31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МАШВАРАТИ КОРӢ ВОБАСТА БА ИҶРОИ
ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ
 
Имрўз таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли ҷорӣ баён гардида буд, машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Раис, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, директорони корхонаву муассисаҳо ва раисони кумитаҳои идораи замин дар вилоятҳову шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (тариқи видео-онлайн) иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатӣ нахуст оид ба суханронии Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти мазкур изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки Сарвари давлатӣ хурофотпарастӣ ва шўҳтарпарастии бархе аз шахсонро маҳкум намуда, ҳамаи мову шуморо барои иҷрои амалҳои неку созанда, риояи ҳатмии қонунгузорӣ, роҳ надодан ба исрофкорию худнамоишдиҳӣ, иҷрои аҳкоми шариат тибқи талаботи ислом, пешгирии зуҳуроти номатлуб махсусан дар байни ҷавонону наврасон ва занон, тақвияти корҳои тарғиботӣ раҳнамун сохтанд.
Зикр гардид, ки маҳз туфайли истиқлолияти комили давлатӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ озодона фаъолият намуда, аз ҷумла дар мадрасҳо таҳсил карда, дар масҷидҳо озодона бо тоату ибодат машғул бошанд.
Шахсони масъул ва директорони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои тақвияти кори комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо чораҷўӣ намоянд.
Илова бар ин дастур дода шуд, ки ҳар як корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар маҳали зисти худ на кам аз 10 бех ниҳоли ҳамешасабзу мевадиҳанда шинонида, нашъунамои онро назорат кунанд.
Дар охири машварати корӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ҳамчунин зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, амалӣ гардидани он таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj