No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин дар минтақаи Кӯлоб, ки санаи 23 октябри соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Парчами давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкури сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатӣ, сардорони раёсат, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилояти Хатлон баргузор гардид, ҳамчунин муовини раиси суди вилояти Хатлон Назрӣ Муҳаммадвалӣ иштирок намуд.

Ҷаласаи тантанавиро Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид дошт, ки сӣ сол муқаддам – санаи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ин рамзи муқаддаси давлатиро нахустин шуда Пешвои муаззами миллат бо эҳтирому самимият ва эҳсоси баланди садоқат ба Ватан бӯсида буданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷашни имсолаи Парчами давлатии кишвар дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки сокинони мамлакат, аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ дар руҳияи баланди идона аз таҷлили ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон қарор доранд.

Раиси Кумитаи давлатӣ ҳамчунин зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24 ноябри соли 2021 таъкид намуда буданд, ки: «дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд».

Воқеан, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, аз ҷумла дар қатори корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, ҳамчунин бо саҳмгузории кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон биноҳои нави маъмурӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ш.Шоҳин дар муҳлати кутоҳтарин бунёдгардида, бо иштироки Пешвои муаззами миллат дар сатҳи баланд мавриди истифода қарор гирифт.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ барои ҳиссагузорӣ дар бунёди ин биноҳои маъмурӣ ба роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён намуд.

Номбурда дар фарҷоми сухан изҳори умед намуд, ки кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат кӯшиш бар харҷ дода, барои таҷлили сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саривақт бунёд намудани биноҳои маъмурии банақшагирифташуда аҳлона меҳнат хоҳем намуд.

Баъдан, муовини раиси суди вилояти Хатлон Назрӣ Муҳаммадвалӣ доир ба нақш ва мақоми Парчами давлатӣ дар ҷомеа, суханронӣ ва иштирокчиёни ҷамъомадро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ кормандон барои саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаю самараноки замин, ҳиссагузорӣ дар бунёди бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Ш.Шоҳин, инчунин ба муносибати 30-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ сарфароз гардонида шуданд.

316230097 509780557860917 5455981351392836530 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/