No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

IMG-6900fd63c70467469914c3152b8fc698-VБо ташаббуси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бинои наву зебои кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар ин ноҳия қомат хоҳад афрохт, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оғоз гардид.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои мазкур таъкид карда шуд, ки барои бунёди ин иншоот аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 0,14 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуда, масоҳати зери сохтмони бино 150 кв2-ро ташкил медиҳад.

Бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар ин ноҳия аз ду ошёна иборат буда, дар он утоқҳои корӣ ва бойгонӣ ҷойгир карда хоҳанд шуд.

Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои зертобеъ бунёд гардида, ҳадаф аз сохтмони бинои мазкур фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон мебошад.

Зимни оғози корҳои сохтмонӣ Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба сохтмончиён оид ба сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани бунёди иншоот тавсияҳо дод.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ то имрӯз ҷиҳати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Ваҳдат, Мӯъминобод, Деваштич ва Ҷ.Расулов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо соли ҷорӣ бошад ба истифода додани бинои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода ва А.Ҷомӣ дар назар дошта шудааст.

IMG-79da9c52619b9c4d5fd3da86d546d4f5-V

IMG-c44712c537383ca04d4f48056e38f067-V

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/