ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ БАРГУЗОР ШУД
Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва дигар шахсони масъул иштирокнамуданд.
Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара ҳисоботи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Абдуллозода Зикриё оид ба натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми нав-батиашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён шуда буданд, инчунин амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» корҳои муайянро ба сомон расонид.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 3506 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 3170 дастур дода шуд.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 243 мавод ба прокуратура ва 179 адад мавод барои ба таври маҷбури ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 2295 (ё ин ки 65%) ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, дар маҳал бартараф карда шудааст.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 111 ҳолат, вилояти Хатлон ҳамагӣ 1412 ҳолат, вилояти Суғд 1444 ҳолат ва 539 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, дар натиҷаи амалӣ гардидани чораҳои мушаххас дар ВМКБ 71%, вилоятҳои Хатлон 82%, Суғд 50% ва шаҳру ноҳияҳои тобеъ 58% қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ ва Лакконии шаҳри Исфара идома ёфта, натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритус, Кушониён ва шаҳри Бохтар барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод гардидааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2024 Кумитаи давлатӣ вобаста ба иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” корҳои муайянро ба сомон расонид.
Ба ҳолати 20 марти соли 2024 шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 196564 адад-ро бо шумораи 796094 нафар саҳмдор дар майдони 5087701 гектар ташкил медиҳад.
Аз ин теъдод хоҷагиҳои деҳқонӣ 70793 адад дар вилояти Суғд, 73693 адад дар вилояти Хатлон, 16591 адад дар ВМБК ва 35487 хоҷагии деҳқонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, фаъолият доранд.
Дар ин давра ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 33 адад парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқа-кунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардида, 7 парвандаи заминсозӣ бинобар ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шуда, 23 адад парванда дар мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дошта, 2 адад барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 1 адад дар баррасӣ қарор дорад.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи 37 миллиону 603 ҳазор сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро иҷро намуданд, ки аз он ҳамагӣ 1163878 сомонӣ ба буҷет пардохт ва маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 2105 сомониро ташкил намуд.
Сипас раисони кумитаҳои идораи замини вилояти Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳо тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳбарони якчанд корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият ҳисобот дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ ҳамчунин прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи II Муҳаммаднабӣ Нурзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба пешгирӣ намудани қонунгузории замин, худдорӣ аз манзур намудани пешниҳодҳои хилофи талаботи қонунгузорӣ бо иштирокдорони ҷаласа мулоқот анҷом дод.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ бо вазифагузориҳои Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба кори худ анҷом бахшид.