No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ВА ИСТИФОДАИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли ҷорӣ вобаста амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ѓалладона, ба роҳ мондани кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, деҳқонони ноҳия барои самараноку оқилона истифода намудани замин аҳлона меҳнат мекунанд.

Раиси Кумитаи давлатиии идораи замин ва геодезӣ – роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни боздиди навбатӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ, истифодаи қитъаҳои замин ва кишти такрорӣ бо деҳқонон ва масъулини соҳаҳои дахлдор суҳбату мулоқотҳо анҷом дод.

Ҳангоми мулоқоту суҳбатҳо бо роҳбарони саҳмдорони хоҷагиҳои кишоварзӣ таъкид гардид, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни боздид ҳамчунин таъкид дошт, ки бояд аз ҷониби аҳолӣ дар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ ҳарчӣ бештар вусъат дода шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои президентӣ 2488 гектар, аз он обӣ 549 гектар ва заминҳои наздиҳавлигӣ 8344 гектар, аз он обӣ 3380 гектарро ташкил дода, сокинони ноҳия онро самаранок истифода мебаранд.

Дар ҷараёни боздид ҳамзамон масъулин вазифадор гардиданд, ки тибқи супориши Пешвои миллат дар доираи корҳои омодагӣ ҷиҳати зимистонгузаронӣ барои захира намудани хӯроки чорво аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳосили мавҷудаи зироатҳои кишоварзиро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳангоми боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ маълум гардид, ки кишоварзони ноҳия самаранок меҳнат намуда, ҳосили ҷамъовардаро бевосита дар саргаҳи қитъаҳои замини кишоварзӣ, ки ба роҳи мошингузар наздик аст, ба фуруш бароварда, ба харидорон маҳсулоти тарутоза манзур менамоянд.

Зимни суҳбат бо онҳо низ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба захира намудани маҳсулоти хурокворӣ барои ду соли минбаъда шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ҳамчунин раисони ҷамоатҳо ва масъулини соҳаҳои дахлдор барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани фаъолнокии аҳолӣ ва аз ҳоло омодагӣ дидан ба таҷлили ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда корбариро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Фаъолияти гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.

290915152 919744266088608 7867363356767602617 n

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/