No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахши мониторинг ва корҳои аналитикӣ

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии бахши мониторинг ва корҳои таҳлилӣ:

Гузаронидани мониторинги замин баҳри амалӣ намудани системаи чорабиниҳо ва мушоҳидаҳо нисбат ба ҳолати фонди замин барои азнавкунӣ ва дастгирӣ намудани маълумотҳои боэътимоди кадастрӣ. Сари вақт ошкор намудани тағйирёбӣ, баҳодиҳӣ ва пешгирӣ ва пешниҳод намудан оид ба оқибатҳои равандҳои манфӣ.

Омӯзиши фонди замини ҷумҳурӣ аз рӯи дараҷаи истифодаи он, азхудкунии заминҳои таъиноти гуногун ва дар асоси маълумотҳои ба дастомада, додани тавсияҳо оид ба ҷорӣ намудани омилҳои пешбурди иқтисодие, ки ба истифодаи босифати замин мусоидат менамояд.

Таҳлил ва ҷамъбаст намудани характери қонунвайронкуниҳои замин, таҳия ва пешниҳод намудани санадҳои меъёрӣ ва такмилу ба амал баровардани онҳо.      

Дастрас намудани маълумотҳо аз мақомотҳои дахлдор оид ба омӯзиши ҳолати заминҳое, ки дар он партовҳои саноатӣ, маводҳои кимиёвӣ, маводҳои радиоактивӣ, ахлотпартовҷойҳо, дигар намуди партовҳои нодаркори саноатӣ.

Тавсия намудан оид ба тайёр намудани баромадҳо ва Барномаҳо оид ба таҳия намудани харитаҳои мавзӯӣ ва атласҳо, ки ҳолати замини ҷумҳурӣ дар он инъикос ёфтааст.

Мушоҳидаи динамикаи тағйирёбии (васеъшавии) майдонҳои таъиноти кишоварзӣ ва дигар таъинотҳо.

Тавсиф намудани натиҷаҳои гузаронидани мониторинг бо нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии тағйирёбии ҳолати замин.

Гузаронидани мониторинги заминҳо оиди корҳои суратгирии ҳавоӣ, корҳои топографӣ, азнавбақайдгирии заминистифодабарандагон, тафтиш, татқиқот, корҳои санҷишӣ, татқиқотҳо ва санҷишию тафтишотӣ, маълумотҳои бойгонии рақамию нақшавӣ ва ҷамъ овардани ин маълумотҳо.

Иштирок намудан дар ташкили базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва илмию дастурӣ оиди мониторинги замин.

Ташкил намудани бонки маълумотҳо оиди мониторинги замин.

Такмил додани усулҳои мавҷудбуда ва ҷорӣ намудани усулҳои нав, маводҳои техникӣ ва технологияи мониторинги замин.

Мутобиқи қонунҳои мавҷуда оиди соҳа гузаронидани таҳлил ва тадқиқот ва додани баҳо ба ҳолати ошкоргардида.

Бо мақсади иҷрои Барномаҳои давлатии мониторинги замин манбаҳои иттилоотии маълумотҳо оиди ҳолати фонди замин ташкил намудан.

Таҳияи чорабиниҳо оиди пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои раванди манфӣ, ки характери техногенӣ ва табиӣ доранд.

Дар сатҳи баланд ва бо сифат ба амал баровардани назорат оиди ҳолати замин, истифода ва ҳифзи он.

Таҳлил ва баҳодиҳии ҳолатҳои сифатии замин бо дарназардошти таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ.

Бо мақсади ба дастовардани маълумотҳо оиди миқдор ва сифати ҳолати замин мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ гузаронидани мониторинг нисбати корҳои геодезӣ, харитасозӣ, татқиқоту ҷустуҷӯии хоксанҷӣ, корҳои геоботаникӣ, баҳои сифати хок, баҳисобгирии замин ва дигар корҳои татқиқотӣ.

Таъмини мониторинги пешбурди кадастри давлатии замин, истифодаи дурустии замин, заминсозӣ, назорати истифода ва ҳифзи замин ва дигар вазифаҳои идоракунии давлатии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷамъ овардани маълумотҳо оиди дараҷаи вайрон кардани хусусиятҳои хок аз тарафи заминистифодабарандагон.

Бурдани мушоҳидаҳо оид ба барномаҳои самаранок истифодабарии замин, баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва ҳифзи захираҳои замин.

Амалӣ намудани чораҳои зарӯрӣ оиди такмилдиҳии мониторинги замин.

Пешбурди фаъолияти бахши мониторинг дар алоқамандӣ бо дигар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омӯзиши мониторинги замин.

Таҳлили фаъолияти иқтисодию молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тарѓиб намудани онҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма.

Ҳамкорӣ бо Агентии давлатии омор оиди тайёр намудани маълумотҳо оиди кишт ва ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/