No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

Таъмини истифодаи оқилона ва самараноки воситаи ташкили гузаронидани корҳои тадқиқоти калонҳаҷми хок, тадқиқоти шӯрнокии заминҳо, тадқиқоти геоботаникӣ, тавсифномаи (пасспортизатсия) майдонҳо, баҳои сифатии хок, арзёбии иқтисодии замин ва тадбиқи дуруст ва одилонаи сохти самараноки андозситонӣ, тадбиқи андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва инчунин иҷорапулии замин.

Ҳангоми зарурият мунтазам иҷро кардани корҳо доир ба  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба конунҳои амалкунанда оид ба  замин, тадқиқотҳо, арзёбии замин ва пардохтҳо ва инчунин дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии аз дигар вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои ҷумҳуриявӣ ворид гардида.

Дар асоси санадҳои қонунгузории ҷорӣ дар бораи замин ва сохти андозситонӣ дар мамлакат, бинобар тағйирёбии нарх ва тарифҳо ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва инчунин хароҷот барои истеҳсоли онҳо, бо назардошти сатҳи таворрум, тартиб додан ва барои мувофиқа пешниҳод намудани меъёрҳои миёнаи андози замин, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва меъёрҳои пардохти зарари истеҳсолоти кишоварзӣ, ҳангоми ба таъиноти ғайрикишоварзӣ додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ.

Дар алоқаманди бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, иҷро намудани корҳои мансуб ба арзёбии замин ва дар ин самт тадбиқи андозбандии заминҳо.

Пешниҳод намудани таклифҳо оид ба ҳаҷми пардохтҳои андози замин, пардохти андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар арзиши қитъаҳои замин.

Пешниҳод намудани маводҳо оид ба корҳои ба иҷрорасонидаи бахш, ҷиҳати тартиб додани маърӯзаҳо.

Гузаронидани корҳои таҳлилӣ – назоратӣ ва мушоҳидаи воридоти воқеии маблағҳои андози замин, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба буҷаи сатҳҳои гуногун ва дар асоси моддаи 36 Кодекси замин, мақсаднок истифода бурдани онҳо.

Пешниҳод намудани таклифҳо оид ба гузаронидани корҳои арзёбии замин ва пардохтҳо ва иштирок намудан дар таҳияи нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Назорат ва қабули корҳои аз ҷониби ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» иҷрошуда оид ба гузаронидани корҳои тадқиқоти калонҳаҷми хок, тадқиқоти шӯрнокии заминҳо, тадқиқоти геоботаникӣ, тавсифномаи (пасспортизатсия) майдонҳо, баҳои сифатии хок ва арзёбии иқтисодии замин.

Пешниҳод кардани ахборот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои тадқиқотҳои гузаронидашудаи калонҳаҷми хок, бо мақсадҳои пешбинӣ намудани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ва ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастрас ва ҷамъбаст намудани маълумотҳои бо нозиротҳои андози маҳаллӣ мувофиқашуда оид ба имтиёздорон аз пардохти андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, тибқи моддаҳои 274 ва 301 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқи муқаррароти модаи 273 ва 302 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар 5 сол тартиб додани меъёрҳои миёнаи андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва мувофиқаи он бо вазорату идораҳои дахлдор

Ҳисоби пешакии воридоти пардохтҳои дарназардошташудаи андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва пешниҳоди онҳо ба вазоратҳои дахлдор ва кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани корҳои таҳлилӣ.

Мураттаб намудани маълумотҳои ҳисоботи давлатии замин ба ҳолати якуми январи ҳар сол, бо мақсади гузаронидани ҳисоби майдонҳои замини ба андозбандӣ ҷалбшаванда ва имтиёзҳои тибқи моддаҳои 274 ва 301 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.

Гузаронидани корҳои санҷишӣ ҷиҳати иҷроиши корҳои саҳроии тадқиқоти калонҳаҷми хок, шӯрнокии заминҳо, тадқиқотҳои геоботаникӣ, тавсифномаи (паспортизатсияи) майдонҳо, баҳои сифатии хок ва арзёбии иқтисодии заминҳо.

Санҷиши сарфи маблағҳои ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҷудошуда.

Моҳе ду маротиба тартиб ва пешниҳод намудани ахборот оид ба корҳои иҷронамуда, ба шӯъбаи мониторинг ва корҳои аналитикӣ.

Таҳияи дастурамалҳо ва қоидаҳои марбут ба замин, кадастри замин, заминсозӣ ва пешниҳод намудани онҳо ба баррасии машварати Шурои илмӣ - техникии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/