ГУСЕЛИ ТАНТАНАВИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ БА НАФАҚА
- Published Date
- Written by Administrator
- Hits: 441
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо иштироки сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ сармутахассиси фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ Самид Фатоевро, ки ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан расидааст, дар маҷлиси тантанавӣ ба нафақа гусел намуданд.
Зимни сухани табрикӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ қайд намуд, ки Фатоев Самид Ҳамидович аз кадрҳои соҳибтаҷрибаи Кумитаи давлатӣ маҳсуб ёфта, аз соли 2010 дар вазифаҳои мухталифи бахши арзёбии замин ва пардохтҳо, таҳияи сиёсати ягонаи замин, фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ пурсамар кор намудааст.
Таъкид гардид, ки Кумитаи давлатӣ минбаъд низ аз таҷрибаи чунин кадрҳои соҳибтаҷрибаи соҳаи заминсозӣ дар тарбияи мутахассисони соҳа истифода хоҳад намуд.
Ёдрас мешавем, ки соли ҷорӣ сеюмин хизматчии давлатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аст, ки ба синни ниҳои дар хизмати давлатӣ будан расида, дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда мешаванд.