Бахши барасмиятдарори ва бақайдгирӣ
Вазифаҳо ва функсияҳои асосии фаъолияти бахш:
Пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили соҳаи барасмиятдарорӣ ва бақайдгирӣ.
Талаб намудани маълумот аз сохторҳои зертобеъ баҳри иҷроиши вазифаҳо ва супоришҳои ба зиммааш гузошташуда.
Таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба пешбурди корҳои барасмиятдарорӣ ва бақайдгирӣ.
Пешбурд ва иҷрои назорати корҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.
Пешниҳод намудани таклифҳо оид ба ташкили минтақаҳои бақайдгирӣ.
Татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.
Ташкил намудани низоми ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо системаи электронӣ.
Бурдани назорат аз болои корҳои иҷрошаванда тибқи супоришҳои додашуда аз ҷониби мақомоти маҳаллии Кумита ва корхонаҳои зертобеъ, пешниҳод намудани таклифҳо ба роҳбарият барои андешидани чора нисбати шахсони масъуле, ки ба камбудиҳо роҳ медиҳанд.