ҶАМЪОМАД ДОИР БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Сешанбе, Январ, 10 2023
- Written by Administrator
- Hits: 316
Таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи видео-онлайн иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки соли 2022, ки бо воқеъаҳои фарҳабахш ва хотирмонаш дар саҳифаи таърих сабт гардид, барои мардуми Тоҷикистон воқеан соли дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва марҳилаи навбатии нисбатан беҳтар гардидани некуаҳволии халқ буд. Ин нукта дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ баён гашта, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки «соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд».
Роҳбари давлат махсус қайд намуданд, ки дар соли 2022 ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Бо шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид дошт, ки Пешвои муаззами миллат изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.
Дар навбати худ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳор дошт, ки кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат баён шудаанд, корбариро боз ҳам ҷоннок намуда, барои бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ таҷлил намудани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд намуд.