31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАМОШОИ НАМОИШНОМАИ МАЗҲАКАВӢ
ДАР ТЕАТРИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд».
Ин аст, ки ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии ТоҷикистонХоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар намоишномаи мазҳакавии «Падар бояд зан гирад» тамошо намуданд.
Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари Холиқ Хурсандов аз тарафи коргардони театр, Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Қурбонзода таҳия гардидааст.
Дар намоишномаи мазкур рисолати инсон, ахлоқ, мансабу сарват ва рафтори нодурусти баъзе ашхос бо ҳаҷви нозуку нишонрас маҳкум шуда, дар охири намоишнома қаҳрамонон ниятҳои неки худро амалӣ менамоянд.
Нақшҳо аз ҷониби ҳунармандон бо маҳорати баланд иҷро гардида, тамошобинон бо кафкўбиҳои бардавом ба онҳо миннатдорӣ баён карданд.
Иштирок дар чунин намоишномаҳои театрӣ агар аз як тараф барои баланд гардидани рӯҳияи кормандон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ҳунармандонро барои офаридани намоишномаҳои наву тамошобоб талқин хоҳад намуд.
979899
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/