No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРРАСИИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА ДАР ТОҶИКИСТОН

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири иҷроияи Дафтари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон ҷаноби Кит Симмонс мулоқот ва рушди минбаъдаҳои ҳамкориро дар соҳаи заминсозӣ муҳокима намуданд.

Нахуст Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаноби Кит Симмонс ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Кумитаи давлатӣ хайрамақдам намуда, таъкид дошт, ки роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз ташрифи меҳмонон хушнуд буда, ба натиҷаҳои мулоқоти имрӯза, ки барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд, аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Зикр гардид, ки бо дастгирии лоиҳаи рушди байналмилалии Агентии Иёлоти Америка (ЮСАИД) Кумитаи давлатӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар амалӣ намудани самтҳои ислоҳоти замин корҳои муайянро ба сомон расонида, ҳамкорӣ бо ин созмон идома дорад.

Дар навбати худ ҷаноби Кит Симмонс барои қабули самимӣ ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Дафтари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон низ ҷонибдорӣ тавсеаи ҳамкориҳои барои ҳардуҷониб судманд аст.

Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯ намуда, минбаъд низ татбиқи лоиҳаҳои мухталифро дар кишвар амалӣ хоҳад намуд.

159475295 517221169674255 1752793020012500656 o

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/