No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ШИНОСОИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

277463115 845899850139717 4878422386220968452 nМуовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, омодагии кишоварзон ба мавсими баҳории кишти зироатҳо, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияҳои Данғара ва Восеъ боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳа бо масъулин ва кишоварзон суҳбату мулоқотҳо доир гардида, зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Аз ин лиҳоз, ки кишоварзонро зарур аст, ки ҳар қитъа заминро самараноку оқилона истифода намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тибқи дурнамои муайянгардида кишт намудани зироатҳо малакаву маҳорати худро истифода намоянд.

Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои саривақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, вусъат бахшидани тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда додани озуқа барои зироатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти деҳқонон дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки кишоварзон бояд бештар барои кишти маҳсулоти содиротшаванда, махсусан пахта таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои парвариши босифати он бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкорӣ намоянд.

Дар ин зимн роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам бештар намудани ҳамкории институтҳои тадқиқотӣ, махсусан мутахассисони соҳаи растанипарварӣ бо деҳқонон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/