No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ КОРХОНАҲОИ ЗЕРТОБЕЪИ «ФАЗО» ВА «ТОҶИКЗАМИНСОЗ»

124348395 428740925188947 6176772952367188868 oРаиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо кормандони Институти лоиҳакашию таҳқиқотии «Фазо», Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз», инчунин кормандони кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода, вобаста ба иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии қонунвайрокуниҳо, назорати истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин ва дигар масъалаҳои мубрам мулоқот намуд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз вохӯрии имрӯза ҳамчунин баррасии пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо оид ба мақсаднок ва оқилона истифода бурдани замин мебошад.

Раиси Кумитаи давлатӣ зикр намуд, ки ҳарчанд аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд, то ҳол камбудиҳо дар самти баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо ба назар мерасанд.

Зикр гардид, ки ҳар як корманди корхонаи зертобеъ огоҳ бояд бошад, ки ба кору рафтори онҳо роҳбарон низ масъулият доранд ва кормандоне, ки бо дасту дили пок кор намекунанд, бо мақсадҳои ғаразнок ба кор машғул мешаванд, аз кор озод карда шаванд.

Дар ин замина ба директорони институтҳо дастур дода шуд, бори дигар фаъолияти кормандонро мунтазам таҳлил намуда, фаъолияти ҳар як мутахассисро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Дар мулоқот ҳамчунин прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунгузори замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи II Азимзода Абдуфаттоҳ иштирок ва вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин тавсияҳо дод.

Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки аз мулоқот имрӯза ва таҳлилу баррасии масъалаҳои вобаста ба фаъолияти корӣ дахлдошта ҳар яки кормандони корхонаҳои зертобеъ хулосаи зарурӣ бароварда, барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо дасту дили пок рафтор хоҳанд намуд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/