31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ БА ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА ТАЪИНШУДА

Имрўз дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Дар муаррифии кадрҳои навтаъиншуда муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуд, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Каримзода Азизмамад Душанбе аз вазифаи муовини якуми Раис ва бо сабаби ба нафақа баромадан Давлатзода Садриддин Хол ва Абдуллозода Зикриё аз вазифаи муовинони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод гардиданд.
Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба нафақа баромадан Умариён Раҳмон Фақерзода аз вазифаи Директори Корхонаи вохиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод карда шуд.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирзода Диловар Атахон, ки то ин вақт дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини вилояти Хатлон фаъолият дошт, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардид.
Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ҳамчунин Сафармаҳмадзода Мирзовалӣ Муҳаммаднабӣ ва Одилбекзода Дилдор муовинони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Гулзода Бобоҷон Амиршоҳ Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шуданд.
То ин вақт Сафармаҳмадзода Мирзовалӣ ба ҳайси сардори Сарраёсати назорати давлатии замин, Одилбекзода Дилдор дар мансаби сардори раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва Гулзода Бобоҷон дар вазифаи директори корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе фаъолият доштанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба кадрҳои навтаъиншуда барори кору комёбиҳои меҳнатӣ таманно намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Садриддин Давлатзода, Зикриё Абдуллозода ва Раҳмон Умариён ба нафақа гусел карда шуданд. Зимни суханронии худ ба ин муносибат Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз фаъолият пурсамари онҳо ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки онҳо минбаъд низ бо таҷрибаи бойи корӣ ба тарбияи мутахассисони ҷавон бо маслиҳату роҳнамоии худ кӯмак хоҳанд намуд.
111111111122
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/