No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОЛИ 2022

330955881 561809032674758 5277811749301111622 nВобаста ба фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар соли 2022 бо иштироки воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар ширкат намуд.

Нишасти матбуотӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оғоз гардида, мавсуф доир ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар соли 2022 ба таври мухтасар ҳисобот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки соли 2022 Кумитаи давлатӣ пеш аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайян корҳои муайянро ба сомон расонид.

Аз ҷумла, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки соли 2022 ҳамагӣ 12717 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва 9791 ҳолати қонуншиканӣ (ё 77%) саривақт дар маҳал бартараф карда шуда, 868 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти прокуратура ирсол гардид.

Зимнан, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи давлатӣ бо якҷоя бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ 346 маротиба дар маҳал корҳои назоратиро вобаста ба ҷараёни риояи қонунгузории заминро гузарониданд, ки чунин ҳамкориҳо ба саривақт ошкор ва бартараф намудани он дар самти истифодаи замин мусоидат намуданд.

Яке аз самти муҳими дигари фаъолияти Кумитаи давлатӣ ин назорати самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз ин заминҳо мебошад.

Ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, корҳои муайян ба сомон расонида шуда, соли 2022 аз чунин намуд заминҳо ба майдони умумии 2166 гектар, аз он обӣ 1769 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста барқарор намудани шабакаву дастгоҳҳои обкашӣ барои бо об таъмин намудани заминҳо дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Қубодиён ва Рӯдакӣ корҳои муайян ба сомон расиданд.

Аз ҷумла, дар соли 2022 дар ноҳияи Муъминобод корҳои гузаронидани қубурҳои обгузар ҷиҳати бо об таъмин кардани заминҳо ва мавзеъи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ду адад дастгоҳи обкашӣ харидорӣ ва насб карда шуд, ки дар натиҷа 1035 гектар обёрӣ гардида, 193 гектар замин азхуд мешавад.

Инчунин дар минтақаи Кокули ноҳияи Фархор корҳои гузаронидани қубур ба масофаи 1200 метр ва дар ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ ва насби дастгоҳҳои обкашӣ идома дорад, ки дар натиҷа 1391 гектар замин бо оби полезӣ таъмин мегардад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи амалӣ шудани корҳои зикршуда 258 га замин азхуд ва ҳолати мелиоративии 2418 га заминҳо беҳтар гардида, бо оби полезӣ таъмин мешаванд.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, ба ҳолати 1 январи соли 2023 заминҳои партов 20301 гектар, аз он обӣ 17608 гектар, заминҳои корами обие, ки дар маҳал аз ҳисоби набудани об ҳамчун корами лалмӣ истифодабарӣ мегарданд 19623 гектар ва заминҳое, ки бо сабабҳои муайян аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд 4284 гектарро ташкил медиҳанд, ки корбарӣ вобаста ба он идома дода мешаванд.

Дар идома Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, ки соли 2022 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи 135,2 миллион сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намуданд, ки аз он ба буҷети давлатӣ ҳамагӣ 45,4 миллион сомонӣ андозҳо пардохт гардида, маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 1600 сомониро ташкил намуд.

Даромади корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2022 дар доираи маблағҳои дохилӣ бинои нави маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Ш.Шоҳин, Хуросон ва Айнӣ ба истифода дода шуданд.

Баъдан намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон аз Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ пурсиш намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/