31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ

Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Сафарзода Лашкар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ баргузор шуд, ки дар он ҳамаи аъзоёни ҳайати мушовара иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони корхонаҳои фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқӯл”, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи давлатӣ иштирок намуданд.

Доир ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи давлатӣ ва сохторҳои маҳаллӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нахуст ҳисоботи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  Абдуллозода Зикриё шунида шуд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, махсусан вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баён дошта буданд, ҷиҳати назорати истифода ва ҳифзи замин корбариро тақвият бахшид.

Ин аст, ки дар ин давра аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал ҳамагӣ 10679 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 9494 дастур дода шуд.

Дар баробари ин, нисбати 9265 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад 724 мавод ба прокуратура, 483 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 7519 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.

Дар ин давра нозирони Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон гузаронида шуд дар маҷмӯъ 257 (Ёвон 175 ҳолат ва Панҷ 82 ҳолат) ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар ин ноҳияҳо ошкор ва ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш пешниҳоди манзур гардида, қарорҳои ғариқонунӣ қабулшуда бекор ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ гардиданд.          

Умуман давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани қарорҳои қабулгардидаи раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.

Илова ба ин, дар давраи ҳисоботӣ корҳои назорати риояи талаботи қонунгузории замин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида шуда, ки дар натиҷа 46 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ 3 маротиба озмун барои ишғоли 67 мансаби холии маъмурии хизмати давлатии Кумитаи давлатӣ гузаронида шуда, 24 нафар ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ки аз онҳо 14 нафар кадрҳои ҷавон ва 1 нафар зан мебошанд.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ низ дар ин давра як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, роҳбарияти Кумитаи давлатӣ 6 маротиба дар вохӯрии маҷозии Гӯруҳҳои кории Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин ва дигар ҷаласаву машваратҳои кории сатҳи байналхалқӣ иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин корҳои делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад идома ёфта, 7 вохурии гуруҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия, демаркасияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, 8 вохурии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаронида шуданд.

Дар нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 27373 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин аз он 2610 ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, 119 хоҷагиҳои илова-гии ёрирасони шахсӣ, 20951 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 471 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ, 3222 адад дигар намуди қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, № 305 "Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" корҳои муайянро ба сомон расонида, то имрӯз бинои нави маъмурӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон ва бинои нави маъмурӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бинои кумитаи идораи  замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Айни ҳол бошадбунёди бинои маъмурӣ дар ноҳияи Айнӣ пурра ба анҷом расида, барои истифодабарӣ омода мебошад.

Ҳамчунин корҳои сохтмонии бинои маъмурӣ дар ноҳияи Варзоб низ идома дошта, сохтмони бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ховалинг оғоз шудааст.

Баъдан ҳисоботи раисони кумитаҳои идораи замини ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва дигар шахсони масъулин шунида шуд.

Дар раванди ҳисоботи онҳо Раиси Кумитаи давлатӣ оид ба инвентаризатсияи заминҳои корам, иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, андешида шудани тадбирҳо барои гардиши кишоварзӣ заминҳои партову холимонда ва ислоҳи камбудиҳои қаблан баёнгардида пурсиш намуд.

Бо вазифагузориҳои Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ ба охир расид.

majlis 9

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj