No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ВОБАСТА БА ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, бо иштироки аъзоёни ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замини шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, инчунин директорони корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат машварати корӣ оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва зимни баргузории маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуда буданд, баргузор гардид

Раиси Кумитаи давлатӣ зикр намуд, ки тавре, ки огоҳӣ доред санаи 24 январи соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумурии Тоҷикистон маҷлиси васеи укумати Ҷумурии Тоҷикистон баргузор гардида, натиҷаои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 баррасӣ ва вазифаҳои барои фаъолияти минбаъда муайян шуданд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки дар маҷлиси васеи укумати мамлакат таъкид гардид, соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилиои ҷаони имрӯза ва таъсири манфии оно ба иқтисодиёти кишвари мо соли бобарор ба исоб рафта, дар аёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат пешравиои назаррас ба амал омаданд.

Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаид якдилона қабул гардидани қатънома дар бораи эълони соли 2025 амчун «Соли байналмилалии ифзи пиряхо» ва санаи 21-уми март амчун «Рӯзи ҷаонии пиряхо», ки панҷумин ибтикори дар сати ҷаон эътирофгардидаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Рамон оид ба масъалаои об ва иқлим дар миқёси сайёра ба исоб меравад махсус таъкид гардид.

Зикр шуд, ки воқеан, соли 2022, ки соли таҷлили ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст гардид.

Раиси Кумитаи давлатӣ изҳор дошт, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар ҳамаи самтҳо Пешвои муаззами миллат ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки мақомоти масъул ҷиати пешгирӣ аз олатои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин тадбирои саривақтӣ андешанд.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки дар амкорӣ бо робарони вилоято ва шару ноияо короро ҷиати иҷрои дурнамои кишти зироато, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, аз заминои обӣ гирифтани 3-4 осил, ташкили гармхонаои муосир бо технологияои пешқадам, риояи қоидаои агротехникаи парвариш ва сари вақт ба ро мондани кишт тақвият бахшида шавад.

Дар баробари ин, дастур дода шуд, ки истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, боз ам баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд кардани аҷми истесоли масулоти ғизоӣ, аз ҷумла картошка, шолӣ, инчунин, пахта эътибори аввалиндара ва доимӣ дода шавад.

Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораҳои замин дар маҳал ва директорони корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон ва зимни баргузории маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудаанд, сармашқи кори худ қарор дода иҷрои онро ба таври ҳатмӣ таъмин намоянд.

Дар охири ҷаласа изҳори боварӣ гардид, ки кулли кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Кумитаи давлатӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои заруриро амалӣ намуда, барои бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намудани соли 2023 кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

326834736 6060833147342976 4977094450374047001 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/