кумитаи давлатӣ дар татбиқи амалӣ шудани онҳо, инчунин таъмини онҳо бо дастурҳои илмӣ-методӣ;

-татбиқи алоқаи доимӣ бо вазорату идораҳо оид ба дигар   масъалаҳои дахлдори фаъолияти робитаҳои байналмилалии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/