Шӯъбаи корҳои топографӣ – геодезӣ аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ
Вазифаҳо ва функсияҳои асосии шӯъба:
Таъмини иҷрои саривақтии корҳои топографи-геодезӣ, аэрокайҳрнӣ ва харитасозӣ аз тарафи корхонаҳои зертобеъи аэрогеодезии Кумитаи давлатӣ.
Пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, меъёрҳои харҷномавӣ ва нархномаҳо оид ба гузаронидани корҳои тпографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ.
Назорат аз болои истифодабарии самараноки маблаѓҳои ҷудогардида ва риояи дастурамалҳо қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-техникӣ дар соҳаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ дар корхонаҳои аэрогеодезӣ ва харитасозии системаи Кумитаи давлатӣ.
Дар доираи маблаѓҳои ҷудошаванда тартиб додани супоришҳои техники ва пешниҳоди он ба корхонаҳои аэрогеодезӣ ва харитасозии системаи Кумитаи давлатӣ барои коркарди лоиҳаҳои техникӣ ва харҷномаҳо оид ба иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ, ки дар соли оянда аз тарафи онҳо иҷро мешаванд.
Қабули корҳои саҳрои ва камералӣ, ки аз тарафи корхонаҳои аэрогеодезӣ ва харитасозии системаи Кумитаи давлатӣ иҷро мешаванд ва назорати сифати иҷрои онҳо.
Нақшаи кории шӯъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси Кумитаи давлатӣ пешниҳод намуда, таъмини иҷрои онро назорат мебарад.