No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҚАДРШИНОСИИ FОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ БОЗИИ ШОҲМОТ

119457480 378767566852950 1722819267465870857 oДар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ маросими қадршиносии ғолибони давраи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявии бозии шоҳмот баргузор шуда, дар он як гуруҳ кормандони Кумитаи давлатӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои қадрдонӣ шуданд.

Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни тақдими туҳфаҳо изҳор дошт, ки ду сол инҷониб мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» низ яке чорабиниҳои муҳими варзишӣ аст, ки барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни кишвар ба варзиш мусоидат мекунад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони давраи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявии бозии шоҳмот дар байни кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойи аввал ба Маҳмадшоҳи Алӣ – муовини аввали директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ, барои сазовор гаштан ба ҷойи дуюм ба Ҳомидов Саймумин – сармутахассиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, барои соҳиб шудан ба ҷойи сеюм ба Умаров Тошпӯлод – сармутахассиси Сарраёсати назорати давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин барои иштироки фаъолона ба муовини директори корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Шарифзода Сафол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар охири чорабинӣ изҳори умед карда шуд, ки кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбъад низ дар дигар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол хоҳанд намуд

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/