No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ НАВСОЗИИ БИНОИ МАЪМУРӢ ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

изображение viber 2021-04-20 13-48-50Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин ноҳия бунёд гардида, дар назар дошта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад.

Бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва директори корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Умариён Раҳмон Фақерзода шинос шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин бинои маъмурӣ собиқ бинои филиали бонки «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Тоҷикобод буда, аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатӣ харидорӣ шуда, айни ҳол таъмиру навсозии он идома дорад.

Бино аз як ошёна иборат буда, ҳамчунин дорои мансард мебошад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар дохили бинои мазкур 11 утоқи корӣ ва бойгонӣ ҷой дода шуда, барои фаъолияти пурсамари кормандон дар ин минтақаи кишвар шароит фароҳам оварда шавад.

Зимни шиносоӣ бо корҳори сохтмонӣ Раиси Кумитаи давлатӣ ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурии корӣ муҷаҳҳаз намудани бино дастур дода, таъкид намуд, ки роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ҳамеша барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони кумитаҳои идораи замин дар маҳал кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар навбати худ кормандонро зарур аст, ки бо дасту дили пок уҳдадориҳои мансабиашонро сарбаландона иҷро намуда, ҷиҳати пешгирии ҳамагуна қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/