No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола санаи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки сардори шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумтаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода ва шоираи хушкалом Шаҳрия Аҳматзод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, инчунин раисони кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи онлайн дар ҷамъомади мазкур ширкат варзиданд.

Ҷамъомади тантанавиро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ва дар вазъияти тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад, воқеан яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки таҷлили ин санаи таърихӣ ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.

Дар ҷараёни сухани табрикотӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба таърихи пайдоиши забони тоҷикӣ, нақш ва мақоми он дар раванди давлатсозии миллӣ, саҳми шоирону нависандагон ва донишмандони забардаст, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Бедил, Аҳмади Дониш ва садҳо дигарон дар рушди забони тоҷикӣ ва гиромидошти онро ба таври мухтасар баён намуд.

Раиси Кумитаи давлатӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикис-тон ба номи Сотим Улуғзода санаи 27 сентябри соли 2022 таъкид доштанд, ки “забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллат-созиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст”.

Бинобар ин пос доштани забони давлатӣ вазифаи асосии ҳар як фард аст ва ҳар сокини Тоҷикистон бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Баъдан, сардори шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумтаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода доир ба саҳми арбобони давлатӣ, аз ҷумлаи Пешвои муаззами миллат дар рушду нумуъи забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки айни ҳол мардуми 29 давлатӣ дунё бо забони миллии мо суҳбат мекунанд, ки боиси ифтихору сарфарозист.

Шоираи хушкалом Шаҳрия Аҳматзод аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат намуда, кулли иштирокчиёни ҷаласаро бо Рӯзи забони давлатӣ шодбош намуд.

Дар охири ҷамъомад Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро бо таҷлили Рӯзи забони давлатӣ таҳният намуда, таъкид дошт, ки кормандони Кумитаи давлатӣ дар соли ҷашни бузурги таърихии 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, дарки масъулияти ватандорӣ ва расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта нерӯ хоҳад бахшид.

310447912 469392435233063 6820912600339874155 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/