МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
- Ҷумъа, Феврал, 26 2021
- Written by Administrator
- Hits: 555
Дар толори калони маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва сарнозири ҳамин Раёсат Умарзода Пайравҷон Орифҷон мулоқот баргузор гардид, ки дар он сардорону кормандони сарраёсат, раёсат, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи марказӣ, инчунин роҳбарону кормандони корхонаҳои зертобеъи Кумитаи давлатӣ ширкат доштанд.
Мулоқотро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ Каримзода Азизмамад Душанбе ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии имрӯза шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва корҳои фаҳмондадиҳи доир ба пешгирии содиркунии амалҳои коррупсионӣ мебошад.
Сипас, сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Дилшод Неъматзода вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, амалӣ намудани табдирҳои зарурӣ ҷиҳати ба талабот мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва назорати қатъии фаъолияти ҳар корманд суханронӣ намуд.
Баъдан сарнозири Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ Умарзода Пайравҷон Орифҷон нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 26 январи соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, шарҳу тавзеҳ дод.
Дар мулоқот ҳамчунин иштирокдорон ба масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода, ба онҳо ҷавоб гирифтанд.